ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2014, №132 "Дар бораи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "40" ба рақами "37" иваз карда шавад.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, №189 "Дар бораи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаи зерин ворид карда шавад:
- дар банди 2 рақамҳои "467" ва "41" мувофиқан ба рақамҳои "470" ва "44" иваз карда шаванд;
- ба сохтори Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, №189 тасдиқ шудааст, сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Бахши ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва паркҳои табиии миллӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 августи соли 2020 № 467
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнения в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. В пункте 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 28 февраля 2014 года, №132 "Об Агентстве лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан" цифру "40" заменить цифрой "37".
2. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 24 апреля 2008 года, №189 "О Комитете по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнение:
- в пункте 2 цифры "467" и "41" соответственно заменить цифрами "470" и "44";
- структуру центрального аппарата Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 24 апреля 2008 года, №189, дополнить десятым абзацем следующего содержания:
"Сектор особо охраняемых природных территорий и национальных природных парков".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 27 августа 2020 года, №467