Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 июни соли 2019 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 975
ФАРМОИШИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тасдиқи Тартиби гирифтан,тайёр кардан ва пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон
190. 010.000.
Дар асоси қисми 4 моддаи 135 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 10-и Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 148 тасдиқ шудааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Тартиби гирифтан, тайёр кардан ва пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ба директори Муассисаи давлатии "Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон"-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи фармоиши мазкурро таъмин намояд.
3. Фармоиши мазкур тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазир сарпарасти соҳа гузошта шавад.
аз 28 феврали cоли 2019 №131
ш. Душанбе
Замима
Бо фармоиши Вазорати тандурустӣ
ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистоназ
28 феврали соли 2019, № 131
тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ ГИРИФТАН, ТАЙЁР КАРДАН ВА ПАЙВАНДСОЗИИ УЗВ ВА (Ё) БОФТАҲОИ ИНСОН
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби гирифтан, тайёр кардан ва пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон (минбаъд – Тартиби мазкур) бо мақсади таъмини асосҳои ҳуқуқӣ ва танзими раванди гирифтан, тайёр кардан ва пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон равона шудааст.
2. Гирифтани узв ва (ё) бофтаҳои инсон дар муассисаҳое, ки марг эълон мешавад, ба амал бароварда мешавад.
3. Тайёр кардан ва пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» (минбаъд - Марказ) дар асоси протоколи клиникии пайвандсозии узвҳо ва (ё) бофтаҳои инсон (мутобиқи замимаи 2) ба амал бароварда мешавад.
2. ТАРТИБИ ГИРИФТАНИ УЗВ ВА (Ё) БОФТАҲОИ ИНСОН
4. Аз майит узвҳои зерин гирифта мешавад:
- дил ва рагҳои хунгард;
- шушҳо (комплекс дил-шуш);
- ҷигар;
- гурдаҳо;
- ғадуди зери меъда бо рӯдаи 12 ангушта;
- испурч;
- рӯдаҳо;
- ғадудҳои эндокринӣ;
- мағзи устухон ва бофтаҳо;
- қарния.
5. Гирифтани узвҳо ва (ё) бофтаҳо аз майит танҳо бо розигии хаттии хешовандони наздик ё намояндаи қонунии ӯ иҷозат дода мешавад. Агар шахс дар ҳоли ҳаёт ба таври хаттӣ норозигии худро оид ба гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо пас аз марг барои пайвандсозӣ гузошта бошад, гирифтани узвҳо ва (ё) бофтаҳо аз майит иҷозат дода намешавад.
6. Гирифтани узвҳо ва (ё) бофтаҳо аз майит дар асоси ҳуҷҷати шаҳодатномаи марг, протоколи муқаррар намудани фавт (мутобиқи замимаи 3) ба амал бароварда мешавад.
7. Гирифтани узвҳо ва бофтаҳо аз майит барои пайвандсозӣ тавассути санад оид ба гирифтани узвҳо ва бофтаҳо аз донори майит барои пайвандсозӣ (мутобиқи замимаи 6) ба расмият дароварда мешавад. Санад оид ба гирифтани узвҳо аз донори майит барои пайвандсозӣ ба муҳлати 25 сол дар муассисаи тиббие, ки гирифтани узв барои пайвандсозӣ ба анҷом дода шуд, нигоҳ дошта мешавад.
3. ТАЙЁР КАРДАН ВА ПАЙВАНДСОЗИИ УЗВ ВА (Ё) БОФТАҲОИ ИНСОН
8. Барои анҷом додани амалиёт оид ба гирифтан, омодакунӣ ва пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳо ҳуҷҷатҳои зерин ба Марказ пешниҳод карда мешавад:
- аризаи донор ё хешовандони ӯ дар бораи зид набудан ба доноршавӣ;
- санади тасдиқкунандаи замони гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо;
- протоколи тасдиқкунандаи марг.
9. Амалиёт оид ба гирифтан, омодакунӣ ва пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳо нисбати шаҳрвандони хориҷӣ низ татбиқ мегардад.
10. Пайвандсозии узвҳо ва (ё) бофтаҳо дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» дар асоси варақаи интизорӣ аз майит (мутобиқи замимаи 4) амалӣ карда мешавад.
11. Варақаи интизорӣ маълумотҳои умумии зеринро дар бар мегирад:
- маълумотҳои идентификатсионии бемор (насаб, ном ва номи падар, ҷинс, сину сол, моҳ ва рӯзи таваллуд, ҷои қайди доимӣ, суроға, телефон барои тамос);
- маълумот дар бораи мутобиқати хунӣ ва мутобиқати бофтаи (гурӯҳи хун тибқи системаи гӯрӯҳи хунӣ ва резус фактор, натиҷа, мавҷудият ва сатҳи антибодҳои қаблӣ ба антигенҳои НLА Нuman Leukosyte Antigen -антигени лейкотситарии одам);
- маълумотҳои муоина оид ба мавҷудияти сирояти аз роҳи хун (вируси норасоии масунияти одам, гепатити В ва С, сифилис) гузаранда;
- маълумот дар бораи статуси банақшагирии пайвандсозӣ (аввалӣ ё ретрансплантатсия);
- маълумотҳои антропонометрӣ (қад, вазн);
- санаи баварақаи интизорӣ дохилкунӣ.
12. Маълумотҳои махсуси варақаи интизории иттилоот дар бораи муайян кардани ҳолати таъхирнопазирии бемор, ки дар варақаи интизории пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳо дар мувофиқат бо тавсияҳои байналмилалии UNOS (United Network for Organ Sharing - созмони назорат бар гирифтан ва тақсимоти узвҳо) номнавис шудааст.
13. Варақаи интизорӣ барои ҳар як узви пайвандшаванда алоҳида тартиб дода мешавад ва дар шӯъбаҳои ҷарроҳии муассисаҳои тиббие, ки ба пайвандсозии узви мазкур машғул аст, пур карда мешавад.
14. Ташкил ва пур кардани варақаи интизорӣ, дар асоси алгоритми интихоби ҷуфти мувофиқ (донор-ретсипиент) (мутобиқи замимаи 5) амалӣ карда мешавад.
15. Маълумоти варақаи интизорӣ ҳангоми тағйир ёфтани шарти ҳолати таъхирнопазирии ретсипиентҳои ба варақаи интизорӣ шомил буда, нав карда мешаванд. Вобаста ба маълумотҳои навшудаи варақаи интизорӣ дар аввали ҳар моҳ ба роҳбари муассисаи мазкур пешниҳод карда мешавад.
16. Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани узвҳо аз донори майит барои тасдиқ намудани марги мағзи сари донори потенсиалӣ комиссияи салоҳиятдор дар ҳайати зерин таъсис дода мешавад:
- табиби беҳиснамоӣ ва наҷот;
- табиби бемориҳои асаб;
- эксперти тиббию судӣ;
- табиби муолиҷавии муассисаи тиббӣ (ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла садама- табиби бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ);
- роҳбари муассисаи тиббӣ.
17. Амалиёт оид ба гирифтан ва пайвансозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон аз майит дар дафтари баҳисобгирӣ оиди гирифтани узв ва бофтаҳо аз донорони майит (мутобиқи замимаи 7) дар Марказ ба қайд гирифта мешавад.
18. Аз донори майит узв ва (ё) бофтаҳо, пайвандсозии васеъ ба роҳ монда мешавад. Пайвандсозии узв ва бофтаҳо дар муассисаи мазкур (мутобиқи замимаи 1) ба амал бароварда мешавад.
4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
19. Узв ва (ё) бофтаи инсон метавонанд предмети хариду фурӯш бошанд ва арзиш надоранд.
20. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Тартиби мазкур мутобиқи моддаҳои 121 ва 122 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд.
Замимаи 1
Замимаҳои 2-7