ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 95 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад. Маблағгузории 87 воҳиди корӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 8 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси вазорат анҷом дода шавад.";
- дар банди 3 рақам ва калимаи "7 адад" ба рақам ва калимаи "5 адад" иваз гардида, калимаҳои ", аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 5 адад" хориҷ карда шавад.
2. Ба замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
- ба банди 7 сархатҳои сеюм-ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар доираи ваколатҳои худ;
- ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак;
- таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани барномаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бо тартиби муқарраргардида;
- пешниҳод намудани ҳисоботи солона ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак;
- гузаронидани мониторинги меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоии нишондиҳандаҳои ҳаёти кӯдакон;
- пешниҳод намудани иттилоот оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба воситаҳои ахбори омма, ҷомеа ва мақомоте, ки ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак машғуланд;
- ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак;
- ташкил ва пешбурди махзани ягонаи давлатии маълумот оид ба кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар доираи ваколатҳои худ амалӣ намудани назорати таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор;";
- сархатҳои шашум, чордаҳум ва понздаҳуми зербанди а) банди 7 хориҷ карда шаванд;
- сархати ҳаждаҳуми зербанди а) банди 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- таъсиси вазифаи ходимони илмӣ;";
- дар сархати сенздаҳуми банди 8 аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шуда, сархатҳои чордаҳум-шонздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- тасдиқ намудани тартиби таъсис ва барҳам додани ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва назорати иҷрои онҳо;
- тасдиқ намудани тартиби хориҷ, барқарор ва гузариши хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва назорати иҷрои он;
- таъмини сифати таҳсилот ва риояи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ;";
- сархати ҳабдаҳуми банди 8 хориҷ карда шавад;
- аз сархати ҳаштуми банди 11 калимаҳои "роҳбари Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф," хориҷ карда шаванд.
3. Ба замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
- аз сархати сеюм калимаҳои "томактабӣ ва" хориҷ карда шаванд;
- аз сархати чордаҳум калимаҳои "ва котибот" хориҷ карда шаванд;
- сархатҳои понздаҳум-ҳабдаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Шуъбаи сифати таҳсилот
Шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро
Бахши таҳсилоти томактабӣ".
4. Сархати дуюми замимаи 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 26 ноябри соли 2020, № 629
ш. Душанбе