Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, №524
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, №524 "Дар бораи тасдиқи низомномаҳои Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника, Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати нави ин Кумита" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- муқаддимаи қарор дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:";
- аз банди 1 калимаи "замимагардидаи" хориҷ карда шуда, лас аз калимаи "шаванд" калимаҳои "(замимаҳои 1 ва 2)" илова карда шаванд;
- аз банди 2 калимаи "замимагардидаи" хориҷ карда шуда, пас аз калимаи "шавад" калимаи "(замимаи 3)" илова карда шавад;
2. Ба Низомномаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, №524 тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- ба сархати якуми банди 1 баъд аз калимаи "техникӣ," калимаи "тиббӣ," илова карда шавад;
- банди 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"4. Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ташкилотҳои илмӣ ва илмию техникӣ, ҳайати мушовараи вазорату идораҳо, шӯроҳои илмӣ ва илмиву техникии муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ҳуқуқи пешбарии корҳоро барои гирифтани Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино доранд. Пешбарии корҳо тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ва ё кушода сурат мегирад. Агар кори барои дарёфти Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника пешниҳодшуда аз озмун нагузашта бошад, пешниҳоди баъдии он барои дарёфти ҷоизаҳо иҷозат дода намешавад.";
- дар банди б калимаи "апрели" ба калимаи. "июни" иваз карда шавад;
- дар банди 7 калимаи "майи" ба калимаи "июни" иваз карда шавад;
- ҷумлаи сеюми банди 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Муҳокимаи корҳоро метавонанд ҳайати таҳририяи рӯзномаҳо, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони иттиҳодияю корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои илмӣ, илмию техникӣ ва таълимӣ доир намоянд.".
3. Ба Низомномаи Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, №524, тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) аз ҳисоби олимон ва мутахассисони барҷаста дар асоси тавсияҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ташкил карда мешавад ва бо пешниҳоди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати чор сол тасдиқ карда мешавад.
Узвият дар ҳайати Кумита на бештар аз ду муҳлат ба истиснои раиси Кумита ва котиби илмии Кумита, иҷозат дода мешавад.";
- дар сархати сеюми банди 4 ва банди 6 калимаҳои "Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
4. Ҳайати Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2015, №451 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, №524" тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 июли соли 2020 № 440
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июли соли 2020, №440
Ҳайати Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раёсати Кумита
- Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (раиси Кумита);
- вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини раис);
- саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (котиби илмии Кумита);
- мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;
- мудири шуъбаи илм ва инноватсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (раиси шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ);
- ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (раиси шуъбаи илмҳои биологӣ ва тиббӣ);
- ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (раиси шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ);
- муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон;
- президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;
Ҳайати бахши илмҳои физикаю математика, химия, геология ва илмҳои техникӣ
Ғаниев И.Н. - ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ (раиси бахш)
- мудири озмоишгоҳи Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илми химия, профессор, (муовини раис)
Низомов Ҷ.Н.- мудири шуъбаи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор (котиби илмӣ)
Бобизода Ғ.М. - президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илми биологӣ, профессор
Қоҳирова Г.И. - директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика.
Одинаев С. - сарходими илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор
Одинаев Ҳ. - ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор
Файзиев А.Р. - мудири шуъбаи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор
Ҳайати бахши илмҳои биологӣ, тиббӣ ва кишоварзӣ
Гулов С.М. - ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси шуъбаи илмҳои биологӣ ва тиббӣ (раиси бахш)
- узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессори кафедраи меваю сабзавот ва токпарварии Муассисаи давлатии "Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур" (муовини раис)
Салимзода А.Ф. - вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор
Ҳисориев Ҳ. - мудири шуъбаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор (котиби илмӣ)
Аҳмадов Ҳ.М. - мудири шуъбаи Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ
Давлатзода С.Х. - ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ
Мироҷов Ғ.Қ. - академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои тиббӣ, профессор
Абдуллоев Ҳ.- мудири шуъбаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор (котиби илмӣ)
Гулзода М.Қ. - ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиббӣ, профессор
Асозода Н. - президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ
Ғоибзода А.Ҷ. - узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои тиббӣ, профессор
Ҳайати бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ
Имомзода М.С - ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ (раиси бахш)
- вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор (муовини раис)
Неъматов А.Р. - муовини саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми ҳуқуқ (котиби илмӣ)
Убайдулло Н. - директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми таърих, профессор
Маҳмудзода М.А. - академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми ҳуқуқ, профессор
Музаффарӣ М - узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор
Хушвахтзода Қ. - ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ
Зиёӣ Х.М. - директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор
Искандаров А. - мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ