Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020 № 437 "Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996, №311"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996, №311

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ҳайати Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996, №311 "Дар бораи тасдиқи низомномаҳои Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика, Кумитаи ҷоизаи мазкур ва ҳайати ин Кумита" тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 июли соли 2020 № 437

ш. Душанбе

аз 30 июли соли 2020 № 437

ш. Душанбе

...

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июли соли 2020, №438

Ҳайати Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Исматуллозода Ширин -муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита

2. Низом Қосим - раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муовини раиси Кумита

аъзои Кумита

3. Абдураҳмон Абдуманнон - мунаққид ва адабиётшинос, номзади илми филология, муовини сармуҳаррири Маркази тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

4. Билолов Саидқул -  ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ

5. Ваҳҳобзода Рустам -шоир ва адабиётшинос, номзади илми филология, сармуҳаррири маҷаллаи "Садои Шарқ"

6. Ғанизода Ҷамшед - ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

7. Муҳаммад Ғоиб -   шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ

8. Достизода Миралӣ - ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов

9. Машраб Ибодулло -  ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ

10. Мирзоев Суҳроб - театршинос, директори Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, раиси Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон

11. Муртазоев Бахтиёр - публитсист, Корманди шоистаи Тоҷикистон, раиси Шӯрои очерк ва публитсистикаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

12. Амирбеки Мӯсо - раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

13. Саидов Носир -  корманди шоистаи Тоҷикистон, директори муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина"

14. Муҳаммадулло Табарӣ - театршинос, номзади илми таърих, мудири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи "Ҷумҳурият"

15. Хочаева Иноят (Фарзона) -  шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ

16. Ҳақдодов Сафар -  раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон

17. Ҳамидова Наргис -  раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон