Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2020, № 502

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 сентябри соли 2020, №502

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 сентябри соли 2020, №502

Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Шӯро) мақоми машваратии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги раванди амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба ҳунармандӣ таъсис дода шудааст.

2. Ҳайати Шӯро аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳое, ки дар батанзимдарорӣ ва рушди соҳаи ҳунармандӣ иштирок мекунанд, инчунин ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо ба соҳаи ҳунармандӣ равона шудааст, ташкил карда мешавад.

3. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳунармандӣ", санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома)-ро ба роҳбарӣ мегирад.

2. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ШӯРО

4. Вазифаҳои асосии Шӯро аз инҳо иборат аст:

- таъмини ҳамкории байниидоравии вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдор оид ба масъалаҳои рушди соҳаи ҳунармандӣ;

- таҳияи пешниҳодҳои мувофиқашуда бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба масъалаҳои рушди соҳаи ҳунармандӣ;

- таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳунармандӣ ва ба вазорату идораҳо манзур намудани пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт;

...

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 26 сентября 2020 года, №502

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 26 сентября 2020 года, №502

Положение о Координационном совете по ремесленничеству при Правительстве Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Координационный совет по ремесленничеству при Правительстве Республики Таджикистан (далее - Совет) является органом, координирующим деятельность министерств и ведомств, исполнительных органов государственной власти и других организаций по реализации государственной политики в области ремесленничества.

2. В состав Совета входят представители министерств и ведомств, занимающихся регулированием и развитием ремесленного сектора, а также организаций, занимающихся ремесленным сектором.

3. В своей деятельности Совет руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан "О ремесленничестве", другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, а также Положением о Координационном совете по ремесленничеству при Правительстве Республики Таджикистан (далее-Положение).

2. ОСНОВНЫЕ ЗАДАЧИ СОВЕТА

4. Основными задачами Совета являются:

- координация деятельности министерств и ведомств, исполнительных органов государственной власти и соответствующих организаций по развитию отрасли ремесленничества в Республике Таджикистан;

- разработка соответствующих согласованных предложений по развитию ремесленничеству;

- анализ нормативных правовых актов сферы ремесленничества и внесение предложений министерствам и ведомствам по совершенствованию нормативных правовых актов в этом направлении;

...