Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 майи соли 2020, № 253
тасдиқ шудааст
Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025 (минбаъд - Барнома) ба амалисозии тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати таҳким бахшидани мероси таърихию’ фарҳангӣ ва такмили заминаҳои қонунгузорӣ доир ба фаъолияти ташкилотҳои таърихию фарҳангӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, ки ба рушди он равона шудааст, пешбинӣ гардидааст.
2. Барномаи мазкур бо дар назар доштани баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳию ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои бузурги ниёгон, муаррифии таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик ба ҷаҳони муосир, ҳамчунин ҷиҳати амалисозии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ таҳия гардидааст.
3. Масъули Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025 Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ), он тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангиро дар кишвар амалӣ менамояд.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзиш ва муаррифии таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодааст. Дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" аз 26 декабри соли 2018 вобаста ба эҳёи таърихию фарҳанги миллати тоҷик таъкид гардид: "Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад".
5. Имрӯзҳо вобаста 6а пурра намудани фазои фарангии кишвар талабот ба ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳои нодири моддии халқи тоҷик афзудааст. Зимнан аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2021 ҳамчун "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардиданд, ки ин барои ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои мероси моддии миллӣ ҳамаҷониба шароити мусоид фароҳам оварда, ҳамчунин нигоҳдошти онҳоро барои наслҳои оянда таъмин менамояд.
6. Барнома ба ҳифзу нигаҳдошти осори ғайриманқули мероси таърихию фарҳангии кишвар нигаронида шудааст,
7. Ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дер боз диққати оламиёнро ба худ ҷалб намудаанд. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол сайёҳони зиёди хориҷӣ баҳри шинос шудан бо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва табиати нотакрори кишвар ба ин сарзамин ташриф меоранд ва аз мероси бою рангини он баҳравар гашта. бо гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷик аз наздик шинос мешаванд.
8. Ҳифз ва тармиму нигаҳдошти ин мерос яке аз бахшҳои муҳими сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва ба амалишавии он диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар тӯли 28 соли истиқлолияти кишвар дар радифи чораҷӯйиҳои зарурӣ нисбат ба ҳифзи ёдгориҳо ва корҳои ободонию барқарорнамоӣ танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 90 ёдгории бостонию меъморӣ таъмир гардиданд.
9. Дар ҳамин раванд ҷиҳати такмили меъёрҳои ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" ва барои амалисозии он як силсила қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд, ки дар натиҷа бисёр паҳлуҳои ҳуқуқии масъалаҳои мазкур ҳалли ҳудро пайдо намуданд. Ҳамчунин ҳамкориҳои доимӣ ва самарабахши Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалии дахлдор имкон дод, ки соҳаи мазкур дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо намояд.
10. Аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шудани 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун яке аз ёдгориҳои нодири Осиёи Марказӣ ва ба рӯйхати объектҳои нодири Шоҳроҳи бузурги абрешим ворид гардидани шаҳраки Панҷакенти Қадим, шаҳраки Бунҷикати Қадим, шаҳри Ҳисор, дайри буддоии Аҷинатеппа, мадрасаи Хоҷа Машҳад, шаҳраки Тахти Сангин, шаҳри Ҳулбук, Қалъаи Ямчун ва ғайра аз таърихи куҳанбунёд ва тамаддунсози халқи тоҷик шаҳодат медиҳанд.
11. Ба иҷрои ҳамаи ии корҳо нигоҳ накарда, то ҳол суръати тармим ва барқарорсозии иншооти таърихӣ ва фарҳангӣ беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад. Пеш аз ҳама, истифодабарии замини ёдгориҳо барои сохтмонҳои гуногун. таъсиси қабристонҳо дар ҳудуди онҳо, ба заминҳои кишт ё боғ табдил додани онҳо, наандешидани чораҳои зарурӣ баъди таҳқиқоти илмӣ ва ё дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар дидани онҳо омилҳое мебошанд, ки дар натиҷа даҳҳо аз ин ёдгориҳо аслият ва таърихияти худро гум карда, рӯ ба нестӣ меоваранд,
12. Сабаби асосии рух додани чунин ҳолатҳо дар таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир накардани роҳбарияти баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ва паст будани сатҳи донишҳои фарҳангии қисме аз аҳли ҷомеа буда, вазъу ҳолати мероси таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ. новобаста аз шакли моликияташон, нигаронкунанда боқӣ мемонад. Барномаи мазкур метавонад ҷиҳати ба низом даровардан ва самаранок гардонидани фаъолияти мақомоти номбурда нақши муҳим бозад.
13. Алҳол дар қайди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 3413 ёдгории таърихию фарҳангӣ қарор дошта, аз ҷумла 2408 ёдгории бостонӣ, 798 ёдгории меьморӣ ва 441 ёдгории монументалӣ мебошанд.
14. Дар аксари шаҳру ноҳияҳо дар харитаҳои заминсозӣ ин ёдгориҳо ва мавзеъҳои муҳофизатии онҳо умуман қайд нагардидаанд. Аз ин лиҳоз, азнавбақайдгирии пурраи ёдгориҳо ва дараҷабандии онҳо ҷиҳати омӯзиш ва дар ҳолати зарурӣ таъмиру тармим, барқарорсозӣ ё нигаҳдошти онҳо, дарёфти шаклу усулҳои дурусти ҳифз, истифодаи самаранок ва муаррифии онҳо ба ҷаҳониён талаботи замони муосир аст, ки тавассути Барномаи мазкур амалӣ мегарданд.
3. САМТҲОИ АСОСИИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
15. Тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилӣ ва байналмилалӣ омода, намудани инфрасохтори ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии ғайриманқули дараҷаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ки ба Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, зарур аст: - тибқи қонунгузорӣ муайян намудани ҳудудҳои муҳофизатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва низоми истифодаи онҳо; - таҳияи харитаи ёдгориҳои дараҷаи миллӣ ва байналмилалии таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон; - таъмини соҳа бо мутахассисони касбӣ ва воситаҳои техникии муосир; - истифодаи васеи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар тарбияи маънавии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва наврасон ва ҷалби сайёҳии байналмилалӣ; - ворид намудани ёдгориҳои таърихию фарҳангии нодири кишвар ба рӯйхати ЮНЕСКО ва таҳияи ҳуҷҷату санадҳои зарурӣ бо ҷалби маблағҳои дохилӣ ва сармоягузориҳои хориҷӣ; - таҳия ва чопи хатсайрҳои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, роҳнамо ва овезаҳо, истифодаи васоити ахбори омма дар ин самт ҷиҳати сазовор муаррифӣ намудани ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба шаҳрвандони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ.
4. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
16. Мақсади Барномаи мазкур ба танзим даровардани масоили ҳифз ва истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ, муайян намудани мақоми ҳуқуқии ҳар як ёдгорӣ. дидани чораҳои таъхирнопазир ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқии он, дарёфти роҳҳои истифодаи дуруст ва самараноки ҳар як иншоот, ташвиқу тартиб ва ворид намудани онҳо ба мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ, андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати амалисозии самарабахши сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи мазкур мебошад.
17. Вазифаҳои асосии Барномаи мазкур инҳо мебошанд: - муаррифии таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик ба ҷаҳони муосир; - муҳайё намудани заминаи моддию техникии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ; - баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва худогоҳию ватандӯстӣ; - арҷгузорӣ ба дастовардҳои бузурги ниёгон; - амалисозии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ.
18. Сайёҳии таърихию фарҳангӣ, ки дар он} пеш аз ҳама, ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии ғайриманқул мавқеи хоса доранд, яке аз самтҳои муҳими соҳа ба ҳисоб рафта, дар ҷалби дӯстдорони таъриху фарҳанги гузаштаи ниёгон нақши муҳим мебозад. Аз ин лиҳоз, ташкили инфрасохтори муносиб яке аз вазифаҳои муҳими Барнома мебошад.
5. ТАЪМИНОТИ КАДРӢ ВА ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КОРМАНДОНИ СОҲА
19. Таъминоти кадрии соҳа тавассути ҷалби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳавӣ дар ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатии ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ амалӣ мегардад, аз ҷумла бо баргузор кардани чорабиниҳои илмию амалии байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ донишу малакаи кормандони соҳа такмил дода мешавад.
20. Ҷиҳати тайёр намудани нозирони ҳифзи ёдгориҳо тадбирҳои зерин андешида мешаванд: - ташкили низоми мутамаркази такмили ихтисос, таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа; - такмили заминаи моддию техникӣ, иттилоотӣ, таълимию методӣ ва кадрӣ дар низоми такмили ихтисос ва бозомӯзӣ; - густариши корҳои илмию таҳқиқотӣ бо мақсади дарёфти роҳҳои баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони соҳа.
6. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
21. Маблағгузории Барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ барои соҳаи фарҳанг пешбинӣ шудаанд, маблағҳои махсус ва аз ҳисоби маблағгузории шарикони рушд, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ. грантҳо ва манбаъҳои дигари ғайрибуҷетӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
22. Муҳлати амалишавии Барномаи мазкур солҳои 2021-2025-ро дар бар гирифта, дар муддати муқарраргардида нақшаи чорабиниҳои он, мақсад ва вазифаҳои пешниҳодшуда иҷро мегарданд.
7. НАТИҶАҲОИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
23. Дар натиҷаи амалисозии пурраи Барномаи мазкур масъалаи ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ ба тартибу низоми ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ ворид гардида, имкони истифодаи ин мероси гаронбаҳо дар тарбияи ватандӯстӣ ва худогоҳию хештаншиносии мардуми тоҷик ва муаррифии дастовардҳои таърихии он ба оламиён шароити мусоид фароҳам меоварад. Имкон пайдо мешавад. ки қисми азбайнрафтаи ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ аз нав барқарор ва тармим гашта, барои наслҳои оянда дар шакли аслии таърихии худ пешниҳод карда шаванд. Омӯзиши илмии ин мерос ҳамчун маҳсули санъату ҳунари волои ниёгон ва истифодаи он дар замони муосир барои дарки таъриху фарҳанг ва посдории анъанаҳои гузаштагон заминаҳои мусоид фарохам меорад.
24. Барномаи мазкур раванди танзими масъалаҳои ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангиро дар ҷумҳурӣ ба тартибу низоми ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ омода намуда, имкони истифодаи ин мероси гаронбаҳоро дар тарбияи ватандӯстӣ ва худогоҳию хештаншиносии мардуми тоҷик ва муаррифӣ намудани дастовардҳои таърихии он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
25. Дар асоси эҳёи ёдгориҳои меъморию шаҳрсозии ниёгон барои самаранок ба роҳ мондани сайёҳии дохилию хориҷии фарҳангӣ ва истифодаи манфиатноки ёдгориҳо шароити мусоид фарохам омада, имкониятҳои афзун гардонидани буҷети давлатӣ пайдо мегардад.
26. Назорати нигаҳдошту истифодаи ёдгориҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ шуда, алоқаҳои соҳавӣ бо кишварҳои дигар ва созмонҳои дахлдори байналмилалӣ мустаҳкаму самаранок мегарданд.
27. Барои ноил шудан ба мақсадҳои амалисозии Барнома андешидани чораҳои зерин зарур аст:
- азнавбақайдгирӣ ва сертификаткунонии иншоот дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- ба роҳ мондани корҳои омӯзишию таҳқиқӣ ва тармиму барқарорсозӣ дар асоси дастовардҳои пешқадами илми муосир;
- эҳё намудани мактабҳои меъмории миллӣ ва истифодаи васеи донишҳои ниёгон дар фаъолияти тармимию барқарорсозии ёдгориҳо;
- тартиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳо ва муқаддасоти ниёгон, эҳтиром, ҳифз ва истифодабарии дурусти онҳо;
- таъсиси воҳидҳои кории нозирони ҳифзи ёдгориҳо дар маҳалҳо;
- таъсиси бойгонии электронии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани он ба шабакаи ягонаи мероси фарҳангии умумибашарӣ:
- муайян намудани мавзеъҳои муҳофизатӣ ва гузоштани нишонаҳо дар ёдгориҳои таърихию фарҳангии ба Феҳристи миллии мероси ғайримоддии фарҳангӣ воридгардида:
- ҳамкориҳои самаранок бо ташкилотҳои дахлдор ҷиҳати пешбурди самти ҳифзу истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ;
- омода намудани лоиҳаҳо ва ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил намудани ёдгориҳои қаблан номнависшуда тибқи талаботи байналмилалӣ;
- мукаммал намудани сохтори ҳифзу истифодаи ёдгориҳои таърихӣ;
- таъмини дастёбии васеи қишрҳои гуногуни аҳолӣ ба арзишҳои фарҳанги суннатӣ ва муосир;
- таҳкими инфрасохтори самараноки фарҳанги моддӣ, заминаи моддию техникии ташкилотҳое. ки ба ҳифзу эҳёи фарҳанги суннатӣ машғуланд.
Нақша
Замима