ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172 "Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- боби 37 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Боби 37. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (манбаъҳои ҳосилкунанда)
1. Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (манбаъҳои ҳосилкунанда).
2. Фаъолияти мазкур корҳои зеринро дар бар мегирад, ки онҳо дар замимаи иҷозатнома қайд карда мешаванд:
- ба муомилот баровардани (фурӯши) таҷҳизоти ҳосилкунандаи афканишоти иондоркунанда;
- гузаронидани ташхис ва муолиҷаи рентгенӣ;
- истифодаи манбаъҳои ҳосилкунандаи афканишоти иондоркунанда дар фаъолияти илмӣ ва таълимӣ;
- истифодабарии таҷҳизотҳои рентгении назоратӣ (бағоҷи дастӣ, интиқоли бор тавассути нақлиёт);
- истифодаи суръатфизои хаттии электронҳо;
хизматрасонии техникии (васл ва таъмир) таҷҳизоти ҳосилкунандаи афканишоти иондоркунанда;
- хизматрасониҳои назорати дозиметрӣ, сифати таҷҳизот, дозиметрияи инфиродӣ; - таълим ва омӯзиш дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ.
3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:
- хулосаи санитарию эпидемиологӣ;
- нусхаи фармоиш дар бораи таъин намудани шахси масъул оид ба бехатарии радиатсионӣ ва кормандоне, ки бо манбаъҳои афканишоти иондоркунанда сару кор доранд (гурӯҳҳои А ва Б);
- нусхаи дипломи тахассусӣ;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи омӯзиш оид ба бехатарии радиатсионӣ;
- барномаи бехатарии радиатсионӣ;
- нақшаи эътино ба ҳолатҳои садамавӣ.";
- бобҳои 37(1) ва 37(2) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Боби 37(1). Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
1.Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ.

- лоиҳакашӣ, гузаронидани баҳодиҳӣ ва асосноккунии техникию иқтисодии консерватсиякунӣ ва солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва ҳудудҳои бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгардида;
- гузаронидани корҳои консерватсиякунӣ ва солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва ҳудудҳои бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгардида;
- коркарди пешакӣ, коркард ва хурдҳаҷмгардонии партовҳои радиоактивӣ;
- интиқол, нигоҳдории муваққатӣ ва дарозмуддати партовҳои радиоактивӣ;
- аз истифода баровардани объекти радиатсионии хатарнок.

- хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;
- хулосаи системаи иҷозатдиҳии мақомотҳои корҳои дохилӣ;
- хулосаи мақомоти оташнишонӣ, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад;
- нусхаи фармоиш дар бораи таъин намудани шахси масъул оид ба бехатарии радиатсионй ва кормандоне, ки бо манбаъҳои афканишоти иондоркунанда сару кор доранд (гурӯҳҳои А ва Б);

- баҳодиҳии бехатарии корҳои солимгардонӣ;
- баҳодиҳии таъсир ба муҳити зист ва асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи консерватсиякунй ва солимгардонии маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ;
- барномаи бехатарии радиатсионӣ;
- лоиҳаи солимгардонӣ ва нақшаи амалигардонии он;
- нақшаи эътино ба ҳолатҳои садамавӣ;
- чораҳо оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- маълумот дар бораи воситаи нақлиёт ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи омӯзиш оид ба бехатарии радиатсиони ронанда (ҳангоми ҳамлу нақли партовҳои радиоактивӣ).
Боби 37(2). Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият вобаста ба воридоту содирот, истеҳсол, фурӯш, истифода, ҳамлу нақл, коркард, нигоҳдории муваққатӣ ва дарозмуддати моддаҳои радиоактивӣ
1.Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият вобаста ба воридоту содирот, истеҳсол, фурӯш, истифода, ҳамлу нақл, коркард, нигоҳдории муваққатӣ ва дарозмуддати моддаҳои радиоактивӣ.

- воридот, содирот ва транзити моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивии кушода ва пӯшида ба ҳудуди ҷумҳурӣ;
- истифодабарии моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивии пӯшида;
- истифодабарии моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивии кушода;
- нигоҳдории муваққатии моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивӣ;
- нигоҳдории дарозмуддати моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивӣ;
- ҳамлу нақли моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивӣ;
- пешкаш намудани хизматрасонии техникии (васл ва таъмири) асбоб ва таҷҳизоте, ки моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивӣ доранд.

- хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ (ҳангоми истифода намудани моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивии кушода);

- баҳодиҳии бехатарии корҳо вобаста ба моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивӣ; - барномаи бехатарии радиатсионӣ;
- маълумот оид ба ташкили системаи муҳофизати ҷисмии моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивӣ (вобаста ба дараҷаи хатарнокӣ);

- ҳуҷҷат дар бораи он, ки ҳангоми ворид кардани моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивӣ ба мамлакат, баргардонидани он ба содиркунанда ё имконияти ба нигаҳдории дарозмуддат супоридани он таъмин карда мешавад;
- маълумот дар бораи воситаи нақлиёт ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи омӯзиш оид ба бехатарии радиатсиони ронанда (ҳангоми ҳамлу нақли моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивӣ).";
- боби 61 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Боби 61. Хусусиятҳои иҷозаномадиҳии фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои давраи ҳаётии иншооти истифодаи энергияи атомӣ
1. Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои ҳаётии иншооти истифодаи энергияи атомӣ.

- истеҳсол, истифодабарӣ, коркард, ҳамлу нақл ва нигоҳцории маводи ядроӣ;
- интихоби қитъа, баҳодиҳии қитъа (асосноккунии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсир ба муҳити зист), лоиҳакашӣ, сохтмон, ба истифода додан, истифодабарӣ ва аз истифода баровардани иншооти истифодаи энергияи атомӣ.
3. Мақоми иҷозатномадиҳӣ: Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

- хулосаи мусбии мақомоти оташнишонӣ, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад;
- нусхаи ҳуҷҷати барасмиятдаровардашуда, ки ҳуқуқи соҳибмулкӣ ё истифода намудани маводи ядроӣ, нуқтаҳои нигаҳдории маводи ядроии довталаби иҷозатномаро тасдиқ мекунад;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи омӯзиш оид ба бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ;
- баҳодиҳии бехатарии фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои ҳаётии иншооти истифодаи энергияи атомӣ;
- баҳодиҳии таъсир ба муҳити зист ва асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи сохтмони иншооти истифодаи энергияи атомӣ, истифодабарӣ ва ё аз истифода баровардани он;
- барномаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ;
- лоиҳаи сохтмон ё аз истифода баровардани иншооти истифодаи энергияи атомӣ бо нақшаи амалигардонии он;
- нақшаи эътино ба ҳолатҳои садамавӣ;
- чораҳо оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва сӯзишвории ядроии истифодашуда;
- ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти манбаъҳои маблағгузории корҳои аз истифода баровардани дастгоҳҳои ядроӣ, маводи ядроӣ ё нуқтаҳои нигаҳдории маводи ядроӣ, ҳамчунин фонди махсус барои маблағгузории хароҷоти вобаста аз истифода баровардани объектҳои нишондодашуда ва маблағгузорӣ барои корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба асоснок намудан ва пурзӯр намудани бехатарии ин объектҳо, ки довталаби иҷозатномаро тасдиқ менамоянд;
- ҳуҷҷате, ки имконияти ба нигаҳдории дарозмуддат супоридани партовҳои радиоактивии ҳосилшаванда ва бозгардонидани сӯзишвории истифодашудаи ядроиро тасдиқ менамояд;
- маълумот дар бораи воситаи нақлиёт ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи омӯзиш оид ба бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ (ҳангоми ҳамлу нақли маводи ядроӣ);
- маълумот дар бораи объектҳое, ки дар онҳо фаъолияти эъломшуда амалӣ карда мешаванд.
5. Барои додани иҷозатнома, маблағ дар ҳаҷми бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешавад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 августи соли 2020 № 465
ш. Душанбе