Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025 тасдиқкарда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Иҷрои Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025 дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг, инчунин маблағҳои махсус ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, таъмин карда шавад.
3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амалишавии Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба ҷараёни иҷрои он ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 майи соли 2020 № 253
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Государственной программе охраны историко-культурного наследия на 2021-2025 годы
В соответствии со статьей 8 Закона Республики Таджикистан "Об охране и использовании объектов историко-культурного наследия" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Государственную программу охраны историко-культурного наследия на 2021-2025 годы и План мероприятий по реализации Государственной программы охраны историко-культурного наследия на 2021-2025 годы (приложения 1 и 2).
2. Государственную программу охраны историко-культурного наследия на 2021-2025 годы осуществлять в рамках средств государственного бюджета, предусмотренных для сферы культуры, а также специальных средств и других источников, не запрещенных законодательством.
3. Министерству культуры Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами, местными исполнительными органами государственной власти принять необходимые меры по реализации настоящей Программы и ежегодно представлять отчёт о ходе её выполнения в Правительство Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Pecпублики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 1 мая 2020 года, №253