Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
22 июли соли 2019 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 981
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОРИ ИҶЛОСИЯИ ХIX (ДАЪВАТИ ПАНЧУМ) МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ
Дар бораи тасдиқ ва муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав
Мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаи 26 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", моддаҳои 6, 262, 309 ва фасли 15 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама", моддаҳои 79-82 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" ва бо назардошти таклифи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав оид ба буҷет ва тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ, Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав,
ҚАРОР МЕКУНАД:
1. Меъёрҳои андоз аз воситаҳои нақлиёт мутобиқи боби 40-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шавад.
2. Меъёрҳои андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла андози замин ва андоз аз объектҳои ғайриманқул, мутобиқи боби 41 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқ карда шавад.
3. Дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав меъёри андоз аз бизнеси бозӣ барои як воҳиди объекти андозбандии бақайдгирифташуда дар як моҳ, тибқи ҷадвали дар Замимаи 1 пешниҳодшуда, муайян карда шавад.
4. Меъёри пардохтҳои ҳатмӣ барои ҷойгиркунии рекламаҳои берунии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ дар гардишгоҳи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва маҳалҳои аҳоллинишини ҳудуди ноҳияи Шаҳринав дар як моҳ ба андозҳои зайл муқаррар карда шавад:
- Барои ҷойгиркунии объектҳои рекламавии оддӣ (бе истифодаи технологияи муоссир) барои 1м2 ба андозаи 20 сомонӣ;
- Барои ҷойгиркунии объектҳои рекламавӣ бо истифодаи технологияи муоссир барои 1м2 ба андозаи 30 сомонӣ;
Вобаста ба мавқеъи ҷойгиркунии рекламаҳо коэффисентҳои зерини танзимкунанда муайян карда шавад;
- дар ҳудуди кӯчаҳои марказии ноҳияи Шаҳринав коэффисентӣ 1,2;
- дигар мавзеъҳои ноҳия коэффисентӣ 1,0
5. Барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрвандӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ҳангоми истифодабарии объектҳои рекламавӣ меъёри пардохтҳои ҳатмӣ барои ҷойгиркунии рекламаҳо мисли шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ муайян карда шуда, коэффисентҳои танзимкунандаи зерин татбиқ карда шавад:
- дар ҳудуди кӯчаҳои марказии ноҳияи Шаҳринав коэффисенти 3,0;
- дар дигар мавзеъҳои ноҳия коэффисенти 2,0.
6. Ба шуъбаву бахшҳои дахлдорӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав супорида шавад, ки:
- аз нав баҳисобгирӣ рекламаҳои мавҷударо анҷомдода, ҳамзамон ҷойгиркунии минбаъдаи рекламаҳои беруниро тибқи қонун ва қарорҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳмонанд;
- фаъолияти субъектҳои ба паҳнкунии реклама машғулбударо мавриди таҳлил қарор дода, ҳуҷҷатҳои иҷозатномавиро оиди паҳнкунии реклама дар ҳудуди ноҳия ва мавзеъи берун аз ноҳия санҷида, раванди иҷозатномадиҳиро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд.
7. Ба Нозироти андоз супорида шавад, ки
- ситонидани андоз аз воситаҳои нақлиёт, андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз бизнеси бозӣ ва андозҳои муқарраргардидаро нисбати ҷойгиркунии рекламаҳои берунӣ вобаста ба коэффисентҳои танзимкунанда ба роҳмонанд.
8. Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав аз 29 декабри соли 2017, №107 "Дар бораи тасдиқ ва муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав" аз эътибор соқит дониста шавад.
9. Қарори мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
10. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимӣ оид ба буҷет ва тараққиёти иқтисодию иҷтимоии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия гузошт ашавад.
Раиси Маҷлиси вакилони
халқи ноҳияи Шаҳринав Аюбзода Н.Н.
28 декабри соли 2018 № 148
н.Шаҳринав
Замима