Қарори Кумитаи Давлатии Идораи Замин аа Геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2019, №76 "Дар бораи ворид намудани илова ба қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2018, № 5"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

19 июни соли 2019 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 9161

ҚАРОРИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани илова ба қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2018, № 5 "200.010.000"

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" қарор мекунам:

1. Ба замимаи 3 "Шаклҳои шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ, иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, тартиби пешниҳод намудан ва баҳисобгирии иттилооти додашуда", ки бо қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2018, №5 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2018 таҳти №916 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, иловаи зерин ворид карда шавад:

Пас аз сархати "Санаи бақайдгирии давлатии маҳдудиятҳои (гарониҳои ) ҳуқуқ " __" ______с.20 __" ҷумлаи нав бо мазмуни зерин,

"Маълумот оид ба пардохти андозҳои дахлдор: _____________ " илова карда шавад.

2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.

3. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи директори Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" гузошта шавад.

 

Раис     Хоҷазода О. А.

 

аз 12 июни соли 2019 №76

 ш. Душанбе

 

Зарегистрировано Министерством юстиции

Республики Таджикистан 19 июня 2019 года,

регистрационный номер 916-1

ПОСТАНОВЛЕНИЕ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ КОМИТЕТ ПО ЗЕМЕЛЬНОМУ УПРАВЛЕНИЮ И ГЕОДЕЗИИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении дополнении в постановление председателя Государственного комитета по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан от 8 января 2018 года за №5 200.010.000

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных актах"

П О С Т А Н О В Л Я Ю:

1. В приложение 3 "Формы свидетельства о государственной регистрации, выписки из регистрационной карточки, информация из единого государственного реестра недвижимого имущества и прав на него, порядок выдача и учёта предоставленной информации", утвержденного постановлением председателя Государственного комитета по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан от 8 января 2018 года, №5 и зарегистрированного в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 11 января 2018 года за №916, внести следующее дополнение: После предложения "Дата государственной регистрации ограничение (обременение) прав " " 20 г." Дополнить предложение следующего содержания, "Сведение об оплате по соответствующим налогам: ".

2. Настоящее постановление в установленном порядке представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации .

3. Настоящее постановление ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

4. Контроль за исполнением настоящего постановления возложить на директора Государственного унитарного предприятия Регистрация недвижимого имущества"

Председатель Хочазода О.А

от 12 июня 2019 года №76 г. Душанбе