Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2020 № 1703 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 апрели соли 2020, № 62 

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 июни соли 2020, № 36

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №7-8, мод.606; с.2012, №4, мод.252, №7, мод.686, №12, қ.1, мод.1024; с.2014, №7, қ.2, мод.400, №12, мод.824; с.2015, №11, мод.957, №12, қ.1, мод.1113; с.2016, №5, мод.364, №7, мод.618; с.2019, №4-5, мод.218; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020, №1666) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 1 сархатҳои даҳум, ёздаҳум, дувоздаҳум, сенздаҳум, чордаҳум ва понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ - маҷмӯи воситаҳои барномавӣ, усулҳо ва расмиёт барои гирифтани дархости электронӣ, қабул, тартиб додан, коркард, супоридан, нигоҳдорӣ ва тафтиши пуррагии ҳуҷҷатҳои электронӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;

- шакли электронии иҷозатдиҳӣ - иҷозат дар шакли ҳуҷҷати электронӣ, ки бо истифода аз низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба расмият дароварда ва гирифта мешавад;

- барасмиятдарории электронии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ барасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бо истифода аз технологияи иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар доираи ҳамгироии электронии байни мақомоти давлатӣ, ташкилоти ваколатдор ва дархосткунандагон;

- ҳамгироии байниидоравии электронӣ - мубодилаи маълумот байни мақомоти давлатӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ;

- дархости электронии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ - ҳуҷҷат барои додани иҷозат, ки тибқи шакли ягонаи электронии тасдиқшуда аз ҷониби дархосткунанда тартиб дода шудааст;

- махзани электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ - ҷузъи низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, ки дорои маълумот оид ба ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ додашуда ва маълумоти дигари оморию таҳлилӣ мебошад;".

2. Ба моддаи 6 сархатҳои дувоздаҳум ва сездаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- амалӣ намудани расмиёти иҷозатдиҳӣ барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар шакли электронӣ тавассути низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;

- фиристодани дархости электронӣ ба мақомоти давлатӣ оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумот, ки барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ зарур мебошанд;".

3. Дар моддаҳои 7 ва 29 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.

4. Дар моддаи 10:

- ба қисми 4 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Дар доираи низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ махзани электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ пеш бурда мешавад.";

- қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"7. Тартиби баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои электронии иҷозатдиҳиро Ҳукумати Ҷумҳурии. Тоҷикистон муайян менамояд.".

5. Қисми 2 моддаи 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Принсипи масъулияти изҳоршуда ҳангоми додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки сархатҳои дуюм, сеюм, панҷум ва шашуми банди 2), сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум ва ҳафтуми банди 3), банди 4), сархати якуми банди 5), сархатҳои якум ва дуюми банди 6), сархатҳои якум, дуюм ва сеюми банди 7), бандҳои 8) - 10), 12)-15), сархатҳои дуюм, сеюм ва шашуми банди 16) моддаи 29 Қонуни мазкур муқаррар намудаанд, татбиқ намегардад.".

6. Матни моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз рӯи принсипи равзанаи ягона ба воситаи ҳамгироии байниидоравии электронӣ бо истифода аз низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ амалӣ карда мешавад.

2. Мақомоти давлатӣ бо дархости мақоми иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои электронӣ, иттилоот ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро дар мӯҳлати панҷ рӯзи корӣ баъд аз гирифтани дархости дахлдор ирсол мекунанд.

3. Агар мақоми давлатӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба дархости мақоми иҷозатдиҳӣ ва ё дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷавоб надиҳад, ҳуҷҷатҳо ва иттилооти дахлдор мувофиқашуда ва ё тасдиқшуда ҳисобида мешаванд.".

7. Дар моддаи 16:

- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Расмиёти маъқулдонии худ аз худ нисбат ба ҳамаи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда додашуда татбиқ карда мешавад, ба истиснои ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, ки мувофиқи сархатҳои дуюм, сеюм, панҷум ва ҳафтуми банди 2), сархати панҷуми банди 3), сархати якуми банди 4), сархати сеюми банди 7), бандҳои 8), 10), 14) ва 15), сархати шашуми банди 16) моддаи 29 Қонуни мазкур дода мешаванд.";

 - қисми 8 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"8. Ҳангоми дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти давлатии дахлдор ба дархосткунанда пешниҳод нагардидани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар доираи низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, низом онро додашуда меҳисобад.".

 8. Аз қисми 2 моддаи 17. калимаҳои "дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд.

9. Ба қисми 1 моддаи 21 пас аз калимаҳои "(дар шакли ҳуҷҷати электронӣ бо имзои рақамӣ)" калимаҳои ", инчунин дархости электронии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ тибқи шакли ягона дар доираи низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ" илова карда шаванд.

10. Қисми 3 моддаи 22 дар таҳрири зерин ифода карда шавад;

"3. Додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар шакли электронӣ тавассути низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ амалӣ карда мешавад. Иҷозате, ки дар шакли электронӣ дар доираи низоми мазкур дода шудааст, ҳамчун ҳуҷҷати ҳомили коғазии он эътибори ҳуқуқӣ дорад.".

11. Дар қисми 1 моддаи 29:

- бандҳои 1) ва 2) дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"1) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ:

- иҷозати воридоти карантинӣ;

- аттестати байторию санитарии шароити истеҳсолот.

2) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:

- хулосаи санитарию эпидемиологӣ;

- мувофиқакунонии усулҳои нобудсозии пеститсидҳо ва заҳрхимикатҳои мӯҳлати истифодабариашон гузашта ва иҷозати истифодабарӣ надошта;

- мувофиқакунонии лоиҳаҳои биноҳои қабул ва нигоҳдории пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга (нуқтаҳои қабул) ва таҷҳизоти он;

- шаҳодатномаи аккредитатсияи субъектҳои соҳибкории фармасевтӣ, аз ҷумла намояндагиҳои тиббии ташкилотҳои фармасевтии хориҷии ба фаъолият дар соҳаи фармасевтӣ машғулбуда;

- рухсатнома барои гузаронидани озмоишҳои клиникӣ;

- рухсатнома барои воридот ва содироти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ;

- шаҳодатномаи воридот ва содироти маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар соҳаи тиб истифодашаванда.";

- бандҳои 3) ва 4) хориҷ карда шаванд;

- сархати чоруми банди 8) хориҷ карда шавад;

- дар сархати панҷуми банди 9) аломати нуқтавергул ";" ба аломати нуқта иваз карда, сархатҳои шашум ва ҳафтум хориҷ карда шаванд;

 - дар сархати якуми банди 10) аломати нуқтавергул ";" ба аломати нуқта иваз карда, сархатҳои дуюм ва сеюм хориҷ карда шаванд;

- сархатҳои якум, дуюм, сеюм, панҷум, шашум ва ҳафтуми банди 11) хориҷ карда шаванд;

- дар номи банди 12) калимаи "авиатсия" ба калимаҳои "авиатсияи гражданӣ" иваз карда шавад ва дар сархати нуҳуми банди мазкур аломати нуқтавергул ";" ба аломати нуқта иваз карда, сархати даҳум хориҷ карда шавад;

- банди 18) хориҷ карда шавад;

- сархати панҷуми банди 19) хориҷ карда шавад;

- бандҳои 5) - 17), 19) мувофиқан бандҳои 3) - 16) ҳисобида шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 4 июли соли 2020 № 1703