×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019 № 1619 "Дар бораи ҳунармандӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҲУНАРМАНДӢ

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 майи соли 2019, № 1328

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 июни соли 2019, № 673

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, вазифаҳо ва принсипҳои асосии дастгирии давлатии соҳаи ҳунармандиро муқаррар менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- ҳунармандӣ - истеҳсолоти дастӣ, ки ҳунарманд дар хона ё корхонаи хурд барои тайёркунӣ, коркард ва истеҳсоли молу маҳсулоти истифодаи маишӣ ва армуғон амалӣ менамояд;

- ҳунарманд - шахси воқеии соҳиби малака, маҳорат, дониш ва ё тахассуси касбӣ, ки ба ҳунармандӣ машғул мебошад;

- шогирд-омӯзишгиранда - шахси воқеие, ки дар назди ҳунарманд ва ё дар муассисаи таълимӣ касби ҳунармандиро меомӯзад;

- феҳристи ҳунармандӣ - маҷмӯи иттилоот, ки дорои маълумот дар бораи субъектҳои ҳунармандӣ мебошад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳунармандӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳунармандӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Вазифаҳои асосии Қонуни мазкур

Вазифаҳои асосии Қонуни мазкур инҳоянд:

- эҳё, ҳифз, рушд ва тарғиби анъанаҳои таърихӣ ва бостонии санъати ҳунармандӣ, тамаддун ва мероси миллии ҳунармандӣ;

- фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди ҳунармандӣ;

- рушди имкониятҳои истеҳсолии ҳунармандӣ;

- тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи ҳунармандӣ;

- дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон оид ба рушди соҳаи ҳунармандӣ;

- мусоидат барои ташкили ҷойҳои кории нав дар соҳаи ҳунармандӣ.

Моддаи 4. Принсипҳои асосии соҳаи ҳунармандӣ

Принсипҳои асосии соҳаи ҳунармандӣ инҳоянд:

- қонуният;

- шаффофият;

- баробарҳуқуқии субъектҳои ҳунармандӣ;

- кафолати ҳимояи ҳуқуқи ҳунармандон;

- афзалияти рушди ҳунармандӣ;

- таъмини кафолатҳои давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ;

- тарғиботи васеи ҳунармандӣ ба сифати муаррификунанда ва посдорандаи фарҳанг, анъана, таърих ва тамаддуни миллӣ.

Моддаи 5. Самтҳои ҳунармандӣ

Самтҳои ҳунармандӣ инҳоянд:

- кандакорӣ ва дуредгарӣ дар (бо) чӯб;

- коркарди метал, коғаз;

- дӯзандагӣ;

- коркарди матоъ, пӯст ва пашм;

- пазандагӣ;

- наққошӣ, рассомӣ;

- ҳайкалтарошӣ (пайкарасозӣ), сангтарошӣ;

- кулолгарӣ;

- шишакорӣ, гаҷкорӣ;

- заргарӣ;

- бофандагӣ, ресандагӣ;

- эҳёгарӣ (реставратсия);

- дигар самтҳои ҳунармандӣ.

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ СОҲАИ ҲУНАРМАНДӢ

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳунармандӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳунармандӣ дохил мешаванд:

- таъмини пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ;

- муайян намудани имтиёзҳо барои соҳаи ҳунармандӣ;

- тасдиқи низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ;

- тасдиқи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди ҳунармандӣ;

- таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи ҳунармандӣ;

- тасдиқи тартиби пешбурди феҳристи ҳунармандӣ;

- тасдиқи номгӯи касбҳои ҳунармандӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ дохил мешаванд:

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ;

- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти субъектҳои ҳунармандӣ;

- ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва шарикӣ бо субъектҳои дахлдори дохилӣ ва хориҷӣ дар соҳаи ҳунармандӣ;

- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди ҳунармандӣ;

- пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис-тон оид ба таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи ҳунармандӣ;

- гузаронидани конференсияҳо, намоишҳо - ярмаркаҳо ва озмунҳо вобаста ба ҳунармандӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Моддаи 8. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ

1. Бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги раванди амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба ҳунармандӣ Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

2. Ҳайат ва низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

БОБИ 3. СУБЪЕКТИ ҲУНАРМАНДӢ

Моддаи 9. Субъекти ҳунармандӣ

Субъекти ҳунармандӣ шахси воқеие мебошад, ки дар як ва ё якчанд самтҳои ҳунармандӣ фаъолият менамояд.

Моддаи 10. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои ҳунармандӣ

1. Субъектҳои ҳунармандӣ ҳуқуқ доранд:

- молу маҳсулоти ҳунармандӣ истеҳсол намоянд, онҳоро ихтиёрдорӣ кунанд;

- мустақилона дар раванди истеҳсоли молу маҳсулоти ҳунармандӣ ва иҷрои корҳои дигари дахлдор шогирд-омӯзишгирандагонро ҷалб намоянд;

- касбу ҳунари худро ба шогирд-омӯзишгиранда ба таври инфиродӣ ё гурӯҳӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзонанд;

- арзиши молу маҳсулоти тайёршуда, истеҳсолшуда ё эҷодшударо мустақилона муайян намоянд;

- аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд;

- дар чорабиниҳои сатҳи гуногун оид ба масъалаҳои ҳунармандӣ иштирок намоянд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳо ташкил намоянд;

- ҷиҳати рушди соҳаи ҳунармандӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ пешниҳод манзур намоянд.

2. Субъектҳои ҳунармандӣ уҳдадоранд:

- сифатнокии молу маҳсулотро дар доираи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд;

- раванди фаъолияти шогирд-омӯзишгирандаро назорат намоянд;

- дигар уҳдадориҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намоянд.

БОБИ 4. ОМӯЗИШИ КАСБҲОИ ҲУНАРМАНДӢ

Моддаи 11. Омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ

1. Бо мақсади ҳифз ва рушди ҳунармандӣ омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ ба роҳ монда мешавад.

2. Омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз синну сол, вақту замон, машғулияти асосии шогирд-омӯзишгиранда ба таври мунтазам ва ё муваққатӣ ба роҳ монда мешавад.

3. Омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ метавонад дар шаклҳои зерин амалӣ карда шавад:

- бо тартиби инфиродӣ ва гурӯҳӣ;

- бо тариқи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии самти ҳунармандӣ;

- таҳсилоти иловагӣ, баъдидипломӣ ва калонсолон;

- такмили дониш ва дараҷаи тахассус.

БОБИ 5. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲАИ ҲУНАРМАНДӢ

Моддаи 12. Дастгирии давлатии соҳаи ҳунармандӣ

1. Ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида мешавад. Дастгирии соҳаи мазкур бо роҳи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташкил, мусоидат ва баргузор намудани чорабиниҳои миллию байналмилалии соҳаи ҳунармандӣ ва андешидани дигар тадбирҳо амалӣ карда мешавад.

2. Дастгирии давлатии соҳаи ҳунармандӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

3. Мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои субъектҳои ҳунармандиро тавассути фароҳам овардани шароити мусоиди истеҳсолӣ, ташкили намоишгоҳҳои фурӯши молу маҳсулоти истеҳсолшуда, таъмин намудан бо ашёи хом ва амалӣ намудани дигар тадбирҳо дастгирӣ менамоянд.

БОБИ 6.ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ҲУНАРМАНДӢ

Моддаи 13. Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳунармандӣ

Мақомоти давлатӣ бо мақсади муаррифии маҳсулоти ҳунармандӣ ва васеъ намудани доираи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳунармандӣ мусоидат намуда, иштироки бевоситаи ҳунармандон ва иттиҳодияҳои ҳунармандонро ҷиҳати мубодилаҳои фарҳангӣ бо сохторҳо ва созмонҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ танзим ва ҳавасманд мегардонанд.

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 15. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

 

ш. Душанбе, 20 июни соли 2019, № 1619

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О РЕМЕСЛЕННИЧЕСТВЕ

Принят Постановлением МН МОРТ

от 14 мая 2019 года, №1328

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 12 июня 2019 года, №673

Настоящий Закон устанавливает организационные, правовые, экономические, социальные основы, задачи и основные принципы государственной поддержки ремесленничества.

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- ремесленничество - ручное производство, осуществляемое ремесленником дома или на малом предприятии, для изготовления, обработки и производства товаров, продукции бытового назначения и сувениров;

- ремесленник - физическое лицо, обладающее навыками, мастерством, знанием и (или) профессиональной специализацией, занятое ремесленничеством;

- ученик-практикант - физическое лицо, обучающееся ремесленной профессии у ремесленника или в образовательном учреждении;

- реестр ремесленничества - совокупность информации, содержащих сведения о субъектах ремесленничества.

Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан о ремесленничестве

Законодательство Республики Таджикистан о ремесленничестве основывается на Конституции Республики" Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.

Статья 3. Основные задачи настоящего Закона

Основными задачами настоящего Закона являются:

- возрождение, охрана, развитие и пропаганда исторических и древних традиций искусства ремесленничества, национальной культуры и наследия;

- создание благоприятных условий для развития ремесленничества;

- развитие производственных возможностей ремесленничества;

- подготовка специалистов в сфере ремесленничества;

- поддержка и стимулирование ремесленников в сфере развития ремесленничества;

- содействие организации новых рабочих мест в сфере ремесленничества.

Статья 4. Основные принципы сферы ремесленничества

Основными принципами сферы ремесленничества являются:

- законность;

- прозрачность;

- равноправие субъектов ремесленничества;

- гарантия защиты прав ремесленников;

- приоритетность развития ремесленничества;

- обеспечение государственных гарантий в сфере ремесленничества;

- широкая пропаганда ремесленничества в качестве сферы, представляющей национальную культуру, традиции и историю.

Статья 5. Направления ремесленничества

Направления ремесленничества:

- резьба и плотничество;

- обработка металлов, бумаги;

- швейное дело;

- обработка ткани, кожи и шерсти;

- кулинария;

- живопись, рисование;

- скульптура (ваяние), обтесывание камней;

- гончарство;

- стекольное производство, лепка;

- ювелирное дело;

- ткачество, прядение;

- реставрация;

- другие направления ремесленничества.

ГЛАВА 2. ГОСУДАРСТВЕННОЕ РЕГУЛИРОВАНИЕ В СФЕРЕ РЕМЕСЛЕННИЧЕСТВА

Статья 6. Компетенция Правительства Республики Таджикистан в сфере ремесленничества

В компетенцию Правительства Республики Таджикистан в сфере ремесленничества входят:

- ведение государственной политики в сфере ремесленничества;

- определение уполномоченного государственного органа в сфере ремесленничества;

- определение льгот для сферы ремесленничества;

- утверждение положения Координационного совета по ремесленничеству;

- утверждение государственных программ по развитию ремесленничества;

- учреждение премий в сфере ремесленничества;

- утверждение порядка ведения реестра ремесленничества;

- утверждение перечня ремесленных профессий;

- осуществление иных компетенций, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.

Статья 7. Полномочия уполномоченного государственного органа в сфере ремесленничества

В полномочия уполномоченного государственного органа в сфере ремесленничества входят:

- реализация государственной политики в сфере ремесленничества;

- координация деятельности субъектов ремесленничества;

- налаживание сотрудничества и партнерства с соответствующими внутренними и внешними субъектами в сфере ремесленничества;

- разработка и представление Правительству Республики Таджикистан проектов государственных программ по развитию ремесленничества;

- представление предложений Правительству Республики Таджикистан по учреждению премий в сфере ремесленничества;

- проведение конференций, выставок-ярмарок и конкурсов, связанных с ремесленничеством;

- осуществление иных полномочий, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.

Статья 8. Координационный совет по ремесленничеству

1. В целях координации и мониторинга процесса реализации государственной политики по ремесленничеству создается Координационный совет по ремесленничеству при Правительстве Республики Таджикистан;

2. Состав и положение Координационного совета по ремесленничеству утверждаются Правительством Республики Таджикистан.

ГЛАВА 3. СУБЪЕКТ РЕМЕСЛЕННИЧЕСТВА

Статья 9. Субъект ремесленничества

Субъектом ремесленничества является физическое лицо, осуществляющее одно или несколько направлений ремесленничества.

Статья 10. Права и обязанности субъектов ремесленничества

1. Субъекты ремесленничества вправе:

- производить ремесленную продукцию и распоряжаться этой продукцией;

- самостоятельно привлекать ученика - практиканта к процессу производства ремесленной продукции и выполнению других соответствующих работ;

- индивидуально или в групповой форме в рамках требований, определенных законодательством Республики Таджикистан, обучать ученика-практиканта;

- определять стоимость, приготовленной, произведенной или самостоятельно созданной им продукции;

- пользоваться льготами, предусмотренными законодательством Республики Таджикистан;

- участвовать в мероприятиях различного уровня по вопросам ремесленничества;

- в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан, создавать объединения;

- представлять предложения по развитию сферы ремесленничества уполномоченному государственному органу в сфере ремесленничества.

2. Субъекты ремесленничества обязаны;

- обеспечить качество производства товаров и продукции в рамках требований, установленных законодательством Республики Таджикистан;

- контролировать процесс осуществления деятельности ученика практиканта;

- выполнять иные обязанности, предусмотренные законодательством Республики Таджикистан.

ГЛАВА 4. ОБУЧЕНИЕ РЕМЕСЛЕННЫМ ПРОФЕССИЯМ

Статья 11. Обучение ремесленным профессиям

1. В целях защиты и развития ремесленничества проводится обучение ремесленным профессиям.

2. Обучение ремесленным профессиям, независимо от возраста, времени, основной занятости ученика-практиканта, осуществляется на постоянной и временной основе в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

3. Обучение ремесленным профессиям может осуществляться в следующих формах:

- в индивидуальном и групповом порядке;

- путем среднего общего, начального, среднего и высшего профессионального образования ремесленной направленности;

- дополнительного, последипломного образования и обучения взрослых;

- совершенствования знаний и уровня квалификации.

ГЛАВА 5. ГОСУДАРСТЕННАЯ ПОДЕРЖКА РЕМЕСЛЕННИЧЕСТВА

Статья 12. Государственная поддержка ремесленничества

1. Ремесленничество в Республике Таджикистан считается одной из приоритетных отраслей. Поддержка данной отрасли осуществляется путем принятия нормативных правовых актов, организации, содействия и проведения национальных и международных мероприятии сферы ремесленничества и принятия других мер.

2. Государственная поддержка ремесленничества осуществляется в соответствии с порядком, установленным законодательством Республики Таджикистан.

3. Центральные и местные органы государственной власти в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан, поддерживают инициативы субъектов ремесленничества путем создания благоприятных производственных условий, организации выставок продажи товаров и производимой продукции, обеспечения сырьём и осуществления других мер по их поддержке.

ГЛАВА 6. МЕЖДУНАРОДНОЕ СОТРУНИЧЕСТВО В ОБЛАСТИ РЕМЕСЛЕННИЧЕСТВА

Статья 13. Международное сотрудничество в области ремесленничества

Государственные органы с целью представления ремесленных изделий и расширения круга международных отношений в области ремесленничества, регулируют и стимулируют непосредственное участие ремесленников и ремесленных объединений в культурном обмене со структурами и соответствующими организациями зарубежных стран.

ГЛАВА 7. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 14. Ответственность за несоблюдение требований настоящего Закона

Физические и юридические лица за несоблюдение требований настоящего Закона привлекаются к ответственности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

Статья 15. Порядок введения в действие настоящего Закона

Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 20 июня 2019 года, №1619