ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби муайян намудани музди меҳнати баланд барои корҳои вазнин, корҳо дар шароити меҳнати зарарнок ва махсусан зарарнок
Мутобиқи моддаи 148 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби муайян намудани музди меҳнати баланд барои корҳои вазнин, корҳо дар шароити меҳнати зарарнок ва махсусан зарарнок тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли моликият ва намуди фаъолият, иҷрои Тартиби мазкурро дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ, аз ҳисоби маблағҳои худӣ, инчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 августи соли 2020 № 458
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Порядке определения повышенной оплаты труда на тяжелых работах, работах с вредными и особо вредными условиями труда
В соответствии со статьей 148 Трудового кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Порядок определения повышенной оплаты труда на тяжелых работах, работах с вредными и особо вредными условиями труда (прилагается).
2. Министерствам, ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения, предприятиям, учреждениям и другим организациям, независимо от формы собственности и вида деятельности, обеспечить выполнение настоящего Порядка в пределах предусмотренных средств государственного бюджета, за счёт собственных средств, а также других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 27 августа 2020 года, №458