Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи ташкилотҳои сохтори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3 ва 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.
3. Ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовини раис, аз ҷумла як муовини якуми раис, ҳайати мушовара иборат аз 9 нафар ва лимити автомошинаҳои сабукрави хизматӣ барои дастгоҳи марказӣ ба миқдори 4 адад дошта бошад.
4. Маблағгузории Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи идоракунии он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои суратҳисоби махсус ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода шавад.
5. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бастани шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ намояд.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 28 декабри соли 2006, №610 аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 июли соли 2020 № 428
ш. Душанбе