Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2020, № 623 "Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъсис дода шавад.

2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро ҳал намояд.

3. Шумораи ниҳоии кормандони муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо теъдоди 49 воҳиди корӣ бо дар назар доштани ҳайати хизматрасони техникӣ, аз ҷумла 15 воҳид аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои кории Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муқаррар карда шавад.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро дар соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои захираи буҷети ҷумҳуриявӣ барои гузаронидани чорабиниҳои аҳамияти умумиҷумҳуриявидошта таъмин намуда, дар солҳои минбаъда бо тартиби муқарраргардида барои ин мақсад маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.

5. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо бино чораҷӯӣ намояд,

6. Ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 589 "Дар бораи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ Раҳмон

аз 26 ноябри соли 2020, № 623

 ш. Душанбе