Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020 № 265 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №31"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №31

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №31 "Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) дар банди 2:

- зербанди е) бо мазмуни зерин илова карда шавад;

"е) намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон - намояндагиҳои вазорат ва бюроҳои консулӣ;";

 - зербандҳои е) - и) мувофиқан зербандҳои ё) - й) ҳисобида шаванд;

2) зербанди в) банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

 "в) намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки раводидро бо тартиби дар Қоидаҳои мазкур ва низомномаи намояндагиҳо муқарраргардида медиҳанд.";

3) дар банди 16 калимаҳои "барои ташрифи муваққатӣ" хориҷ карда шаванд;

4) дар банди 17 калимаҳои "доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва" хориҷ карда шаванд;

5) дар банди 25 калимаҳои "дар ҳолатҳои истисноӣ" хориҷ карда шаванд;

...

6) дар банди 28 пас аз калимаҳои "Қоидаҳои мазкур" калимаҳои "аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд";

7) банди 34 хориҷ карда шавад;

8) зербанди б) банди 36 хориҷ карда шуда, зербандҳои в) - е) мувофиқан зербандҳои б) - д) ҳисобида шаванд;

9) дар банди 37 калимаҳои "барои баррасии" ба калимаҳои "барои коркарди дархости" иваз карда шаванд;

10) дар банди 39:

- дар зербандҳои а) ва б) калимаҳои "ва бюрои консулӣ" хориҷ ва калимаҳои "3 моҳ" ба калимаҳои "1 сол" иваз карда шаванд;

- дар зербанди в) пас аз калимаҳои "дода мешавад" калимаҳои ". Дар сурати сармоягузорӣ дар ҳаҷми на камтар аз 1 000 000 доллари ИМА раводиди навъи мазкур ба муҳлати то 5 сол дода мешавад" илова карда шаванд;

- дар зербанди г) пас аз калимаҳои "муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "ва намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

- дар зербанди ғ) калимаҳои "намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бюрои консулӣ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе" ба калимаҳои "намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- зербанди д) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"д) барои гирифтани раводиди навъи "Т" дархости ширкатҳои сайёҳӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти сайёҳӣ иҷозатнома доранд, зарур аст. Ҳангоми сафари мустақилонаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванди давлате, ки дар замимаи Қоидаҳои мазкур омадааст, раводиди навъи мазкур дар асоси муроҷиати онҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда таҳия мегардад. Мақомоти ваколатдори давлатӣ раводиди яккарата ва бисёркаратаи навъи "Т"-ро ба муҳлати на зиёда аз 60 рӯзи тақвимӣ таҳия менамоянд. Дорандагони ин навъи раводид аз қайд дар мақомоти корҳои дохилӣ ва меҳмонхонаҳо дар муҳлати амали раводид озод мебошанд;";

- дар зербанди ё) калимаҳои "ва бюрои консулӣ" хориҷ карда шаванд;

- дар зербанди з) пас аз калимаҳои "6 моҳ медиҳанд." ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад;

"Дар сурати муроҷиати собиқ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани раводиди навъи мазкур, он ба муҳлати то 3 сол таҳия карда мешавад.";

- дар зербанди к) калимаҳои "ва бюрои консулӣ" хориҷ карда шаванд;

- дар зербанди л) пас аз калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дода мешавад," ва "ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳад" мувофиқан калимаҳои "ба муҳлати то 6 моҳ" ва ". Тамдиди минбаъдаи раводиди навъи мазкур аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати дархостшуда, вале на зиёда аз 1 сол амалӣ карда мешавад" илова карда шаванд;

- дар зербанди м) калимаҳои "9 моҳ" ба калимаҳои "1 сол" иваз карда шаванд;

- дар зербанди н) пас аз калимаҳои "муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "аз ҷониби раёсати дахлдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст" мувофиқан калимаҳои "ва намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "ва ё дар мувофиқа бо раёсати мазкур" илова карда шаванд;

- дар зербанди о) пас аз калимаҳои "муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "ва намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

- дар зербанди п) пас аз калимаҳои "муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "ва намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

11) дар банди 59 пас аз калимаҳои "Тасдиқи даъват дар нусхаи асл" калимаҳои "ва ё ба таври электронӣ" илова ва калимаҳои ", намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бюрои консулӣ" ба калимаҳои "ва намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

12) дар банди 71 пас аз калимаҳои "аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва" калимаҳои "вобаста ба мақсади сафари шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ" илова карда шаванд;

13) дар банди 72 ҷумлаи дуюм дар таҳрири зерин илова карда шавад:

"Ҳамзамон шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандро зарур аст, ки вобаста ба навъи раводиди электронӣ ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 36 ва 39 Қоидаҳои мазкур пешбинишударо пешниҳод намояд. Ҳуҷҷатҳои мазкур дар шакли нусхаи электронӣ ба муроҷиат замима мегарданд.";

14) банди 76 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"76. Раводиди электронӣ вобаста ба мақсади сафари шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ба муҳлати 90 рӯз таҳия гардида, дорандаи он метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон на бештар аз 60 рӯзи тақвимӣ қарор дошта бошад. Дар ҳолати доштани раводиди электронии сайёҳӣ, дорандаи он аз қайд дар мақомоти корҳои дохилӣ ва меҳмонхонаҳо дар муҳлати амали раводид озод мебошад.";

15) дар банди 77:

- дар охири зербанди л) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

- зербандҳои м), н) ва о) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"м) дар қисмати "Навъ/Type" рамзи навъи раводиди электронӣ навишта мешавад. Мисол: "Т" дар ҳолати додани раводиди электронии сайёҳии навъи "Т";

н) дар қисмати "Карат/Entries" миқдори вуруд ва хуруҷи иҷозатдодашуда ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд навишта мешавад;

о) дар қисмати "Тарафи даъваткунанда/Invited by" маълумот дар бораи ҷониби даъваткунанда бо ифодаи номи ташкилот ва агар шахси воқеӣ бошад, насаб, ном, номи падари чунин шахс ворид карда мешавад.".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 майи соли 2020 № 265

ш. Душан