ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат"
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат" таъсис дода шавад.
2. Оиннома ва сохтори муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат" тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
3. Шумораи ниҳоии кормандони муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат" ба миқдори 87 воҳиди корӣ ва ҳайати хизматрасони техникӣ муқаррар карда шавад.
4. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати шаш моҳ тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои вобаста ба бино, воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва дигар ашёи зарурӣ таъмин намудани муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат"-ро ҳал намояд.
5. Маблағгузории муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат" аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсуси муассисаи мазкур дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти хароҷоти нигоҳдории (музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ) 87 воҳиди кориро тибқи тартиби муқарраргардида дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ намояд.
7. Ба замимаи 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020,№428 "Дар бораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат"".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 25 августи соли 2020 № 452
ш. Душанбе