Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 августи соли 2020, №460
тасдиқ шудааст
Шароит, тартиб ва андозаи пардохти иловапулӣ барои корҳои дорои хусусияти сайёр ва усули вахтавӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Шароит, тартиб ва андозаи пардохти иловапулӣ барои корҳои дорои хусусияти сайёр ва усули вахтавӣ шартҳо ва тартиби пардохти иловапулӣ ва андозаи онро барои кормандоне, ки бо корҳои дорои хусусияти сайёр ва усули вахтавӣ машғул мебошанд, муайян мекунанд.
2. Корҳои дорои хусусияти сайёр ва усули вахтавӣ - шакли махсуси пеш бурдани раванди меҳнат буда, берун аз ҷойи истиқомати доимии кормандон иҷро карда мешавад (ҷойи кор аз ҷойи истиқомати доимӣ бояд на кам аз 30 километр дуртар ҷойгир бошад) ва онҳо баъд аз кор барои баргаштан ба ҷойи доимии истиқоматиашон имконият надоранд.
3. Корҳои вахтавӣ тибқи ҷадвали махсуси меҳнатӣ, чун қоида бо баҳисобгирии маҷмӯии вақти корӣ ташкил карда шуда, истироҳати байнивахтавӣ бошад, дар макони зисти доимӣ пешниҳод мегардад.
4. Ҷойивазкунии кормандон бо сабаби тағйир ёфтани қитъаи (иншооти) корӣ гузариш ба кори дигар ҳисобида намешавад ва бо розигии корманд амалӣ карда мешавад.
5. Ҳайати бастии вахтавӣ дар давраи дар қитъаи (иншооти) шаҳракҳои вахтавӣ будан, бояд дар шаҳракҳои ташкилнамудаи саҳроии махсус муҷаҳҳазгардонидашудаи ба иморатҳои зист монанд зиндагӣ намоянд.
6. Усули вахтавӣ ҳангоми дур будани қитъа (иншоот) - ҳои истеҳсолӣ аз макони ҷойгиршавии ташкилот, аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатнок набудани иҷрои корҳо бо усули маъмул, инчунин бо мақсади коҳиши муҳлати сохтани иншооти дорои таъиноти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ дар ноҳияҳои дурдасту камаҳолӣ ва дар ноҳияҳои дорои суръати баланди кор ҳангоми таъмин набудани ноҳияи мазкур бо захираҳои дахлдори меҳнатӣ истифода бурда мешавад.
7. Қарор оид ба ҷорӣ намудани усули вахтавии ташкили кор аз ҷониби роҳбарияти ташкилот тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо кумитаи иттифоқи касаба, бо иҷозати мақомоти болоӣ дар асоси ҳисобҳои техникию иқтисодӣ бо дарназардошти самарабахшии истифодабарии он нисбат ба усулҳои дигари пешбурди кор қабул карда мешавад.
2. ТАРТИБИ ПАРДОХТИ ИЛОВАПУЛӢ БАРОИ КОРҲОИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ САЙЁР ВА УСУЛИ ВАХТАВӢ
8. Агар ба корманд берун аз макони истеҳсолӣ хонаи истиқоматии ройгон дода нашавад ва агар ӯ имконияти ҳар рӯз ба ҷойи истиқомати доимӣ баргаштанро надошта бошад, хароҷоти кирояи манзил мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҷуброни хароҷот ҳангоми сафари хизматӣ ҷуброн карда мешаванд.
9. Дар корхонаҳои ғайридавлатӣ тарафҳои шарикии иҷтимоӣ метавонанд дар санадҳои шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ меъёрҳои дигари иловапулиро барои корҳои дорои хусусияти сайёр ва усули вахтавӣ муқаррар намоянд, ки он аз меъёрҳо барои корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ муқарраршуда набояд кам бошад.
10. Масъалаҳои иҷрои корҳои сохтмонию васлгарии ба усулҳои вахтавӣ алоқаманд, ки дар ҳуҷҷати мазкур ба инобат гирифта нашудаанд, дар асоси меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ба танзим дароварда мешаванд.
3. АНДОЗАИ ПАРДОХТИ ИЛОВАПУЛӢ БАРОИ КОРҲОИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ САЙЁР ВА УСУЛИ ВАХТАВӢ
11. Ба кормандоне, ки бо усули вахтавӣ корро иҷро менамоянд (аз ҷумла кормандони корхонаҳои савдо ва хӯроки умумӣ, алоқа, нақлиёт, муассисаҳои тандурустӣ ва дигарон, ки хизматрасонии кормандони бо усули вахтавӣ фаъолияткунанда ба онҳо вогузор шудааст), барои ҳар рӯзи тақвимии дар давраи вахта дар ҷойи кори истеҳсолӣ будан, инчунин барои рӯзҳои амалан дар роҳ будан аз макони ҷойгиршавии корхона (нуқтаи ҷамъшавӣ) то ҷойи кор ва бозгашт, иловапулӣ барои корҳои дорои хусусиятҳои сайёр ва усули вахтавӣ ба андозаи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сафарҳои хизматӣ пардохт карда мешавад. Дигар корхона ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар шартномаҳои меҳнатӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ дигар андозаҳои иловапулии мазкурро низ муқаррар намуда метавонанд, вале он аз андозаҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар буда наметавонад.
12. Чунин иловапулӣ ба музди меҳнат, инчунин ба кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонии корхонаҳои сохтмонию васлгарӣ, ки дар вахта кор мекунанд, пардохт карда мешавад.
13. Иловапулии мазкур ба кормандон дар ҷойи иҷрои кор пардохт карда мешавад. Иловапулӣ барои корҳое, ки дорои хусусияти сайёр ва усули вахтавӣ мебошанд, мумкин аст ба тариқи кортҳои бонкӣ пардохт карда шавад. Барои чунин хизматрасонӣ аз корманд маблағ ситонида намешавад.
4. ШАРОИТИ ПАРДОХТИ ИЛОВАПУЛӢ БАРОИ КОРҲОИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ САЙЁР ВА УСУЛИ ВАХТАВӢ
14. Барои кормандоне, ки бо корҳои дорои хусусияти сайёр ва усули вахтавӣ дар сохтмон, саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва металҳои қиматбаҳо, саноати ангишт, истеҳсоли барқ, коркард ва истеҳсоли нафту газ, алоқа, хоҷагии ҷангалу об, нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, роҳҳои автомобилгард ва иншооти он, корҳои кофтуковӣ, иктишофи геологӣ, топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ, экспедитсияҳои илмӣ, инчунин ҳамлу нақли нафту газ, корҳои доимӣ дар роҳ, кор берун аз ҷойи истиқомати доимӣ ва корҳои дигари ҳаммонанд машғул мебошанд, иловапулӣ дода мешавад.
15. Иловапулӣ барои корҳои дорои хусусияти сайёр ба кормандон бо мақсади ҷуброни хароҷоти афзоянда вобаста ба ҳар замон кӯчонидани ташкилот ё ҷудо будани кормандон аз ҷойи истиқомат, муқаррар карда мешавад.
16. Иловапулӣ барои корҳои дорои хусусияти сайёр ба кормандоне муқаррар карда мешавад, ки дар иншооти берун аз ҳудуди ҷойи истиқомати доимии онҳо кор мекунанд, ҳангоми зиёда аз вақти муқарраршуда дар сафари хизматӣ будан, инчунин ҳангоми сафари хизматӣ дар доираи минтақаҳое мебошанд, ки аз ҷониби онҳо хизматрасонӣ анҷом дода мешаванд.
17. Барои кори доимӣ дар роҳ, иловапулӣ барои он коре муқаррар карда мешавад, ки тибқи ҷадвалҳои махсус амалӣ мегардад ва вақти истироҳатии дар роҳи сафарбударо низ пешбинӣ менамояд.
18. Масъулият барои ташкили нигоҳдории шаҳрчаҳои вахтавӣ, хизматрасонии маишӣ, корҳои сиёсӣ - тарбиявӣ ва фарҳангӣ - оммавӣ барои истиқоматкунандагон ба зиммаи маъмурият ва кумитаи иттифоқи касабаи корхонае, ки шаҳрчаҳои вахтавӣ дар тавозуни он мебошад, вогузор карда мешавад. Аз ҷониби маъмурияти ҳамин ташкилотҳо дар мувофиқа бо кумитаи иттифоқи касаба қоидаҳои тартиботи хизматрасонии дохилӣ барои ҳамаи истиқоматкунандагони шаҳрчаҳои мазкур, тасдиқ карда мешавад.
19. Кормандоне, ки бо мақсади иҷрои ухдадориҳои меҳнатӣ ба дигар маҳалли берун аз кор сафарбар мегарданд ва агар корфармо онҳоро бо нақлиёт таъмин накунад, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҷуброни хароҷоти нақлиётии кормандон ҳангоми сафари хизматӣ ҷуброн карда мешавад.
Условия, порядок и размер выплаты надбавок за работу разъездного характера и вахтовым методом
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Условия, порядок и размер выплаты надбавок за работу разъездного характера и вахтовым методом определяют условия и порядок выплаты надбавок и её размеры для работников, занятых работой разъездного характера и вахтовым методом.
2. Работы разъездного характера и вахтовым методом - это особая форма осуществления трудового процесса, выполняемая вне места постоянного проживания работников (расстояние между местом работы и местом постоянного жительства должно быть не менее 30 километров), которые при завершении работ не имеют возможности возвратиться на место своего постоянного жительства.
3. Вахтовые работы организуются по специальному трудовому расписанию, как правило при суммированном учете рабочего времени, а межвахтовый отдых представляется в местах постоянного жительства.
4. Смена места расположения работников по причине смены участка (объекта) не считается переходом на другую работу и осуществляется с согласия работника.
5. Сменный вахтовый персонал в период пребывания на участке (объекте) в вахтовых посёлках должен проживать в специально оборудованных, организованных полевых городках, похожих на жилые здания.
6. Вахтовый метод применяется при значительном отдалении производственных участков (объектов) от места нахождения организации, экономически невыгодном выполнением работ обычными методами, а также в целях сокращения сроков строительства объектов производственного и социального назначения в необжитых и отдаленных районах и в районах с высокими темпами работ при необеспеченности данного района соответствующими трудовыми ресурсами.
7. Решение о введении вахтового метода организации работ в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан, принимается руководством организации по согласованию с профсоюзным комитетом, с разрешения вышестоящих органов на основании технико-экономических расчетов с учетом эффективности его применения по сравнению с другими методами ведения работ.
2. ПОРЯДОК ВЫПЛАТЫ НАДБАВОК ЗА РАБОТУ РАЗЪЕЗДНОГО ХАРАКТЕРА И ВАХТОВЫМ МЕТОДОМ
8. Если вне места производства работ работнику не предоставляется бесплатное жилье и если он не имеет возможности ежедневно возвращаться к месту жительства, расходы по найму жилого помещения возмещаются согласно нормам, установленными нормативными правовыми актами о возмещении расходов при служебных командировках.
9. В негосударственных предприятиях стороны социального партнерства могут в актах социального партнерства, соглашениях и коллективных договорах установить нормы надбавок за работу разъездного характера и вахтовым методом, но не ниже норм, установленных для государственных предприятий и организаций.
10. Вопросы выполнения строительно-монтажных работ, связанные с вахтовым методом, не учтенные в данном документе, регулируются на основании норм и правил строительства.
3. РАЗМЕР ВЫПЛАТЫ НАДБАВОК ЗА РАБОТУ РАЗЪЕЗДНОГО ХАРАКТЕРА И ВАХТОВЫМ МЕТОДОМ
11. Работникам, выполняющим работы вахтовым методом (включая работников предприятий и организаций торговли и общественного питания, связи, транспорта, учреждений здравоохранения и других, на которые возложено обслуживание коллективов, работающих вахтовым методом), за каждый календарный день пребывания в местах производства работ в период вахты, а также за фактические дни нахождения в пути от места нахождения предприятия (пункта сбора) к месту работы и обратно выплачивается за работу разъездного характера и вахтовым методом в размере, установленным нормативными правовыми актами Республики Таджикистан о служебных командировках. Другие негосударственные предприятия и организации в трудовом договоре, соглашении и коллективных договорах могут установить другие размеры настоящих надбавок, но не ниже установленных размеров нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.
12. Указанная надбавка к заработной плате выплачивается также работникам технического и обслуживающего персонала строительно-монтажных организаций, работающим на вахте.
13. Выплата данной надбавки работнику производится по месту выполнения им работы. Надбавки за работы разъездного характера и вахтовым методом может выплачиваться банковской картой. Для оказания таких услуг с работника не взимается плата.
4. УСЛОВИЯ ВЫПЛАТЫ НАДБАВОК ЗА РАБОТУ РАЗЪЕЗДНОГО ХАРАКТЕРА И ВАХТОВЫМ МЕТОДОМ
14. Работникам, занятым работами разъездного характера и вахтовым методом на строительствах, горнодобывающей промышленности и обработки драгоценных металлов, угольной промышленности, энергетике, нефтегазодобывающей и нефтеперерабатывающей промышленности, связи, лесном и водном хозяйстве, на автомобильном и железнодорожном транспорте, автомобильных дорогах и их объектах, изыскательских работах, геологоразведочных, топографо-геодезических и картографии, в научных экспедициях, а также транспортировкой нефти и газа, содержанием шоссейных дорог и другие аналогичные виды работ выплачиваются надбавки за работу вне постоянного места жительства.
15. Надбавка за работу разъездного характера устанавливается работникам в целях компенсации повышенных расходов, связанных с частой передислокацией организации или оторванностью работников от места жительства.
16. Надбавка за работу разъездного характера устанавливается работникам, выполняющим работы на объектах, расположенных вне территории места их постоянного жительства, при поездках сверх установленной продолжительности рабочего времени, а также при служебных поездках в пределах обслуживаемых ими участков.
17. За постоянную работу в пути устанавливается надбавка за работу, которая проводится по специальным графикам, предусматривающим и время отдыха в пути следования (поездки).
18. Ответственность за организацию содержания вахтовых поселков, организацию бытового обслуживания, политико-воспитательной и культурно-массовой работы с проживающими возлагается на администрацию и профсоюзный комитет предприятия, на балансе которого находится вахтовый поселок. Администрацией этих организаций по согласованию с профсоюзным комитетом утверждается внутренний распорядок обслуживания для всех проживающих в данном поселке.
19. Расходы по проезду работников в другую местность в связи с выполнением трудовых обязанностей вне местах работы компенсируются в порядке, установленном нормативными правовыми актами о возмещении расходов при служебных командировках, если наниматель не предоставляет им транспорт.