Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020 № 265 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №31"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №31

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №31 "Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) дар банди 2:

- зербанди е) бо мазмуни зерин илова карда шавад;

"е) намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон - намояндагиҳои вазорат ва бюроҳои консулӣ;";

 - зербандҳои е) - и) мувофиқан зербандҳои ё) - й) ҳисобида шаванд;

2) зербанди в) банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

 "в) намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки раводидро бо тартиби дар Қоидаҳои мазкур ва низомномаи намояндагиҳо муқарраргардида медиҳанд.";

3) дар банди 16 калимаҳои "барои ташрифи муваққатӣ" хориҷ карда шаванд;

4) дар банди 17 калимаҳои "доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва" хориҷ карда шаванд;

5) дар банди 25 калимаҳои "дар ҳолатҳои истисноӣ" хориҷ карда шаванд;

...

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011, №177

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011, №177 "Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод додани қитъаҳои замин" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 1 калимаҳо ва рақамҳои "хоҷагиҳои деҳқонӣ ва қитъаи навъсанҷии" ва "78,41 гектар замини корами лалмӣ ва 194.18 гектар чарогоҳ" мувофиқан ба калимаҳо ва рақамҳои "хоҷагиҳои деҳқонии" ва "91,39 гектар замини корами лалмӣ, 158,99 гектар чарогоҳ ва 22,21 гектар дигар заминҳои ғайрикишоварзӣ" иваз карда шаванд;

- дар сархати якуми банди 2 рақами "80,63" ба рақами "93,42" иваз карда шавад;

- дар сархати дуюм рақамҳои "30,90", "28,65" ва калимаи "ва" мувофиқан ба рақамҳои "37,40", "33,79" ва аломати "," иваз карда шуда, пас аз калимаи "чарогоҳ" калимаҳо ва рақами "ва 1,36 гектар дигар заминҳои ғайрикишоварзӣ" илова карда шаванд;

- дар сархати сеюм рақамҳо ва калимаҳои "12,50 гектар, аз ҷумла: 6,10 гектар замини корами лалмӣ ва 6,40 гектар чарогоҳ" ба рақам ва калимаҳои "8,53 гектар чарогоҳ" иваз карда шаванд;

- дар сархати панҷум рақам ва калимаҳои "8,17 гектар замини корами лалмӣ" ба рақамҳо ва калимаҳои "15,41 гектар, аз ҷумла 12,45 гектар замини корами лалмӣ ва 2,96 гектар чарогоҳ" иваз карда шаванд;

- дар сархати шашум калимаҳо ва рақами "7,33 гектар чарогоҳ" ба калимаҳо ва рақамҳои "7,79 гектар, аз ҷумла 1,80 гектар замини корами лалмӣ ва 5,99 гектар чарогоҳ" иваз карда шаванд;

 - дар сархати ҳаштум рақами "38,95" ба рақами "2,34" иваз карда шавад;

- дар сархати нуҳум рақами "12,54" ба рақами "6,32" иваз карда шавад;

- дар сархати ёздаҳум рақамҳои "32,59" ва "30,59" мувофиқан ба рақамҳои "27,24" ва "25,24" иваз карда шаванд;

- дар сархати сенздаҳум рақамҳо ва калимаҳои "7,26 гектар, аз ҷумла 0,70 гектар замини корами лалмӣ ва 6,56 гектар чарогоҳ" мувофиқан ба рақамҳо ва калимаҳои "22,81 гектар, аз ҷумла 0,70 гектар замини корами лалмӣ, 1,41 гектар чарогоҳ ва 20,70 гектар заминҳои ғайрикишоварзӣ" иваз карда шаванд;

- дар сархати чордаҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

- сархати понздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- аз ҳисоби заминҳои хоҷагии ҷангал майдони умумии 9,61 гектар, аз ҷумла 7,86 гектар замини корами лалмӣ, 1,60 гектар чарогоҳ ва 0,15 гектар замини ғайрикишоварзӣ.";

- дар банди 4 калимаи "заминсозӣ" ба калимаҳои "идораи замин" иваз карда шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 майи соли 2020 № 264

ш. Душанбе