Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2020, № 620 "Дар бораи Низомномаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таҳсили рӯзона"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Низомномаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таҳсили рӯзона

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таҳсили рӯзона тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Маблағгузории стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таҳсили рӯзона дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда амалӣ карда шавад.

3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои аспирантҳои таҳсили рӯзона тибқи низомномаи мазкур ба роҳ монанд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1996, № 231 "Дар бораи тасдиқ кардани Низомномаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аспирантҳои таҳсили рӯзона" аз эътибор соқит дониста шавад.

5. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2021 мавриди амал қарор дода шавад

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 ноябри соли 2020, № 620

 ш. Душанбе