Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат"
Мутобиқи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номи муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат" ба муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат" иваз карда шавад.
2. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявии марбут ба муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат"-ро ҳал намоянд.
3. Сархати сию якуми Номгӯи корхона ва муассисаҳои системаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №147 "Дар бораи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат"".
4. Сархати нуҳуми Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат"".
Раиси
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 апрели соли 2020 № 240
ш. Душанбе