Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2020, № 460 "Дар бораи шароит, тартиб ва андозаи пардохти иловапулӣ барои корҳои дорои хусусияти сайёр ва усули вахтавӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи шароит, тартиб ва андозаи пардохти иловапулӣ барои корҳои дорои хусусияти сайёр ва усули вахтавӣ

Мутобиқи моддаҳои 178 ва 246 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шароит, тартиб ва андозаи пардохти иловапулӣ барои корҳои дорои хусусияти сайёр ва усули вахтавӣ тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳои дахлдор, новобаста аз шакли моликият оид ба иҷрои талаботи қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон

 

 

аз 27 августи соли 2020 № 460

ш. Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об условиях, порядке и размере выплаты надбавок за работу разъездного характера и вахтовым методом

В соответствии со статьями 178 и 246 Трудового кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить условия, порядок и размер выплаты надбавок за работу разъездного характера и вахтовым методом (прилагается).

2. Министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республики, соответствующим предприятиям, учреждениям и другим соответствующим организациям, независимо от форм собственности, принять необходимые меры по выполнению требований настоящего постановления.

Председатель 

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 27 августа 2020 года, №460