Тартиби муайян намудани музди меҳнати баланд барои корҳои вазнин, корҳо дар шароити меҳнати зарарнок ва махсусан зарарнок аз 27 августи соли 2020, № 458

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии  Тоҷикистон

аз 27 августи соли 2020, №458

тасдиқ шудааст

 

Тартиби муайян намудани музди меҳнати баланд барои корҳои вазнин, корҳо дар шароити меҳнати зарарнок ва махсусан зарарнок

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби муайян намудани музди меҳнати баланд барои корҳои вазнин, корҳо дар шароити меҳнати зарарнок ва махсусан зарарнок (минбаъд - Тартиби мазкур) тасниф, баҳодиҳии шароити меҳнат дар ҷойҳои корӣ ва қоидаҳои муайян намудани музди меҳнати баланд барои корҳои вазнин, корҳо дар шароити меҳнати зарарнок ва махсусан зарарнокро муқаррар менамояд.

2. Муқаррароти Тартиби мазкур нисбати корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли моликият ва намуди фаъолият (минбаъд - корхона) амалӣ карда мешавад.

2. ТАСНИФИ ШАРОИТИ МЕҲНАТ ДАР ҶОЙҲОИ КОРӢ

3. Шароити меҳнат аз рӯи дараҷаи зарарнокӣ ва хатарнокӣ ба 4 гурӯҳ тақсим карда мешавад:

1) гурӯҳи 1 шароити муносиби (оптималии) меҳнат - ин шароити меҳнате, ки ҳангоми он таъсири омилҳои зарарнок ва (ё) хатарноки истеҳсолӣ ба саломатии кормандон вуҷуд надорад ё дараҷаи таъсири онҳо аз дараҷае, ки меъёрҳои (меъёрҳои гигиении) шароити меҳнат муқаррар кардааст ва барои инсон бехатар дониста шудаанд, зиёд намебошад ва барои нигоҳдории дараҷаи баланди қобилияти кории кормандон заминаи мусоид фароҳам меорад;

2) гурӯҳи 2 шароити ҷоизи меҳнат - ин шароити меҳнате, ки ҳангоми он ба корманд омилҳои зарарнок ва (ё) хатарноки истеҳсолӣ таъсир мерасонанд ва дараҷаи таъсири онҳо аз дараҷае, ки меъёрҳои (меъёрҳои гигиении) шароити меҳнат муқаррар кардааст, зиёд намебошад ва ҳолати функсионалии тағйироти организми корманд дар вақти истироҳати муқарраршуда ё то ибтидои рӯзи (баст) ояндаи корӣ барқарор мешавад;

3) гурӯҳи 3 шароити зарарноки меҳнат - ин шароити меҳнате, ки ҳангоми он дараҷаи таъсири омилҳои зарарнок ва (ё) хатарноки истеҳсолӣ аз дараҷае, ки меъёрҳои (меъёрҳои гигиении) шароити меҳнат муқаррар кардааст, зиёд мебошад, аз ҷумла:

- зергурӯҳи якуми шароити меҳнат, ки ҳангоми он ба саломатии корманд омилҳои зарарнок ва (ё) хатарноки истеҳсолӣ таъсир мерасонанд ва ҳолати функсионалии тағйирёфтаи организми корманд маъмулан то оғози рӯзи (басти) ояндаи кории қатъ ёфтани таъсири ин омилҳо нисбатан дер барқарор мешавад ва хавфи аз даст додани саломатӣ бештар мегардад;

- зергурӯҳи дуюми шароити меҳнат, ки ҳангоми он ба саломатии корманд омилҳои зарарнок ва (ё) хатарноки истеҳсолӣ таъсир мерасонанд ва дараҷаи таъсири онҳо метавонад дар организми корманд тағйироти функсионалии устуворро ба вуҷуд оварда, ба пайдоиш ва авҷгирии шаклҳои ибтидоии бемориҳои касбӣ ва ё бемориҳои касбии дараҷаи вазниниаш сабук (бе аз даст додани қобилияти касбии корӣ), ки баъди экспозитсияи тӯлонӣ (понздаҳ сол ё бештар аз он) пайдо мешавад, сабаб мегардад;

- зергурӯҳи сеюми шароити меҳнат, ки ҳангоми он ба саломатии корманд омилҳои зарарнок ва (ё) хатарноки истеҳсолӣ таъсир мерасонанд ва дараҷаи таъсири онҳо метавонад дар организми корманд тағйироти функсионалии устуворро ба вуҷуд оварда, ба пайдоиш ва авҷгирии бемориҳои касбии дараҷаи вазниниаш сабук ва миёна (бо аз даст додани қобилияти касбии корӣ) дар давраи фаъолияти меҳнатӣ сабаб мегардад;

- зергурӯҳи чоруми шароити меҳнат, ки ҳангоми он ба саломатии корманд омилҳои зарарнок ва (ё) хатарноки истеҳсолӣ таъсир мерасонанд ва дараҷаи таъсири онҳо метавонад ба пайдоиш ва авҷгирии шаклҳои вазнини бемориҳои касбӣ (бо аз даст додани қобилияти меҳнатӣ дар маҷмӯъ) дар давраи фаъолияти меҳнатӣ сабаб мегардад;

4) гурӯҳи 4 шароити хатарноки меҳнат - ин шароити меҳнате, ки ҳангоми он омилҳои зарарнок ва (ё) хатарноки истеҳсолӣ ба саломатии корманд таъсир мерасонанд ва дараҷаи таъсири онҳо дар тамоми давраи рӯзи (басти) корӣ ё қисми он метавонад ба ҳаёти корманд хатарнок бошанд ва оқибати таъсири омилҳои мазкур хавфу хатари баланди авҷгирии бемории шадиди касбиро дар давраи фаъолияти меҳнатӣ ба вуҷуд меоранд.

4. Дар ҳолати аз байн бурдани омилҳои зарарноки истеҳсолӣ ва беҳтар кардани шароити меҳнат дар ҷойи кор, комиссияи аттестатсионӣ оид ба шароити меҳнат ҷиҳати гузаронидани намудҳои дахлдори корҳои вазнин, корҳо дар шароити меҳнати зарарнок ва махсусан зарарнок ба категорияи кор бо шароити муносиби корӣ қарор қабул мекунад.

3. БАҲОДИҲИИ ҲОЛАТИ ШАРОИТИ МЕҲНАТ ДАР ҶОЙҲОИ КОРӢ

5. Шароити меҳнати ҳамаи ҷойҳои кории корхона ба таври ҳатмӣ аз аттестатсия гузаронида мешавад. Тибқи қоидаҳои гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рӯи шароити меҳнат гузаронидани баҳодиҳии шароити меҳнат бо усулҳои асбобӣ, ташхисгоҳӣ (лабораторӣ) ва эргономикии (ченкунии таъсири омилҳои зарарнок дар истеҳсолот, шиддатнокии корҳои иҷрошаванда, вазни борҳои бардошташаванда ва ғайра) таҳқиқотӣ пешбинӣ шудааст.

6. Баҳодиҳии ҳолати воқеии шароити меҳнат аз рӯи дараҷаи зарарнокӣ ва хавфнокӣ мутобиқи меъёрҳои гигиении баҳодиҳии шароити меҳнат аз рӯи нишондиҳандаҳои зарарнокӣ ва хавфнокии омилҳои муҳити истеҳсолӣ, вазнинӣ ва шиддатнокии равандҳои меҳнатӣ дар асоси муқоисакунии натиҷаҳои ченкунии ҳамаи омилҳои зараррасон ва хавфноки муҳити истеҳсолӣ, вазнинӣ ва шиддатнокии равандҳои меҳнатии бо меъёрҳои гигиении барои онҳо муқарраршуда амалӣ карда мешавад. Дар заминаи чунин муқоисакунӣ, гурӯҳи шароити меҳнат ҳам барои ҳар як омил ва ҳам барои комбинатсия ва якҷоякунии онҳо, инчунин барои ҳар ҷойи корӣ дар маҷмӯъ муайян карда мешавад.

7. Ҳангоми аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рӯи шароити меҳнат ҳамаи омилҳои. истеҳсолии зараррасон ва хавфнок (омилҳои физикӣ, химиявӣ, биологӣ), вазнинӣ ва шиддатноки дар ҷойи корӣ мавҷуда баҳо дода мешавад.

4. ТАРТИБИ МУАЙЯН НАМУДАНИ МУЗДИ МЕҲНАТ ДАР ШАРОИТИ МАХСУС

8. Музди меҳнати баланд барои корҳои вазнин, корҳо дар шароити меҳнати зарарнок ва махсусан зарарнок баъд аз гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рӯи шароити меҳнат барои ҳар як ҷойи корӣ тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №429 "Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рӯи шароити меҳнат" ва пур кардани харитаи аттестатсияи ҷойи (ҷойҳои) корӣ муқаррар карда мешавад.

9. Ба ҳар як ҷойи корӣ (ё гурӯҳи ҷойҳои кори аз рӯи хусусияти корҳои иҷрошаванда шабеҳ) харитаи аттестатсияи ҷойи (ҷойҳои) корӣ аз рӯи шароити меҳнат тартиб дода мешавад.

10. Харитаи аттестатсияи ҷойи (ҷойҳои) корӣ аз рӯи шароити меҳнат ҳуҷҷатест, ки дорои маълумот дар бораи шароити воқеии меҳнат дар ҷойи корӣ, имтиёзҳо, ҷубронҳо, иловапулиҳои барои кормандон татбиқшаванда ва мутобиқати онҳо бо қонунгузории амалкунанда, меъёрҳои ройгон додани либосҳои махсус ва воситаҳои ҳимоя, инчунин тавсияҳо оид ба беҳгардонии шароити меҳнат дар ин ҷойи корӣ ё гурӯҳи ҷойҳои кории шабеҳ ва дар ҳолати зарурӣ, пешниҳодот оид ба бекор кардани пардохти имтиёзу ҷубронпулиҳо ё ҷорӣ намудани имтиёзу ҷубронпулиҳои нав мебошад.

11. Пардохти иловапулӣ барои шароити меҳнат дар асоси хулосаи комиссияи аттестатсионӣ бо усули тафриқавӣ мувофиқан ба андозаҳои 4, 8,12 фоиз (вазнин ва зарарнок) ва 16,20,24 фоиз (махсусан вазнин ва махсусан зарарнок) аз маоши вазифавии корманд вобаста ба вазъи шароити кор дар ҷойи мушаххаси корӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002 № 521 "Дар бораи Номгӯи истеҳсолот, сехҳо, корҳо, касбу вазифаҳое, ки шароити меҳнати зарарнок ва вазнини кор дар онҳо барои рӯзи кӯтоҳи кор ва рухсатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад" муқаррар карда мешавад.

12. Дараҷаи зарарнокии омилҳои муҳити истеҳсолӣ ва вазнинии корҳо бо холҳо аз рӯи меъёрҳои дар таснифгари гигиении меҳнат, ки Вазорати тандурустии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ аз 12 августи соли 1986, № 4137-86 тасдиқ кардааст, муқаррар карда мешавад.

13. Зиёд будани дараҷаи имконпазири зичӣ (ДИЗ) ва дараҷаи имконпазири сатҳӣ (ДИС) дар ҷойҳои корӣ вайрон шудани меъёру қоидаҳои ҳифзи меҳнат ба ҳисоб меравад, ки ин имконияти аз ҷониби назоратчиёни техникии меҳнати иттифоқи касаба истифода шудани ҳуқуқҳои ба онҳо додашударо истисно намекунад.

14. Миқдори холҳо аз рӯи ҳар як омил дар харитаи шароити меҳнат гузошта мешавад. Дар ин сурат барои баҳодиҳии таъсири ин омил ба ҳолати шароити меҳнат давомнокии таъсири он дар давоми басти корӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Холҳое, ки аз рӯи дараҷаи зарарнокии омилҳо ва вазнинии кор гузошта шудаанд, аз рӯи формулаи зерин ислоҳ карда мешаванд:

X воқеӣ = X дар. * Т,

ки дар ин ҷо X дар. - дараҷаи зарарнокии омил ё вазнинии кор мебошад, ки аз рӯи нишондиҳандаҳои Таснифгари гигиении меҳнат муқаррар шуда, шароити меҳнат ишора гардидааст;

Т - таносуби вақти таъсири омили мазкур нисбат ба давомнокии басти корӣ мебошад. Агар вақти таъсири омили мазкур зиёда аз 90 фоизи басти кориро ташкил диҳад, он гоҳ Т = 1 мешавад.

9. Андозаи иловапулӣ (музди меҳнати баланд) вобаста ба ҳолати воқеии шароити меҳнат аз рӯи ҷадвали зерин муқаррар карда мешавад:

 

* Ҷадвал

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 27 августа 2020 года, №458

Порядок определения повышенной оплаты труда на тяжёлых работах, работах с вредными и особо вредными условиями труда

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок определения повышенной оплаты труда на тяжелых работах, работах с вредными и особо вредными условиями труда (далеенастоящий Порядок) устанавливает классификацию, оценку условий труда на рабочих местах и правила определения повышенной оплаты труда на тяжелых работах, работах с вредными и особо вредными условиями труда.

2. Положения настоящего Порядка распространяются на предприятия, учреждения и другие организации, независимо от формы собственности и вида деятельности (далее - предприятие).

2. КЛАССИФИКАЦИЯ УСЛОВИЙ ТРУДА НА РАБОЧИХ МЕСТАХ

3. Условия труда по степени вредности опасности подразделяются на 4 класса:

1) первый класс оптимальные условия труда - это условия труда, при которых воздействие на работника вредных и (или) опасных производственных факторов отсутствует или уровень воздействия которых не превышают уровня, установленного нормативами (гигиеническими нормативами) условий труда и принятые в качестве безопасных для человека и создаются предпосылки для поддержания высокого уровня работоспособности работника;

2) второй класс допустимые условия труда - это условия труда, при которых на работника воздействуют вредные и (или) опасные производственные факторы, уровень воздействия которых не превышает уровня, установленного нормативами (гигиеническими нормативами) условий труда, а измененное функциональное состояние организма работника восстанавливается во время регламентированного отдыха или к началу следующего рабочего дня (смены);

3) третий класс вредные условия труда - это условия труда, при которых уровень воздействия вредных и (или) опасных производственных факторов превышает уровень, установленного нормативами (гигиеническими нормативами) условий труда, в том числе:

- первый подкласс - условия труда, при которых на работника воздействуют вредные и (или) опасные производственные факторы, после воздействия которых измененное функциональное состояние организма работника восстанавливается, как правило, при более длительном, чем до начала следующего рабочего дня (смены) прекращении воздействия данных факторов и увеличивается риск повреждения здоровья;

- второй подкласс - условия труда, при которых на работника воздействуют вредные и (или) опасные производственные факторы, уровень воздействия которых способен вызвать стойкие функциональные изменения в организме работника, приводящие к появлению и развитию начальных форм профессиональных заболеваний или профессиональных заболеваний легкой степени тяжести (без потери профессиональной трудоспособности), возникающих после продолжительной экспозиции (пятнадцать и более лет);

- третий подкласс - условия труда, при которых на работника воздействуют вредные и (или) опасные производственные факторы, уровень воздействия которых способен вызвать стойкие функциональные изменения в организме работника, приводящие к появлению и развитию профессиональных заболеваний легкой и средней степени тяжести (с потерей профессиональной трудоспособности) в период трудовой деятельности;

- четвёртый подкласс - условия труда, при которых на работника воздействуют вредные и (или) опасные производственные факторы, уровень воздействия которых способен привести к появлению и развитию тяжелых форм профессиональных заболеваний (с потерей общей трудоспособности) в период трудовой деятельности;

4) четвертый класс опасные условия труда - это условия труда, при которых на работника воздействуют вредные и (или) опасные производственные факторы, уровень воздействия которых в течение всего рабочего дня (смены) или его части способен создать угрозу жизни работника, а последствия воздействия данных факторов обусловливают высокий риск развития острого профессионального заболевания в период трудовой деятельности.

4. В случае устранения вредных производственных факторов и улучшения условий труда на рабочем месте, аттестационная комиссия по условиям труда принимает решение о переводе соответствующих видов тяжелых работ, работ с вредными и особо вредными условиями труда на категории работ с нормальными условиями труда.

3. ОЦЕНКА СОСТОЯНИЯ УСЛОВИЙ ТРУДА НА РАБОЧИХ МЕСТАХ

5. Условия труда всех рабочих мест предприятий подлежат обязательной аттестации. В соответствии с правилами проведения аттестации рабочих мест по условиям труда предусматривается проведение оценки условий труда инструментальными, лабораторными и эргономическими (измерение влияния вредных факторов на производстве, напряженность выполняемых работ, вес поднимаемых грузов и другие) методами исследований.

6. Оценка фактического состояния условий труда по степени вредности и опасности производится в соответствии с гигиеническими нормативами оценки условий труда по показателям вредности и опасности факторов производственной среды, тяжести и напряженности трудового процесса на основе сопоставления результатов измерений всех опасных и вредных факторов производственной среды, тяжести и напряженности трудового процесса с установленными для них гигиеническими нормативами. На базе таких сопоставлений определяется класс условий труда, как для каждого фактора, так и для их комбинации и сочетания, а также для рабочего места в целом.

7. При аттестации рабочих мест по условиям труда оценке подлежат все имеющиеся на рабочем месте опасные и вредные производственные факторы (физические, химические, биологические), тяжесть и напряженность труда.

4. ПОРЯДОК ОПРЕДЕЛЕНИЯ ОПЛАТЫ ТРУДА В ОСОБЫХ УСЛОВИЯХ

8. Повышенная оплата труда на тяжёлых работах, работах с вредными и особо вредными условиями труда устанавливается после проведения аттестации рабочих мест по условиям труда для каждого рабочего места в соответствии с требованиями постановления Правительства Республики Таджикистан от 3 июля 2014 года, №429 "О Правилах проведения аттестации рабочих мест по условиям труда" и заполнения карты аттестации рабочих мест по условиям труда.

9. На каждое рабочее место (или группу рабочих мест по характеру аналогичных выполняемых работ) составляется карта аттестации рабочего места (мест) по условиям труда.

10. Карта аттестации рабочего места (мест) по условиям труда является документом, содержащим сведения о фактических условиях труда на рабочем месте, льготах, компенсациях, доплатах, применяемых к работникам и их соответствие действующему законодательству, нормах безвозмездной выдачи спецодежды и защитных средств, а также рекомендации по улучшению условий труда на данном рабочем месте или группе аналогичных рабочих мест и, в случае необходимости, предложения об отмене выплаты льгот и компенсаций или введении новых.

11. Доплаты за условия труда на основании заключения аттестационной комиссии производятся дифференцированно в размерах 4, 8, 12 процентов (тяжелые и вредные) и 16, 20, 24 процентов (особо тяжелые и особо вредные) тарифной ставки присвоенного рабочего разряда в зависимости от состояния условий труда на конкретном рабочем месте согласно постановлению Правительства Республики Таджикистан от 31 декабря 2002 года, №521 "О Списке производств, цехов, профессий и должностей с вредными и тяжелыми условиями труда, работа в которых дает право на сокращенный рабочий день и ежегодный дополнительный отпуск".

12. Степень вредности факторов производственной среды и тяжести работ устанавливается в баллах по нормативам, приведенным в гигиенической классификации труда, утвержденной Министерством здравоохранения Союза Советских Социалистических Республик от 12 августа 1986 года, № 4137-86.

13. Превышение предельно допустимой концентрации (ПДК) и предельно допустимых уровней (ПДУ) на рабочих местах считается нарушением норм и правил по охране труда, что не исключает возможности использования техническими инспекторами труда профессиональных союзов предоставленных им прав.

14. Количество баллов по каждому фактору проставляется в карте условий труда. При этом для оценки влияния данного фактора на состояние условий труда учитывается продолжительность его влияния в течение смены. Баллы, установленные по степеням вредности факторов и тяжести работ, корректируются по формуле:

X фактические = X ст. * Т,

где X ст. - степень вредности фактора или тяжести работ, установленная показателями Гигиенической классификации труда, где указывается условие труда;

Т - отношение времени влияния настоящего фактора к продолжительности рабочей смены. Если время влияния настоящего фактора составляет более 90 процентов рабочей смены, то Т = 1.

15. Размеры доплат (повышенной оплаты труда) в зависимости от фактического состояния условий труда устанавливаются по следующей шкале:

*таблица