ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амалисозии Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои амалӣ намудани барномаи мазкур чораҳои дахлдор андешида, оид ба иҷрои он ҳар сол то 1 декабр ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои барномаи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 январ маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 октябри соли 2020, № 569
ш. Душанбе
Правительства Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Государственной программе развития фармацевтической промышленности в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы
В соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Государственную программу развития фармацевтической промышленности в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы и План реализации Государственной программы развития фармацевтической промышленности в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы (приложения 1 и 2).
2. Министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов принять необходимые меры для привлечения внутренних и иностранных инвестиций для реализации настоящей программы и о ходе её выполнения ежегодно до 1 декабря предоставлять информацию Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан.
3. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан ежегодно до 1 января предоставлять информацию о ходе выполнения настоящей программы Правительству Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 28 октября 2020 года, №569