ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
17 июни соли 2020, № 116
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 августи соли 2020, № 59
ҷонибдорӣ карда шуд.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- коррупсия - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ;
- муқовимат ба коррупсия - фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия дар самти пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, таҳқиқу тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, бартараф намудани сабабу шароитҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ;
- ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд - ҳуқуқвайронкуниҳои бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинишудае, ки барои коррупсия шароит ба вуҷуд оварда, аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд содир шуда, боиси ҷавобгарии бо қонунгузорӣ муқарраршудаи интизомӣ, маъмурӣ, гражданӣ ва ҷиноятӣ мегарданд;
- субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд - шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, яъне шахсе, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ ё мансабҳои давлатии хизмати давлатиро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд, шахси мансабдори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ба он баробаркардашуда (шахсе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати номзад ба ишғоли мансабҳои давлатии интихобӣ ё узви мақомоти интихоботии давлатӣ ба қайд гирифта шудааст, шахсони мансабдори субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, шахсони мансабдори ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо, ки бо мақомоти давлатӣ, шахси мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат доранд), шахсе, ки хизматрасониҳои давлатиро амалӣ менамояд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- вазифаҳои давлатӣ - вазифаҳое, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, ба ваколатҳои давлат, мақомоти он ва шахсоне, ки мансабҳои давлатиро ишғол менамоянд, дохил мешаванд;
- истифода аз мақоми хизматӣ ё имкониятҳои он - истифодаи якдафъаина, такрорӣ ё мунтазам аз вазифаҳои давлатӣ ва имкониятҳои он, инчунин барқарор намудани алоқаҳои устувор бо як ё якчанд шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда, бо шахс ё гурӯҳи алоҳида бо мақсадҳои дар сархати якуми ҳамин модда номбаршуда, ки ба манфиатҳои шахс, давлат ва ҷомеа таҳдид мекунад ё зарар мерасонад;
- хешовандон - зан, шавҳар, фарзанд, падару модар, бародар, хоҳар, инчунин падару модар, бародар, хоҳар ва фарзандони зан ё шавҳар, амак, тағо, хола, амма, қудо, келин, домод, бародарзода, хоҳарзода, фарзандхондагон, фарзандхондшудагон, инчунин шахси дигаре, ки бо шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд;
- манфиати давлатӣ - ҳама гуна манфиате, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва ҳифз карда мешавад;
- манфиати шахсӣ - ҳама гуна манфиате, ки ба қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти моддию ғайримоддии шахс равона карда мешавад;
- бархӯрди манфиатҳо - ҳолати манфиатдории шахсии субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, ки ҳангоми иҷрои вазифа метавонад боиси ба амал омадани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ гардад ва ба манфиатҳои шахси воқеӣ, ҳуқуқӣ, ҷомеа ва давлат зарар расонад;
- пешгирии коррупсия - фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия дар самти огоҳ, пешгирӣ, ошкор, бақайдгирӣ, кушодан, таҳқиқу тафтиши кирдорҳои коррупсионӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд мусоидат мекунанд;
- хавфҳои коррупсионӣ - эҳтимолияти ҷой доштан ва ба вуҷуд омадани сабаб ва шароитҳое, ки метавонанд ба ҳар шакл ба содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд мусоидат намоянд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба коррупсия
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба коррупсия ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур нисбат ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд паҳн мегардад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 4. Принсипҳои асосии муқовимат ба коррупсия
Муқовимат ба коррупсия дар асоси принсипҳои зерин амалӣ мегардад:
1) қонуният;
2) адолат;
3) афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
4) баробарии ҳама дар назди қонун;
5) шаффофият ва ошкорбаёнӣ;
6) ногузир будани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд;
7) пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд;
8) таъмини амнияти шахсӣ ва кафолати ҳуқуқии шахсе, ки дар муқовимат ба коррупсия мусоидат менамояд;
9) ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ.
БОБИ 2. ВАКОЛАТҲОИ СУБЪЕКТҲОИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ
Моддаи 5. Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия дорои салоҳияти зерин мебошад:
- самтҳои асосии сиёсати давлатиро оид ба муқовимат ба коррупсия муайян менамояд;
- стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсияро тасдиқ менамояд;
- Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис медиҳад, ҳайат ва низомномаи онро тасдиқ менамояд;
- ваколатҳои дигареро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, амалӣ менамояд.
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия дорои салоҳияти зерин мебошад:
- сиёсати давлатиро дар самти муқовимат ба коррупсия, таъминоти ташкилӣ, рушд ва таҳкими моддию техникии субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунандаро татбиқ менамояд;

Моддаи 7. Субъектҳои муқовимат ба коррупсия
Субъектҳои муқовимат ба коррупсия аз субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда ва субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд, иборат мебошанд.
Моддаи 8. Субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда
1. Субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда инҳо мебошанд:
1) Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9) судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Барои иҷрои вазифаҳои муқовимат ба коррупсия роҳбарони субъектҳои муқовимат ба коррупсия масъул мебошанд.
Моддаи 9. Ваколатҳои субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда
1. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) сиёсати давлатиро дар самти муқовимат ба коррупсия татбиқ менамояд;
2) муқовимат ба коррупсияро дар тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, амалӣ менамояд;
3) санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба коррупсия таҳия ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
4) фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсияро дар самти муқовимат ба коррупсия ҳамоҳанг месозад;
5) корҳои таҳлилӣ ва мониторинги вазъи муқовимат ба коррупсияро анҷом медиҳад, натиҷаи онро барои баррасӣ ва андешидани чораҳо ба мақомоти дахлдори давлативу ҷамъиятӣ ирсол менамояд;
6) хавфҳои коррупсиониро дар тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, таҳлил менамояд ва чораҳои зарурӣ меандешад;
7) самаранокии чораҳои муқовимат ба коррупсияро таҳлил намуда, барои такмил додани онҳо таклифҳо пешниҳод менамояд;
8) ҷиноятҳои ба коррупсия алоқамандро ошкор ва тафтиш намуда, ҷиҳати огоҳ, пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ чораҳои самаранок меандешад;
9) фаъолияти мақомоти давлатиро оид ба гузаронидани арзёбии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳлил ва ҳамоҳанг менамояд;
10) ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
2. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро татбиқ менамояд ва дар мавриди ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо меандешад;
2) ҳамкории ҳуқуқии байналмилалиро барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ, истирдоди шахсони ҷиноятҳои коррупсионӣ содирнамударо, ки дар ҳудуди давлати хориҷӣ қарор доранд, мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ мегардонад;
3) фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар самти таҳқиқ ва тафтиши ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд ҳамоҳанг месозад;
4) ҳангоми дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ҷиҳати бартараф намудани онҳо ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда ё ба мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пешниҳод манзур менамояд;
5) таҳлил ва арзёбии маълумоти оморӣ оид ба вазъи муқовимат ба коррупсияро анҷом медиҳад;
6) ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
3. Ваколатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия бо роҳи андешидани чораҳои пешгирӣ ва ошкор кардани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд амалӣ карда мешаванд.
4. Ваколатҳои Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ дар соҳаи идоракунии ҳарбӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
5. Ваколатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия тавассути андешидани чорабиниҳои пешгирикунанда ва ошкорсозандаи ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, ки ба амнияти миллӣ таҳдид менамоянд, амалӣ карда мешаванд.
6. Ваколатҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия тавассути андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ҳангоми интиқоли молу маҳсулот аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
7. Ваколатҳои мақомоти судӣ дар самти муқовимат ба коррупсия бо тартиби пешбининамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 10. Субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд
Субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд, инҳо мебошанд:
1) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9) Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10) Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; 11) Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
12) Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
13) Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
14) Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
15) Бонки миллии Тоҷикистон;
16) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати;
17) мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
18) мақомоти дигари давлатӣ;
19) субъектҳои хоҷагидор;
20) ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ;
21) намояндагиҳои созмонҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд;
22) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.
Моддаи 11. Ваколатҳои субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд
Субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд, дар доираи ваколати худ мунтазам тарғибу ташвиқи зиддикоррупсиониро мегузаронанд, иҷрои талаботи стратегия ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсиониро таъмин менамоянд, бо мақсади ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитҳо ва хавфҳои коррупсионӣ таҳлили фаъолиятро анҷом медиҳанд.
Моддаи 12. Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машваратӣ буда, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои муқовимат ба коррупсия аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад ва ба ӯ ҳисоботдиҳанда мебошад.
Моддаи 13. Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия
1. Ҷиҳати пешгирии коррупсия дар маҳалҳо дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода мешавад.
2. Низомномаи намунавии комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз тарафи Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
БОБИ 3. ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ
Моддаи 14. Пешгирии коррупсия ва роҳҳои амалигардонии он
Пешгирии коррупсия яке аз чораҳои муқовимат ба коррупсия буда, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ;
2) таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ;
3) таҳлили хавфҳои коррупсионӣ;
4) мониторинги зиддикоррупсионӣ;
5) экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
6) чораҳои назорати давлатии молиявӣ;
7) талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор;
8) мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда;
9) ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда.
Моддаи 15. Тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ
1. Тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ чораҳои мақсадноки фаҳмондадиҳии муқовимат ба коррупсия буда, тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет, суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ ва роҳҳои дигари дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида амалӣ карда мешаванд.
2. Тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ аз тарафи субъектҳои муқовимат ба коррупсия мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 16. Таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ
1. Таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ бо роҳи ҷорӣ намудани барномаи таълимӣ бо мақсади аз худ кардани дониш, маҳорат ва масъулият оид ба огоҳ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир бо ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, баланд бардоштани савияи дониш ва фарҳанги ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд.
2. Таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 17. Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ
1. Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ бо мақсади ошкор намудани сабабу шароитҳое, ки ба коррупсия мусоидат менамоянд ё метавонанд ба он замина гузоранд, ҳамчунин таҳияи тавсияҳо ҷиҳати аз байн бурдани таъсири онҳо гузаронида мешавад.
2. Тартиби гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 18. Мониторинги зиддикоррупсионӣ
1. Мониторинги зиддикоррупсионӣ бо роҳи мушоҳида, санҷиш, таҳқиқ, омӯзиш, таҳлил, арзёбӣ ва пешбинии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, инчунин татбиқи стратегия, барнома ва нақшаҳои муқовимат ба коррупсия, тадқиқоти сотсиологӣ, маълумот оид ба огоҳонидан, пешгирӣ, ошкор, бақайдгирӣ, бартараф, санҷишу тафтиш намудан ва натиҷаи баррасии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар суд ва мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ гузаронида мешавад.
2. Натиҷаи мониторинги зиддикоррупсионӣ барои баррасӣ ва андешидани чораҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва ҷамъиятӣ фиристода мешавад.
Моддаи 19. Экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" гузаронида мешавад.
Моддаи 20. Чораҳои назорати давлатии молиявӣ
1. Бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани кирдорҳои коррупсионӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дигар, ки дар онҳо маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ истифода карда мешаванд, бо роҳи гузаронидани санҷишҳои молиявӣ чораҳои назорати давлатии молиявӣ амалӣ карда мешаванд.
2. Тартиби амалӣ намудани назорати давлатии молиявиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 21. Талабот нисбати довталабони мансабҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор
1. Бо мақсади роҳ надодан ба суиистифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он ба манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва шахсони дигар дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати довталабони мансабҳои давлатӣ, шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, инчунин шахсони ба онҳо баробаркардашуда маҳдудият ва уҳдадориҳои махсус муқаррар карда мешаванд.
2. Таъин (интихоб) шудан ба мансаби давлати ба сифати шахсе, ки барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор шудааст ва шахси ба он баробаркардашуда маънои ихтиёран ба зимма гирифтани ин уҳдадорӣ ва маҳдудиятҳоро дорад.
3. Маҳдудият ва уҳдадориҳо нисбати шаҳрвандоне, ки ба сифати номзад ба мансабҳои давлатии интихобӣ ба қайд гирифта шудаанд, бо қонунгузорӣ дар бораи интихобот муқаррар карда мешаванд.
4. Довталабони мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ҳангоми таъин (интихоб) шудан, шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони мансабдори давлатии ба онҳо баробаркардашуда, ҳангоми дар мансаб будан уҳдадоранд ҳар сол ба ҷойи кор ва мақомоти андози ҷои зист эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ пешниҳод намоянд.
5. Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳангоми таъин (интихоб) ба мансаб ва ҳангоми дар мансаб будан уҳдадоранд ҳар сол оид ба вазъи молумулкии худ ба мақомоти болоии худ ва оид ба даромад ба мақомоти андози ҷои зист маълумот пешниҳод намоянд.
Моддаи 22. Мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда
1. Шахс дар чунин мавридҳо наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъин ё интихоб шавад:
1) доштани доғи судӣ барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда;
2) агар барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шуда бошад ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад;
3) эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф намудани шахс;
4) надоштани таҳсилот, ихтисос ё собиқаи кории дахлдоре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ҳатмӣ мебошад;
5) бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда будани мансаби ишғолшаванда ё ишғолнамудаи ӯ ба мансабҳое, ки онро хешовандони ӯ ишғол кардаанд;
6) дар сурати соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати хориҷӣ ё аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахси бешаҳрванд будан, ба истиснои ҳолатҳое, ки таъин ё интихоби чунин шахсон ба хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешбинӣ гардида бошанд;
7) мавридҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
2. Мамониатҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, ба мансабҳои ташкилоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, татбиқ карда мешавад.
3. Дар сурати риоя накардани мамониати дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, қарори ба мансаб таъин ё интихоб шудани шахс бо эътироз ё пешниҳоди прокурор, дастури хаттӣ ё пешниҳоди мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ё бо ташаббуси худи мақомоти қарорро қабулкарда ё мақомоти болоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда мешавад.
Моддаи 23. Маҳдудият вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда
1. Ба шахси барои иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ваколатдор ва мансаби ба он баробаркардашуда иҷрои корҳои зерин манъ аст:
1) ба фаъолияти мақомоти дигари давлатӣ, ки ба доираи ваколатҳои мансабиаш дохил нест, дахолат намояд;
2) ба кори дигари музднок машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ;
3) аз рӯи масъалаҳои вобаста ба фаъолияти мақомоти давлатие, ки дар он хизмат мекунад, бевосита тобеъ ё таҳти назорати он мақомот қарор дорад, ҳамчун вакили шахси сеюм иштирок намояд;
4) шахсан ё ба воситаи шахсони боваринок ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад;
5) дар бонкҳои хориҷие, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, суратҳисобҳо кушояд ва пасандозҳо дошта бошад;
6) захираҳои молиявӣ, моддию техникӣ, нақлиётӣ, захираҳои дигари давлатӣ ё ҷамъиятӣ ва иттилооти хизматиро ба мақсадҳои ғайрихизматӣ истифода намояд;
7) аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои хизмате, ки ҳангоми амалигардонии ваколаташ анҷом додааст ё ба манфиати шахси дигар анҷом надодааст, подош (дар намуди пул, мол, хизматрасонӣ, истироҳат, хароҷоти нақлиёт ва ғайра) гирад, ба шахсони мансабдори болоӣ туҳфа диҳад ё хизмат расонад;
8) аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ба саёҳат ва сафарҳои дохилӣ ва хориҷӣ равад, табобат ва истироҳат намояд, ба истиснои сафарҳо бо даъвати хешовандон ва мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ё бо мувофиқаи байни мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти давлатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки аз ҳисоби онҳо сурат мегиранд;
9) супоришу дастурҳои ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ ва субъектҳои хоҷагидорро, ки ба фаъолияти мақомоти давлатӣ дахл доранд, иҷро намояд ё мақоми хизматии худро ба манфиати онҳо истифода барад;
10) барои дар матбуот, радио ва телевизион интишор ва пахш гардидани мақолаю баромадҳои дар чорабиниҳои расмӣ ба сифати хизматчии давлатӣ баёнкарда, ки таҳияи онҳо ба уҳдадории хизматиаш дохил мешавад, музд гирад.
2. Шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда уҳдадоранд дар муҳлати на дертар аз понздаҳ рӯзи кории пас аз ба хизмати давлатӣ дохил шудан ҳиссаи дар сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилоти тиҷоратӣ доштаашонро ба шахси дигар бо ҳуқуқи идораи ба боварӣ асосёфта диҳанд.
3. Шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба он баробаркардашуда туҳфаҳои ҳангоми баргузории чорабиниҳои протоколӣ, сафарҳои хизматӣ ва чорабиниҳои дигари расмӣ гирифтаашро ҳамчун молу мулки давлатӣ бояд бо санади дахлдор ба мақомоте, ки дар он фаъолият менамояд, супорад, ба истиснои армуғон ва туҳфаҳои дигари рамзӣ, ки арзиши умумии онҳо дар давоми сол аз сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад.
4. Риоя накардани маҳдудиятҳои номбурда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҷавобгарӣ кашидан асос мегардад.
БОБИ 4. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОИ БА КОРРУНСИЯ АЛОҚАМАНД ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ОНҲО
Моддаи 24. Ҳуқуқвайронкуниҳое, ки барои коррупсия шароит ба вуҷуд меоваранд ва ҷавобгарӣ барои онҳо
1. Ба ҳуқуқвайронкунии барои коррупсия шароит бавуҷудоваранда кирдорҳои зерини шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба он баробаркардашуда дохил мешаванд:
1) истифода аз мақоми хизматии худ дар ҳалли масъалаҳое, ки ба манфиатҳои шахсӣ, хешовандон ё шахсони сеюм алоқаманданд;
2) монеъ шудан ё дахолати ғайриқонунӣ ба иҷрои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назоратӣ дар ҳудуди муайян ё нисбати объектҳо ва ё шахсони мушаххас;
3) иштирок ба сифати намояндаи манфиатдори шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз рӯи корҳои мақомоте, ки ин шахс дар он ҷо кор мекунад ё дар тобеияти вай қарор дорад, ё ин ки фаъолияти онҳоро назорат мекунад, аз ҷумла иштирок ба сифати ҳимоятгари ҷамъиятӣ ё намоянда (ба истиснои ҳолатҳои намояндагии қонунӣ) аз рӯи парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
4) иштирок дар қиморбозиҳои пулӣ ё қиморбозиҳои дигари дорои хусусияти молумулкӣ бо шахсони мансабдори болои ё тобеъ ва ё аз ягон ҷиҳат тобеияти хизматидошта;
5) машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, иштирок дар идоракунии фаъолияти ҷамъияти хоҷагидор ё ташкилоти дигари тиҷоратӣ, аз ҷумла дар ҳайати мақомоти идоракунии ташкилоти тиҷорати, ки узвият дар онҳо бе нишон додани манфиати махсуси шахсӣ ғайриимкон аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) узвият дар мақомоти идоракунӣ, шӯроҳои нозирон ё парасторон, мақомоти дигари ташкилотҳои ғайритиҷоратии хориҷӣ ва воҳидҳои сохтории дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунандаи онҳо, агар дар қонунгузорӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад;
7) пешбарӣ ё таъин шудан ба мансаб ба сифати шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда, дар сурати мавҷуд будани мамониатҳо барои ишғол намудани чунин мансаб, ки дар моддаи 22 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд ва ё дидаву дониста риоя накардани маҳдудияти пешбининамудаи ҳамин Қонун доир ба хизмати якҷояи хешовандон, дидаву дониста, ғайриқонунӣ аз мансаб озод намудан ё ба мансаби дигар гузаронидани кормандон;
8) пешниҳоди бартариҳои бо Қонун пешбининагардида зимни таъин ё пешбарӣ ба хизмати давлатӣ, таҳсил, фаъолияти илмӣ ва фаъолияти дигари ба онҳо монанд;
9) риоя накардани тартиби бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршудаи баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ба эътибор нагирифтани бартарӣ, имтиёзҳо ва навбати бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ҳангоми ҳалли онҳо;
10) ҳангоми амалӣ намудани фаъолият ва ҳуқуқу уҳдадориҳои мансабӣ аз рӯи ғараз ва манфиати шахсӣ қабул кардани қарорҳо ва санадҳои дигари ғайриқонунӣ, содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла ҷиҳати ба кор қабул намудан, аз кор озод намудани шахс ва амалҳои дигаре, ки ҳуқуқу манфиатҳои шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқиро халалдор месозанд ва ба онҳо зарар мерасонанд.
2. Содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда аз ҷониби шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда, агар дар кирдори онҳо таркиби ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавҷуд набошад, боиси ҷазои интизомӣ мегардад.
Моддаи 25. Ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ҷавобгарӣ барои онҳо
1. Кирдорҳои зерини шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба он баробаркардашуда ҳуқуқвайронкунии ба коррупсия алоқаманд ҳисобида мешаванд:
1) аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ғайриқонунӣ талаб намудани иҷрои шартҳои иловагӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва талаботи дигари бо санадҳои ҳуқуқӣ пешбининагардида, ба вуҷуд овардани монеаҳои дигари сунъӣ ва ғайриқонунӣ зимни таъин (интихоб) ва (ё) пешбари шудан ба мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, ҷобаҷогузорӣ, ҷойивазкунӣ, таҳсил, фаъолияти илмӣ ва ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқу уҳдадориҳо ва вазифаҳои дигари давлатӣ;
2) додани ваколатҳо оид ба танзими давлатии фаъолияти соҳибкори ва назорати фаъолияти соҳибкорӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба чунин фаъолият машғуланд;
3) қабули подош дар шакли пул, хизматрасонӣ ва шаклҳои дигари барои фаъолияти худ аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳое, ки шахси мазкур дар онҳо вазифаҳои дахлдорро иҷро намекунад, инчунин аз ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва шахсони воқеӣ, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад;
4) қабул кардани туҳфа ва хизматрасониҳои дигари вобаста ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё вазифаҳои ба онҳо баробаркардашуда аз шахсони аз рӯи вазифа тобеъ, ба истиснои армуғон ва туҳфаҳои дигари рамзӣ ҳангоми баргузории чорабиниҳои протоколӣ ва расмии дигар, ки арзиши умумиашон дар як сол аз сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд нест, инчунин додани чунин туҳфаву хизматрасониҳо ба шахси мансабдори болоӣ;
5) истифодаи бартариҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбининагардида дар гирифтану баргардонидани кредит ва қарзҳо, харидани қоғазҳои қиматнок, молу мулк, пардохти андозҳои давлатӣ ва иҷрои уҳдадориҳои дигар;
6) додани бартарӣ ё имтиёзҳои ғайриқонунӣ ё беасос ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми таҳия ва қабули қарорҳо, ҷойгиркунии фармоишоти давлатӣ ва фармоишҳои дигаре, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва ё аз ҳисоби ташкилотҳои дигар, новобаста ба шакли моликияташон, тақсимоти воситаҳои пулӣ ва молӣ, захираҳои энергетикӣ ва табиӣ, пардохти андозҳо, баргардонидани қарзҳо ва иҷрои ухдадориҳои дигари пулӣ ва молӣ;
7) бе қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ ба ҳуқуқи моликият ё ба истифодаи ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахсони воқеӣ ройгон додани захираҳои пулӣ ва молии давлатӣ;
8) бо мақсадҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва мақсадҳои дигари ғайрихизматӣ истифода намудани бино, воситаи нақлиёт ва алоқа, воситаҳои электронии алоқа ва захираҳои пулӣ ва молии давлатӣ;
9) ба фондҳои интихоботии номзадҳо ба вакилӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ гузаронидани захираҳои пулӣ ва молии давлатӣ;
10) беасос иҷро накардани дархост, пешниҳод, амр, дастур, қарор ва санадҳои дигари дар доираи ваколаташон қабулнамудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти назоратӣ ва суд;
11) ба манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ истифода намудани маълумоте, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ба даст омадааст ва паҳнкунии чунин маълумот манъ аст;
12) дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, халалдор кардани мустақилият ва вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ғайриқонунӣ барҳамдиҳӣ ё азнавташкилдиҳии онҳо, дахолат ба таъин ё интихоб намудан ба мансаб ва ё аз мансаб озод намудани роҳбарон ва кормандони субъектҳои хоҷагидор, маҳдуд намудани рақобат дар бозори мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ;
13) ғайриқонунӣ аз ҳисоб баровардан, риоя накардани тартиби баҳодиҳӣ, ба фурӯш баровардани молу мулк, баргузор намудани музояда ва тендерҳо оид ба хусусигардонии молу мулки давлатӣ ва хариди давлатии мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, ки ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарар расонидааст, инчунин аз тарафи роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ худсарона ба иҷора додан ё фурӯхтани молу мулки давлатӣ, беасос вайрон намудани молу мулки ғайриманқули давлатӣ;
14) ғайриқонунӣ ё бо шартҳои ошкоро номувофиқ ба манфиатҳои давлат ва ташкилотҳо барои истифода ё иҷора додани воситаҳои асосӣ, замин ва ё сарватҳои дигари моддию табиӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ғайриқонунӣ рад намудан ҳангоми додан ё кашида гирифтани онҳо;
15) пинҳон намудан аз баҳисобгирӣ, ба расмият надаровардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ошкоршуда, ғайриқонунӣ озод намудан аз ҷавобгарии маъмурӣ ё доир ба ин ҳуқуқвайронкуниҳо қабул намудани қарорҳои ошкоро ба кирдори содиршуда номувофиқ, инчунин чораҷӯй накардан вобаста ба ҷуброни зарари расонидашуда;
16) тартиб додан, ба расмият даровардан, тасдиқ намудан ё ба қайд гирифтани санад, аҳд, шартнома, эъломия ва ҳуҷҷатҳои аввалияи муҳосибавӣ ҷиҳати хариду фурӯш, туҳфа кардан, иваз намудан, гарав, иҷора, хусусигардонӣ, аз ҳисоб баровардан ва аҳдҳои дигар оид ба ихтиёрдорӣ, истифода ва интиқоли молу мулк, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, ки дар онҳо нарх, миқдор, ҳаҷм, соли истеҳсол ва нишондиҳандаҳои дигари молу мулк, иҷрои кор ва хизматрасонӣ таҳриф карда шуда, ба ин восита ба манфиатҳои давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарар расонида шудааст;
17) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар татбиқи ҳуқуқу манфиатҳо ва уҳдадориҳои қонуниашон ба вуҷуд овардани монеаҳои сунъӣ, аз онҳо талаб кардани ҳуҷҷат ва маълумоте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳоди онро аз ҷониби ин шахсон пешбинӣ намекунад ё рад намудани ба онҳо додани чунин санаду маълумот, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидааст, ба таъхир андохтани пешниҳоди маълумот, додани маълумоти нопурра ё нодуруст, ғайриқонунӣ ба гарав гирифтани ҳуҷҷатҳои ба онҳо мансуббуда;
18) ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод накардани хабару маълумоти мавҷуда оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия алоқаманд ё ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;
19) ба мақомоти барои баррасӣ ва қабули қарор ваколатдор пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардани санад ва маводи тафтишу санҷиш, ки дар онҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо маълумот мавҷуд аст, сарфи назар аз натиҷаи онҳо;
20) иҷро накардани чорабиниҳои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва нақшаи татбиқи онҳо;
21) ҳуқуқвайронкуниҳои дигаре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд эътироф карда шудаанд.
2. Ҷавобгарӣ барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд аз рӯи хусусият ва дараҷаи ба ҷомеа хавфнокиашон бо қонунгузории меҳнат, гражданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои алоҳидаи ба коррупсия алоқаманд
1. Барои ба шахсони мансабдори давлатии барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда пешниҳод намудани неъматҳои моддиву ғайримоддӣ, хизматрасонӣ ва фоида гирифтан ҷиҳати моил кардани онҳо ба кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) муайян ба манфиати пешниҳодкунандаи ин неъмату хизматрасониҳо ё шахсони дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ муайян карда мешавад.
2. Агар нисбати шахсоне, ки неъматҳои моддиву ғайримоддӣ, хизматрасонӣ ва фоидаро ба шахсони мансабдори давлатии барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур додаанд, тамаъҷӯӣ ҷой дошта бошад ва дар ин бора ихтиёран ба субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда хабар дода бошанд, онҳо аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд.
3. Барои саркашии бадқасдонаи шахси барои пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ ваколатдор ё роҳбари ташкилот аз амалиёти молиявию хоҷагидорӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, ба расмият даровардан ё ба ҳуҷҷатҳои ҳисоботи молиявӣ, муҳосиботӣ ва оморӣ даровардани маълумоти таҳрифшуда оид ба фаъолият ё амалиёти молиявию хоҷагидорӣ, инчунин нобуд кардани ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари баҳисобгирӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 27. Кафолати дахлнопазирии шахсе, ки дар муқовимат ба коррупсия мусоидат менамояд
1. Шахсе, ки дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ хабар додааст ё бо тарзи дигар дар муқовимат ба коррупсия мусоидат намудааст, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.
2. Иттилоот дар бораи шахсе, ки дар муқовимат ба коррупсия мусоидат намудааст, сирри давлатӣ буда, дар ҳолати зарурӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Ошкор намудани ин сир боиси ҷавобгарии бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мегардад.
3. Ҳимояи давлатии шахсе, ки дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ хабар додааст ё бо тарзи дигар дар муқовимат ба коррупсия мусоидат намудааст, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ" таъмин карда мешавад.
Моддаи 28. Ошкор ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда
Субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд ҳангоми баррасии парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ сабаб ва шароитҳои барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунандаро ошкор карда, ҷиҳати бартараф намудани онҳо чораҳои дахлдор андешанд.
Моддаи 29. Қабули қарори дастаҷамъонаи хусусияти коррупсионидошта ва ҷавобгарӣ барои он
Барои қабули қарори хусусияти коррупсионидошта, ки дастаҷамъона қабул карда шудааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 30. Тартиби баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд
Ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешаванд.
БОБИ 5. БАРТАРАФ НАМУДАНИ ОҚИБАТҲОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОИ БА КОРРУПСИЯ АЛОҚАМАНД
Моддаи 31. Ситонидани молу мулки ғайриқонунӣ гирифташуда ё арзиши хизматрасонии ғайриқонунӣ
Молу мулк ва арзиши хизматрасониҳои дар натиҷаи ҳуқуқвайронкунии ба коррупсия алоқаманд бадастовардашуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешаванд ва ё ба фоидаи давлат ё шахсе, ки аз ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд зарар дидааст, ситонида мешаванд.
Моддаи 32. Беэътибор донистани санадҳои ба коррупсия алоқаманд
Санадҳои дар натиҷаи ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд қабулгардида мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси худи мақомот ё бо ҳуҷҷатҳои мавриди эътиноии прокурорӣ, мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақомоти барои қабули он ваколатдор ё мақомоти болоӣ ва ё аз тарафи суд беэътибор дониста мешаванд.
БОБИ 6. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ
Моддаи 33. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия
Ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия дар асоси принсипҳои ҳамкорӣ мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- муайян кардани шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ гумонбар (айбдоршаванда) дониста шудаанд, ҷойи будубоши онҳо, ҳамчунин ҷойи будубоши шахсони дигаре, ки бо чунин ҷиноятҳо алоқаманданд;
- пешниҳод намудани ашё ё намунаи онҳо барои гузаронидани тадқиқот ё экспертизаи судӣ дар ҳолатҳои зарурӣ;
- мубодилаи маълумот доир ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия;
- муайян намудани молу мулки дар натиҷаи ҷиноятҳои коррупсионӣ бадастовардашуда ва баргардонидани онҳо;
- ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба муқовимат ба коррупсия ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 34. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 35. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" аз 25 июли соли 2005 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 402; с. 2007, №7, мод. 660; с. 2008, №10, мод. 800; с. 2011, №12, мод. 837; с. 2014, №3, мод. 148; с. 2017, №1-2, мод. 8, мод. 9, №5, қ. 1, мод. 297; с. 2019, №1, мод. 11, №4-5, мод. 216) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 36. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 7 августи соли 2020 № 1714