×

Кодекси Нақлиёти Автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2020 № 1689

Санаи амалкуни: 13.11.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

КОДЕКСИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 феврали соли 2020 №1594

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 19 марти соли 2020 № 757

ҷонибдорӣ карда шуд.

(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2002)

Кодекси мазкур муносибатҳо ва тартиби амалисозии фаъолиятро дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2002).

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Доираи амали Кодекси мазкур

1. Кодекси мазкур муносибатҳоро вобаста ба ҳамлу нақли бор, мусофир, бағоҷ, фаъолияти нақлиётию экспедитсионии байни субъектҳо, новобаста аз шакли моликият, бо мақсади фароҳам овардани шароит барои амалишавии низоми нақлиёти автомобилӣ дар асоси механизмҳои муосир ва мусоидат ба таъмин ва рушди хизматрасонии аз ҷиҳати иқтисодӣ самарабахш танзим менамояд.

2. Амали Кодекси мазкур ба муносибатҳое, ки ҳангоми амалисозии фаъолият бо истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба манфиати мудофиа ва амнияти давлат, инчунин ба фаъолияти шахсони воқеӣ, ки воситаҳои нақлиёти автомобилиро барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти худӣ, оилавӣ ва ё эҳтиёҷоти дигари ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманднабуда истифода мебаранд, татбиқ намегардад.

3. Муносибатҳои вобаста ба амалисозии фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, ки дар Кодекси мазкур пешбинӣ нагардидаанд, бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- автобус - воситаи нақлиёти автомобилии барои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ таъингардида, ки ғайр аз ҷойи ронанда зиёда аз ҳашт ҷойи дигари нишаст дорад;

- бағоҷ - молу мулки бастабандишудаи мусофир, ки дар қисми бағоҷмонии воситаи нақлиёти автомобилӣ ва ё тавассути нақлиёти автомобилии алоҳида интиқол меёбад;

- бор - объекти моддӣ, ки бо тартиби муқарраргардида барои интиқол қабул шудааст;

- бори дастӣ - молу мулки мусофир, ки тибқи нишондиҳандаҳои аз ҷониби интиқолдиҳанда муқарраргардида ба ҳамлу нақл дар салони воситаи нақлиёт таҳти масъулияти мусофир роҳ дода мешавад;

- бори зудвайроншаванда - боре, ки нигоҳдории он ҳангоми интиқол тавассути воситаи нақлиёти автомобилӣ бо риоя намудани дараҷаи муайяни ҳарорат ва талаботи санитарию эпидемиологӣ таъмин карда мешавад;

- борхати молию нақлиётӣ - ҳуҷҷате, ки дорои маълумот оид ба арзишҳои молию моддии бор буда, барои баҳисобгирӣ ва назорати ҳаракати онҳо ва тасдиқи далели амалӣ шудани ҳамлу нақл, аз ҷумла барои бастани шартномаи ҳамлу нақли бор пешбинӣ гардидааст;

- борфиристонанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки тибқи шартномаи ҳамлу нақли бор аз номи худ ва (ё) аз номи соҳиби бор амал мекунад ва ному насаби он дар ҳуҷҷати ҳамлу нақл (борхати нақлиётӣ) зикр мегардад;

- боргиранда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки барои гирифтани бор дар маҳалли таъиншуда дар асоси шартнома ё дигар санади ҳуқуқӣ ваколатдор шудааст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2002);

- воситаҳои нақлиёти автомобилӣ - воситаҳои нақлиёти чархдори механикии худгард, инчунин ядакҳо (нимядакҳо), ки барои интиқоли бор, мусофирон, бағоҷ ва таҷҳизоти дар онҳо насбшуда пешбинӣ гардидаанд;

- воситаи нақлиёти калонҳаҷм - воситаи нақлиёте, ки андозаи он бо бор ва (ё) бе бор аз андозаи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ зиёд мебошад;

- воситаи нақлиёти автомобилии вазнин - воситаи нақлиёте, ки вазни он бо бор ва (ё) бе бор ва сарборӣ ба тири меҳвари он аз вазни иҷозатдодашудаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва (ё) сарбории иҷозатдодашуда ба тири меҳвар, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ муқаррар шудааст, зиёд мебошад;

- интиқолдиҳанда - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки дорои воситаи нақлиёти автомобилии хусусӣ бо ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунӣ фаъолияти ҳамлу нақли бор, мусофирон ва бағоҷро амалӣ менамояд;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ - мақоми ваколатдори давлатие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба зиммаи он иҷрои вазифаҳои муайян дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ вогузор гардидааст;

- мақоми ваколатдор - мақоми давлатие, ки вазифаҳои муайяни аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ вогузоршударо дар доираи муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;

- мусофир - шахси воқеие, ки бо воситаи нақлиёти автомобилӣ дар асоси шартнома ё дигар асосҳои қонунӣ интиқол дода мешавад;

- соҳаи нақлиёти автомобилӣ - соҳаи иқтисодиёт, ки самти фаъолияти он ба ташкил, таъмин ва амалисозии ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷ ва бор бо истифода аз воситаҳои нақлиёт ва инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ, равона карда шудааст;

- нақлиёти истифодаи умум - нақлиёти ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тааллуқдошта, ки барои пешниҳоди хизматрасонии ҳамлу нақл ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шартномаи оммавӣ таъин гардидааст;

- нақлиёти ҷамъиятӣ - нақлиёти истифодаи умум, ки идораи он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ё мақоми ваколатдор тавассути ба интиқолдиҳандагон додани иҷозат барои амалисозии фаъолият оид ба ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ дар асоси муқаррар намудани талабот ба сатҳу сифати хизматрасонӣ, тарифҳо, хусусиятҳои шабакаи хатсайр ва талабот нисбат ба ташаккулдиҳии онҳо амалӣ карда мешавад;

- нигоҳдории техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ - маҷмӯи чорабиниҳое, ки ба таъмини гузарондани амалҳои бақайдгирӣ ва муоинаи давлатии техникӣ, истифодабарии техникии автомобилҳо (хизматрасонии техникӣ, таъмир, назорати ҳолати техникӣ, нигоҳдорӣ) тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд;

- истгоҳ - ҷойи исти воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки барои саворшавӣ, фаромадан ва интизоршавии мусофирон таҷҳизонида шудааст;

- объектҳои инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ - биноҳо, иншоот ва (ё) маҷмааи истеҳсолию технологӣ, ки барои амалӣ намудани намудҳои фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ истифода мешаванд;

- ронанда - шахсе, ки воситаи нақлиёти автомобилиро идора менамояд;

- расиди бағоҷ - ҳуҷҷате, ки супоридани бағоҷро аз ҷониби мусофир ва қабули онро аз ҷониби интиқолдиҳанда барои ҳамлу нақл дар асоси шартномаи интиқолдиҳии мусофир тасдиқ менамояд;

- роҳхат - ҳуҷҷати ибтидоӣ, ки барои баҳисобгирӣ ва назорати кори воситаи нақлиёти автомобилӣ ва ронанда ҳангоми ҳамлу нақл, аз ҷумла барои бақайдгирии натиҷаи санҷиши мутобиқати ронанда ва воситаи нақлиёти автомобилӣ ба талаботи бехатарӣ пешбинӣ гардида, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ бо тартиби муқарраргардида омода ва ба интиқолдиҳанда пешниҳод мегардад;

- рухсатномаи махсус - рухсатномаи якдафъаина барои гузариши воситаи нақлиёти автомобилии интиқолдиҳанда бо бори вазнин, калонҳаҷм ва (ё) хатарнок аз роҳҳои автомобилгард;

- сертификати баркашӣ - ҳуҷҷате, ки дорои маълумоти саҳеҳ оид ба андозаҳои вазни воситаи нақлиёти автомобилӣ буда, аз ҷониби нуқтаи баркашии ваколатдорнамудаи мақоми ваколатдор дода мешавад;

- соҳиби бор - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҳуқуқи ихтиёрдории борро дорад;

- таваққуфгоҳ - бино, иншоот ё қисми онҳо ва ё майдони кушодаи муҷаҳҳази барои таваққуфи муташаккилона ва (ё) нигоҳдории воситаҳои нақлиёти автомобилӣ пешбинигардида;

- такси - шакли (навъи) ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ тавассути нақлиёти истифодаи умум бо истифода аз воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрав, ки он тибқи дархост бо роҳи нархгузории муқарраргардидаи ҳамлу нақли мусофирон аз рӯи гашт ва ё вақти дар раванди интиқол сабтшуда бо тартиби муқарраргардида анҷом дода мешавад;

- тамғазании бор - ба бор гузоштани аломатҳои шартӣ, рақам ва аломатҳои дорои иттилоот оид ба боргиранда, қоидаҳои муносибат бо бор ва бастаи он, ки метавонад дар қуттӣ ё баста гузошта шавад;

- терминал - маҷмааи истеҳсолию технологӣ, ки барои хизматрасонӣ ба мусофирон ва (ё) борҳо, ронандагон ва воситаҳои нақлиёти автомобилӣ пешбинӣ гардидааст;

- троллейбус - намуди воситаҳои нақлиёти автомобилии чархдори механикие, ки тавассути муҳаррики барқии аз ноқилҳои берунаи васлӣ қувватгиранда ба ҳаракат дароварда шуда, барои ҳамлу нақли мусофирон пешбинӣ гардидааст;

- фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ - фаъолият оид ба ташкили ҳамлу нақли бор тавассути воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар самти ба расмият даровардани борхати молию нақлиётӣ, омода намудани ҳуҷҷатҳо барои мақсадҳои гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар, инчунин хизматрасонии экспедитор дар асоси шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ;

- қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ - санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар асоси Кодекси мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ таҳия ва қабул карда мешаванд;

- хатсайр - роҳи пешакӣ муқарраргардида бо мақсади амалӣ намудани ҳамлу нақл тавассути воситаи нақлиёти автомобилӣ байни нуқтаҳои аввалу ниҳоӣ;

- хатсайрҳои шаҳрак ва деҳот - ҳамлу нақли дар ҳудуди сарҳади маъмурии муқарраршудаи маҳалҳои аҳолинишини шаҳрак ва деҳот амалишаванда, инчунин нуқтаҳои аҳолинишини шаҳрак ва (ё) деҳотро байни худ пайвасткунанда, ки убури сарҳади маъмурии шаҳрҳоро пешбинӣ накарда, дарозии на зиёда аз бист километрро байни нуқтаҳои ҳаракат ва таъинот дорад;

- хатсайрҳои шаҳрӣ - ҳамлу нақле, ки дар ҳудуди сарҳади маъмурии муқарраршудаи шаҳр анҷом дода мешаванд;

- хатсайрҳои наздишаҳрӣ - ҳамлу нақле, ки байни шаҳрҳо ва нуқтаҳои аҳолинишини дигар ба масофаи на зиёда аз панҷоҳ километр байни нуқтаҳои ҳаракат ва таъинот амалӣ карда мешаванд;

- хатсайрҳои байнишаҳрӣ - ҳамлу нақле, ки байни шаҳрҳо ё маҳалҳои аҳолинишини дигар ба масофаи беш аз панҷоҳ километр аз нуқтаи ҳаракат то нуқтаи таъинот амалӣ карда мешаванд;

- хатсайрҳои байналмилалӣ - ҳамлу нақле, ки бо убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд;

- хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ - шакли хизматрасонӣ оид ба ташкили расонидани бор, иҷрои амалиёти вобаста ба расондани бор мувофиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ;

- ҳамлу нақл - интиқоли бор, мусофирон ва бағоҷ, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бо истифода аз воситаҳои нақлиёти автомобилӣ тавассути роҳҳои автомобилгард анҷом дода мешаванд;

- ҳамлу нақли мунтазам - ҳамлу нақле, ки дар хатсайрҳо тибқи ҷадвалҳои тасдиқгардидаи ҳаракат анҷом дода мешаванд;

- ҳамлу нақли номунтазам - ҳамлу нақле, ки ба ҳамлу нақли мунтазам дохил намешаванд;

- ҳамлу нақли транзитӣ - ҳамлу нақле, ки аз ҷониби интиқолдиҳандагон тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе саворкунӣ ва фаровардани мусофирон, инчунин бе боркардану фаровардани бору бағоҷ амалӣ карда мешаванд;

- ҳамлу нақл барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худӣ - ҳамлу нақле, ки нисбат ба намудҳои асосии фаъолияти шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ хусусияти ёрирасон дошта, барои интиқоли бори ба онҳо бо ҳуқуқи моликият ё асосҳои қонунии дигар тааллуқдошта ва кормандони худ бе бастани шартнома бо воситаҳои нақлиёти автомобилии бо ҳуқуқи моликияти ба онҳо тааллуқдошта, пас аз гирифтани хабарномаи хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ иҷро карда мешаванд, агар воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби кормандони ин шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ё худи соҳибкори инфиродӣ идора карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2002);

- чипта - ҳуҷҷат дар шакли коғазӣ ё электронӣ ё дар ҳомили электронӣ, ки бастани шартномаи интиқоли мусофирро тасдиқ менамояд;

- ҷадвали ҳаракат - ҳуҷҷати нақшавӣ, ки пайдарҳамии қаблан муқарраргардида ва бонизоми вақти ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилиро аз нуқтаҳои таваққуфгоҳ ва (ё) расидан ба он, ё ин ки фосилаи ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилиро дар хатсайр дар бар мегирад;

- экспедитор - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки хизматрасонии нақлиётию экспедитсиониро мувофиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ анҷом медиҳад;

- эътибори мусбати корӣ - фаъолияти мусбати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ фаъолияткунанда бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ амалӣ карда мешавад.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ба Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Моликият дар нақлиёти автомобилӣ

Нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаклҳои гуногуни моликият асос меёбад. Соҳибони автомобилҳо дар назди қонун баробар буда, аз ҳимояи якхелаи қонун бархӯрдор мебошанд.

Моддаи 5. Қитъаҳои замини барои мақсадҳои нақлиёти автомобилӣ истифодашаванда

1. Истифода ва ҷудо намудани қитъаҳои замин барои мақсадҳои нақлиёти автомобилӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.

2. Бо мақсади таъмини боэътимоди истифодаи иншоот ва дигар объектҳои нақлиёти автомобилӣ дар минтақаҳои фурӯравӣ, кандашавӣ, обшӯӣ, сел ва дигар таъсиррасонии хатарноки табиӣ минтақаҳои муҳофизатӣ муайян карда мешавад.

3. Ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ уҳдадоранд қитъаҳои замини ба онҳо ҷудошударо мувофиқи таъиноти мақсаднок, шартҳои пешниҳодшуда ва технологияҳои истеҳсолии ҳифзи муҳити зист истифода бурда, дар натиҷаи фаъолияти худ ба вайрон намудани вазъи экологӣ роҳ надиҳанд.

Моддаи 6. Субъекти муносибатҳо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

Субъекти муносибатҳо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони инфиродӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд.

Моддаи 7. Намудҳои фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

1. Фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва дигар мақомоти дахлдор танзим карда шуда, аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз рӯи намудҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

- ҳамлу нақл тавассути нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷ ва интиқоли борҳо;

- фаъолият дар объектҳои инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ;

- нигоҳдории техникии воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла таъмини гузарондани амалҳои бақайдгирӣ ва муоинаи давлатии техникӣ, амалӣ намудани истифодабарии техникӣ (хизматрасонии техникӣ, таъмир, назорати ҳолати техникӣ, нигоҳдории воситаҳои нақлиёти автомобилӣ), таъмини нобудсозии автомобилҳои корношоям;

- фаъолияти нақлиётию экспедиторӣ дар нақлиёти автомобилӣ.

2. Намудҳои фаъолияти дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида метавонанд дар таркиби худ зернамудҳои фаъолият, кор ва хизматрасониро дар бар гиранд, ки қисмҳои технологии ин намудҳои фаъолият буда, новобаста аз дигар қисмҳои ин намудҳои фаъолият ба таври технологӣ амалӣ карда мешаванд.

3. Намудҳои фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, ки дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур зикр гардидаанд, метавонанд дар асоси шартнома ва ё барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти худӣ амалӣ карда шаванд.

Моддаи 8. Талабот ва шартҳои ҳатмӣ барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

1. Талабот ва шартҳои умумии ҳатмӣ барои амалӣ намудани фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ инҳо мебошанд:

- эътибори мусбати кори шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии анҷомдиҳандаи фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, ки тибқи талаботи моддаи 9 Кодекси мазкур муқаррар карда мешавад;

- салоҳиятнокии касбии кормандони шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии анҷомдиҳандаи фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, ки тибқи талаботи моддаи 10 Кодекси мазкур муайян карда мешавад;

- риояи талаботи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки тибқи талаботи моддаи 11 Кодекси мазкур муайян карда мешавад.

2. Нисбат ба намудҳои алоҳидаи фаъолият, ки гирифтани рухсатномаи махсус ва (ё) иҷозатнома, инчунин шаҳодатнома оид ба рухсатдиҳиро ба ин намудҳои фаъолият, ки аз рӯи натиҷаҳои озмун пешбинӣ менамоянд, метавонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон шартҳои дигар муқаррар карда шаванд.

3. Баҳогузории фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои мутобиқат ба шартҳо ва талаботи ҳатмӣ дар доираи амалҳои зерин таъмин карда мешавад:

- назорати давлатӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риояи шартҳо ва талаботи дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда дар асоси огоҳсозӣ анҷом дода мешавад;

- назорати иҷозатномавии риояи шартҳо ва талаботи дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур нисбат ба намудҳои алоҳидаи фаъолият мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида аз ҷониби корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ;

- назорати корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба риояи шартҳо ва талабот, ба истиснои талаботи иҷозатномавии дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур муқарраргардида нисбат ба намудҳои алоҳидаи фаъолият мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки ҳамлу нақлро барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти худӣ амалӣ менамоянд, бо огоҳинома оғози фаъолият ва уҳдадориҳои худро оид ба таъмини риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи мазкур хаттӣ тасдиқ менамоянд.

5. Талаботи махсус нисбат ба амалӣ намудани ҳамлу нақли бори хатарнок, калонҳаҷм ва вазнин, инчунин тартиби назорати иҷрои онҳо тибқи Кодекси мазкур, дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ муқаррар карда мешаванд.

6. Ҳангоми бақайдгирии намуди фаъолият оид ба хизматрасонӣ бо нақлиёти автомобилӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бояд рақами мушаххаси андозсупорандаро дарҷ намоянд.

Моддаи 9. Талабот нисбат ба эътибори мусбати кори шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ фаъолияткунанда

1. Ба талабот нисбат ба эътибори мусбати кори шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ фаъолияткунанда, риоя кардани талаботи ҳифзи меҳнат, музди меҳнат, салоҳиятнокии касбии кормандон, қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, бехатарии нақлиётӣ, ҳифзи муҳити зист, ки номгӯйи онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ муқаррар менамояд, дохил мешаванд.

2. Эътибори мусбати кори шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ фаъолияткунанда ҳангоми мавҷуд набудани вайронкуниҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида бо асосҳои зерин муайян карда мешавад:

- қарорҳои дар давоми се соли охир эътибори қонунӣ пайдокарда оид ба парвандаҳои гражданӣ, ки бо амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ алоқаманд буда, дар онҳо татбиқи чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ - гражданӣ нисбат ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ пешбинӣ шудааст;

- ду ва зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои риоя накардани талаботи дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида дар давоми як сол, ки аз рӯи онҳо қарорҳо оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ (шахсони мансабдори онҳо) ва соҳибкорони инфиродӣ қабул гардидаанд;

- дар муҳлати муқарраршуда иҷро нагардидани амрнома (қарор, огоҳинома) - и мақоме, ки вазифаҳои назоратиро амалӣ менамояд.

Моддаи 10. Талабот нисбат ба салоҳиятнокии касбии кормандони шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ фаъолияткунанда

1. Салоҳиятнокии касбии кормандони шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ фаъолияткунанда бо доштани ҳуҷҷати таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи касбии махсус аз рӯи ихтисосҳое тасдиқ карда мешаванд, ки номгӯйи онҳо аз рӯи намудҳои фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ муайян карда мешавад.

2. Ба шахсоне, ки таҳсилоти дахлдори касбӣ надоранд, барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ба шарте иҷозат дода мешавад, ки онҳо курсҳои тайёрии касбӣ аз рӯи барномаҳои таълимии дар асоси талаботи тахассусӣ нисбат ба ҳайати кормандони шахсони ҳуқуқӣ таҳиянамудаи муассисаҳои таълимӣ, инчунин аттестатсияи минбаъдаро аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ бо тартиби пешбининамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ гузаранд.

3. Мутахассисони шахсони ҳуқуқии дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ фаъолияткунанда бояд на камтар аз як маротиба дар панҷ сол курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисосро бо тартиби муайяннамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ гузаранд.

4. Ронандагони шахсони ҳуқуқӣ, инчунин соҳибкорони инфиродии дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ фаъолияткунанда бояд ба талаботи тахассусии нисбати ронандагон дар қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ муқарраргардида мутобиқат намоянд.

5. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои риояи талаботи моддаи мазкур масъул мебошанд.

Моддаи 11. Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ

1. Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ талаботи ҳатмиро барои татбиқ ва иҷро нисбат ба субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳангоми танзими давлатӣ ва амалӣ намудани фаъолият дар мавридҳои зерин муқаррар менамоянд:

- ташкили равандҳои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- равандҳои амалигардонӣ, хусусиятҳо ва натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- ҳайати кормандони корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ.

2. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ фаъолияткунанда метавонанд ҳуҷҷатҳои дигарро барои баҳодиҳии мутобиқат ба талаботи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ баъди бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ гузарондани экспертизаи онҳо барои имконпазир будани истифодабариашон ба сифати далели риояи талаботи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ истифода намоянд.

Моддаи 12. Оғоз ва қатъи фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

1. Пеш аз оғози фаъолияти марбут ба хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, шахси ҳуқуқӣ ва ё соҳибкори инфиродӣ бояд барои анҷом додани намуди дахлдори фаъолият иҷозатнома дошта бошанд.

2. Қатъи фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад.

3. Пеш аз оғози фаъолият барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти худӣ, шахси ҳуқуқӣ ва ё соҳибкори инфиродӣ уҳдадор аст шахсан дар шакли хаттӣ, ба таври мустақим ё бо мактуби фармоишӣ ва ё дар шакли электронӣ тибқи талаботи муқаррарнамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилиро оид ба санаи оғози чунин намуди фаъолият бо тасдиқи риояи талаботи муқаррарнамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ, огоҳ намояд.

4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ уҳдадор аст огоҳиномаро дар бораи оғози фаъолият барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти худӣ аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ва ё соҳибкори инфиродӣ қабул карда, онро бо тартиби муқарраргардида дар давоми бист рӯз аз санаи гирифтани огоҳинома ба қайд гирад.

5. Дар ҳолати қатъ гардидани фаъолият барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти худӣ, шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дар муҳлати на дертар аз бист рӯз аз рӯзи қатъ гардидани чунин фаъолият уҳдадор аст мувофиқи талаботи муқаррарнамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар бораи қатъ гардидани чунин фаъолият дар шакли хаттӣ ё электронӣ огоҳинома ирсол намояд.

Моддаи 13. Таъмини омодагии сафарбарӣ ва ҷалби нақлиёти автомобилӣ барои бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода

1. Муносибатҳои марбут ба таъмини сафарбарӣ ва омодагии сафарбарии нақлиёти автомобилӣ, чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражданӣ ва корҳои садамавӣ - наҷотдиҳӣ, бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти иҷтимоидошта бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

2. Ҳангоми ба миён омадани ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти иҷтимоӣ, табиӣ ва ё техногенӣ, инчунин ҳангоми ҷорӣ намудани ҳолати фавқулода, мақомоти давлатӣ ҳуқуқ доранд интиқолдиҳандагонро барои иҷрои корҳои марбут ба бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода бо ҷуброни минбаъдаи хароҷот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намоянд.

Моддаи 14. Робитаи мустақими ҳамлу нақли омехта бо иштироки намудҳои гуногуни нақлиёт

1. Нақлиёти роҳи оҳан, обии дохилӣ, ҳавоӣ ва автомобилӣ низоми робитаи мустақими омехтаро ташкил медиҳанд.

2. Муносибатҳо байни ташкилотҳои нақлиётӣ ҳангоми робитаҳои мустақими омехта, инчунин тартиби ташкили ҳамлу нақл ба воситаи шартномаҳое, ки байни ташкилотҳои намудҳои дахлдори нақлиёт бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ тасдиқшуда баста мешаванд, муайян мегарданд.

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ

НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ

Моддаи 15. Танзими давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

1. Танзими давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ бо роҳи таъминоти ҳуқуқӣ, иҷозатномадиҳӣ, андозбандӣ, сертификатсия, нархгузорӣ, ба роҳ мондани сиёсати сармоягузорӣ, иҷтимоӣ, илмию техникӣ ва назорати иҷрои талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

2. Мақомоти давлатӣ ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти хоҷагии ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ дахолат намоянд, инчунин кормандони ташкилотҳои нақлиёти автомобилиро ба корҳои дигар ҷалб кунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

Моддаи 16. Вазифаҳои танзими давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

Вазифаҳои танзими давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ инҳо мебошанд:

- муайян намудани самтҳои стратегӣ ва таҳияи барномаҳои рушд дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- ташаккул додани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва методологии сатҳҳои гуногуни идоракунии нақлиёти автомобилӣ ва фаъолияти нақлиёти автомобилӣ;

- муқаррар намудани талаботи ҳатмӣ ва расмиётӣ, пешниҳоди онҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми амалисозии фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- муайян намудани расмиёт ва чораҳои назорати риояи талаботи муқарраргардида ва ҷавобгарӣ барои риоя накардани онҳо;

- ҷорӣ намудани танзими тарифӣ ва зиддиинҳисории фаъолияти нақлиёти автомобилӣ;

- татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ ҳангоми амалисозии фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- ҳавасмандгардонии ҷорӣ намудани навовариҳо, рушди технология ва усулҳо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- мутобиқ кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ бо созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон.

Моддаи 17. Принсипҳои танзими давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

Принсипҳои танзими давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

- ягонагии сиёсати давлатӣ ва танзими меъёрӣ дар сатҳҳои гуногуни идоракунӣ ва ҳамоҳангсозӣ бо соҳаҳои ба ҳам алоқаманд;

- афзалиятнокии чораҳои андешидашаванда аз ҷониби давлат оид ба таъмини бехатарӣ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, муҳити зист;

- баробарии шартҳои воридшавӣ ба бозори кору хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият ҳангоми амалисозии фаъолият;

- самти иҷтимоии хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилии мусофирбарӣ ва ҳифзи гурӯҳҳои иҷтимоии осебпазири аҳолӣ;

- муносибати барномавию мақсаднок барои таъмини сатҳу сифати кафолатноки хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ.

Моддаи 18. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ мансубанд:

- ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- амалӣ намудани ҳамкории байнидавлатӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои дигар, стандартҳо, меъёрҳои муайянкунандаи тартиби ҳуқуқӣ ва меъёрии фаъолияти ҳамаи намудҳои нақлиёти автомобилӣ, новобаста аз шакли моликияташон, инчунин тасдиқи низомномаи фаъолияти комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- тасдиқи дурнамоҳо, барномаҳои давлатӣ ва консепсияи рушди ҳамаи намудҳои нақлиёти автомобилӣ, ташаккул ва татбиқи сиёсати сармоягузорӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоӣ, омодасозии кадрҳо;

- фароҳам овардани шароит барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳамлу нақл ва хизматрасонии марбут ба он;

- таъмин ва назорати риояи ҳуқуқи истифодабарандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;

- таҳияи дурнамо дар қонеъгардонии саривақтӣ ва босифати эҳтиёҷоти давлатии ҷумҳурӣ ва аҳолӣ ба ҳамлу нақл;

- амалӣ намудани салоҳияти дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 19. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ваколатҳои зерин дорад:

- пешбурд ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- таҳияи нақшаҳо ва барномаҳои давлатии рушд дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- таъмини ҳамкории мутақобила дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ бо намудҳои дигари нақлиёт;

- таҳия ва қабули (тасдиқи) санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (низомнома, тартиб, қоидаҳо, меъёрҳо, тарифҳо) дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- амалӣ намудани назорати иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар доираи ваколатҳои худ;

- иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои алоҳидаи фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- таъмини ҳамкории давлат бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 20. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ваколатҳои худро дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Моддаи 21. Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

1. Бо мақсади баррасии пешниҳодҳои марбут ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, баланд бардоштани сатҳи самаранокӣ ва мукаммалгардонии усулҳои хоҷагидорӣ, ҳифзи манфиатҳои ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ, интиқолдиҳандагон, мизоҷон ва ҷомеа, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ таҳти роҳбарии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ таъсис дода мешавад.

2. Ба ҳайати комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии интиқолдиҳандагон ва мизоҷон дохил мешаванд.

3. Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ фаъолияти худро дар асоси низомномае, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ менамояд.

Моддаи 22. Муносибати барномавию мақсаднок барои таъмини сатҳу сифати кафолатноки хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

1. Танзими давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ба усулҳои аз ҷониби давлат муқаррар намудани сатҳу сифати кафолатноки хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла бехатарии онҳо асос меёбад.

2. Ноил гардидан ба сатҳу сифати кафолатноки хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ бо усулҳои идоракунии сифат дар доираи таҳия ва қабули барномаҳои мақсадноки сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта мутобиқи ваколати мақомоти сатҳҳои дахлдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешавад.

3. Барномаҳои мақсадноки дар қисми 2 моддаи мазкур дарҷгардида дорои нишондиҳандаҳои арзёбии натиҷаҳои пешбинигардидаи амалисозии онҳо, аз ҷумла ҳаҷм ва андозаҳои сатҳу сифати кафолатноки хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ мебошанд.

4. Талабот нисбат ба асосноккунии зарурати қабули барномаҳои мақсаднок, таҳияи онҳо, сохт ва баёни онҳо, асосноккунӣ ва таҳияи нақшаҳои ҳамлу нақл, ташкили расмиёти озмун, назорати иҷрои чорабиниҳои барнома ва нақшаҳои ҳамлу нақл аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар асоси Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 23. Танзими тарифҳо

1. Тарифҳо барои хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва пардохтҳо аз рӯи шартномаҳо ба таври зерин муқаррар карда мешаванд:

- ҳангоми хизматрасонӣ оид ба ҳамлу нақл бо нақлиёти истифодаи умум дар асоси шартҳои шартномаи оммавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои ташаккули тарифҳо ва пардохтҳо;

- дар ҳолатҳои дигар - тибқи созиши тарафҳо.

2. Зарари корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми хизматрасонӣ ба шахсони имтиёздор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ пӯшонида мешавад.

3. Тарифҳо ва меъёри пардохтҳое, ки ҳангоми ҳамлу нақл бо нақлиёти истифодаи умум истифода бурда мешаванд, бояд ҳатман дар воситаҳои ахбори омма нашр гардида, дар шабакаҳои иттилоотӣ ҷой дода шаванд. Нашри тарифҳои зикргардида, аз ҷумла тағйиру иловаҳои ба онҳо воридгардида бояд на камтар аз сӣ рӯз пеш аз мавриди амал қарор додани ин тарифҳо (тағйиру иловаҳо ба тарифҳо) амалӣ карда шавад.

Моддаи 24. Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 25. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

1. Фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар асоси иҷозатнома амалӣ мегардад.

2. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 26. Суғурта дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

Суғурта дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 27. Назорат дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

Назорат дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва мақомоти дахлдори давлатӣ тибқи ваколатҳои онҳо мутобиқи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

БОБИ 3. ФАЪОЛИЯТИ НАҚЛИЁТИЮ ЭКСПЕДИТСИОНӢ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ

Моддаи 28. Фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

Фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси шартномаи экспедитсияи нақлиётии байни соҳиби бор ва экспедитор басташуда амалӣ карда мешавад.

Моддаи 29. Мақсади фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

Мақсади фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ аз инҳо иборат аст:

-таъмини сатҳи кафолатноки сифати хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

-рушди фаъолияти нақлиётию экспедитсионии миллӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ бо мақсади таъмини фаъолияти устувор.

Моддаи 30. Вазифаҳои фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

Вазифаҳои фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ аз инҳо иборатанд:

- таъмини баробарии ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми амалӣ гардондани фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- муҳайё кардани шароит барои инкишофи соҳибкорӣ ва рақобати солим дар фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- ҷалб намудани ташкилотҳои нақлиётию экспедитсионии маҳаллии автомобилӣ ба бозори байналмилалӣ;

- ташкил намудани фазои ягонаи экспедитсияи нақлиётӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талабот ва меъёри ягонаи фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- ҳавасмандгардонӣ барои ҷорӣ кардани технологияҳои пешқадами хизматрасонии нақлиётию экспедитсионии автомобилӣ ва боркашонии контейнерӣ;

-таъмини мутобиқсозӣ ва ҳамгироии кори намудҳои мухталифи нақлиёт, пеш аз ҳама дар марказҳои умумишабакавии нақлиётӣ автомобилӣ;

- муҳайё намудани шароит барои ташкили боркашонии мустақими омехта, рушди интиқоли интермодалӣ тавассути гузаргоҳҳои байналмилалии нақлиёти автомобилӣ;

- зиёд намудани номгӯйи хизматрасонӣ ва беҳтар кардани сифати хизматрасонии нақлиётию экспедитсионии автомобилӣ ба мизоҷон;

- барои мизоҷон муҳайё намудани шароити интихоби озоди экспедитор ва инчунин ба экспедитор муҳайё намудани шароит барои интихоби озоди борфиристонанда;

- таъмини бехатарии фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар асоси ҷорӣ намудани меъёри ягонаи стандартҳо ва низоми сертификатсия.

Моддаи 31. Ҳуҷҷатҳои экспедитсияи нақлиёти автомобилӣ

1. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иҷрои хизматрасонии экспедитсияи нақлиёти автомобилӣ супориши ирсол, дастхати анбор ва дастхати экспедиторӣ мебошанд.

2. Шакл ва тартиби пур кардани ҳуҷҷатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ (қоидаҳои фаъолияти нақлиётию экспедиторӣ дар нақлиёти автомобилӣ) муайян карда мешаванд.

Моддаи 32. Ҳуқуқу уҳдадориҳои соҳиби бор

1. Соҳиби бор ҳуқуқи интихоби хатсайри ҳаракати борро дорад.

2. Соҳиби бор метавонад аз экспедитор пешниҳоди маълумотро дар бораи раванди ҳамлу нақли бор талаб намояд, агар он дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ пешбинӣ шуда бошад.

3. Соҳиби бор мутобиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ ҳуқуқ дорад ба экспедитор дастур диҳад.

4. Соҳиби бор уҳдадор аст сари вақт ба экспедитор иттилооти пурра, дақиқ ва эътимоднокро дар бораи хусусусиятҳои бор, шартҳои ҳамлу нақли он ва иттилооти дигарро, ки барои уҳдадориҳои пешбининамудаи шартномаи экспедитсияи нақлиётиро иҷро намудани экспедитор зарур аст, пешниҳод намояд.

5. Соҳиби бор уҳдадор аст ба экспедитор подошпулиро пардохт намояд, инчунин хароҷоти аз ҷониби экспедитор барои манфиати соҳиби бор анҷомдодаро ҷуброн намояд.

Моддаи 33. Ҳуқуқҳои экспедитор

1. Экспедитор ҳуқуқ дорад хатсайри ҳаракати ҳамлу нақли борро дар асоси манфиати соҳиби бор интихоб ва ё тағйир диҳад, агар дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, дар баробари ин экспедитор уҳдадор аст соҳиби борро бо тартиби муайяннамудаи шартнома дар бораи тағйироти анҷомдода фавран огоҳ намояд.

2. Агар дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ пешбинӣ шуда бошад, экспедитор ҳуқуқ дорад, то пардохти подошпулӣ ва ҷуброни хароҷоти ба манфиати соҳиби бор анҷомдодааш ё то аз ҷониби соҳиби бор таъмин гардидани иҷрои уҳдадориҳояш оид ба пардохти подошпулӣ ва ҷуброни хароҷоти анҷомдодааш бори дар ихтиёр доштаашро нигоҳ дорад. Дар ин ҳолат соҳиби бор инчунин хароҷоти марбут ба нигоҳдории борро пардохт менамояд.

3. Барои вайрон шудани бор дар натиҷаи нигоҳдории он аз ҷониби экспедитор дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур соҳиби бор масъул мебошад.

4. Экспедитор ҳуқуқ дорад то аз ҷониби соҳиби бор пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, инчунин иттилоот дар бораи хусусусиятҳои бор, шартҳои ҳамлу нақли он ва иттилооти дигар, ки барои иҷрои уҳдадориҳои экспедитор зарур аст, барои иҷрои уҳдадориҳояш шурӯъ накунад.

5. Экспедитор ҳуқуқ дорад дурустии ҳуҷҷатҳои зарурии аз ҷониби соҳиби бор пешниҳодгардида, инчунин иттилоот дар бораи хусусиятҳои бор, шартҳои ҳамлу нақл ва иттилооти дигарро, ки барои уҳдадориҳои пешбининамудаи шартномаи экспедитсияи нақлиётиро иҷро намудани экспедитор зарур аст, санҷиш намояд.

Моддаи 34. Уҳдадориҳои экспедитор

Экспедитор уҳдадор аст:

- мутобиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ хизмат расонад;

- ба соҳиби бор оид ба гум шудан, камомад ё зарар дидани (вайрон шудани) бор сари вақт хабар расонад;

- оид ба риоя накардани дастури соҳиби бор ва ё дар давоми як шабонарӯз нагирифтани ҷавоби дархосташ мизоҷро аз риоя нашудани дастураш бо тартиби муайянкардаи шартнома огоҳ намояд;

- ба соҳиби бор ҳуҷҷати экспедиторӣ ва ҳамчунин нусхаҳои аслии шартномаҳоеро супорад, ки мутобиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ аз номи мизоҷ дар асоси ваколатномаи ӯ бастааст.

Моддаи 35. Масъулияти соҳиби бор ва экспедитор

1. Барои иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани уҳдадориҳои пешбининамудаи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ, экспедитор ва соҳиби бор дар асос ва андозаи муайяннамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мазкур масъулият доранд.

2. Дар ҳолати яктарафа рад кардани иҷрои шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ, соҳиби бор ё экспедитор ба тарафи дигар зарари вобаста ба қатъ гардидани шартномаро ҷуброн карда, ҷаримаи пешбининамудаи шартномаи экспедитсияи нақлиётиро месупорад.

3. Экспедитор дар шакли ҷуброни зарари воқеӣ барои гум кардан, камомад ё зарар дидани (вайрон шудани) бор пас аз қабули он аз тарафи экспедитор ва то супоридани бор ба боргиранда дар назди соҳиби бор ба андозаи зерин масъулият дорад:

- барои гум кардан ё камомади боре, ки экспедитор барои ҳамлу нақл бо арзиши эълоншуда қабул намудааст, ба андозаи арзиши эълоншуда ё қисми арзиши эълоншуда, ки ба қисми камомади бор баробар аст;

- барои гум кардан ё камомади боре, ки экспедитор барои ҳамлу нақл бе арзиши эълоншуда қабул намудааст, ба андозаи арзиши воқеии (дар асоси ҳуҷҷати тасдиқгардида) бор ё қисми камомади он.

4. Экспедитор зарари ба соҳиби бор дар натиҷаи риоя накардани муҳлати иҷрои уҳдадориҳо аз рӯи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ расонидашударо ҷуброн менамояд, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад ва экспедитор исбот нанамояд, ки риоя нагардидани муҳлат дар натиҷаи ҳолатҳои рафънопазир ё бо гуноҳи соҳиби бор ба амал омадааст.

5. Соҳиби бор барои сари вақт ба экспедитор пардохт накардани подошпулӣ ва ҷуброни хароҷоте, ки ӯ ба манфиати соҳиби бор анҷом додааст, дар шакли пардохти ҷаримаи аҳдшиканӣ ба андозаи даҳяки фоизи ҳаққи хизмати экспедитор ва хароҷоти барои манфиати соҳиби бор анҷомдодааш барои ҳар як рӯзи муҳлатгузаронӣ, вале на бештар аз андозаи подошпулии ба экспедитор додашаванда ва хароҷоти ба манфиати соҳиби бор анҷомдодааш масъулият дорад.

БОБИ 4. ТАЛАБОТИ АСОСӢ НИСБАТ БА ТАШКИЛ

ВА АМАЛӢ НАМУДАНИ ҲАМЛУ НАҚЛ

Моддаи 36. Намудҳои ҳамлу нақл

Ҳамлу нақл аз рӯи хусусиятҳои зерин муайян карда мешаванд:

- объектҳои ҳамлу нақл: бор, мусофирон ва бағоҷ;

- навъҳои ҳамлу нақл: ҳамлу нақли байни шаҳрак ва деҳот, шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ;

- аз рӯи хусусиятҳои муносибат: дар асоси шартнома, инчунин барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти худии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;

- аз рӯи хусусият: мунтазам ва номунтазам;

- аз рӯи мушаххасот: ҳамлу нақли махсус (ҳамлу нақли гурӯҳҳои кӯдакон, маъюбон, борҳои хатарнок, зудвайроншаванда, калонҳаҷм, вазнин ва дигар намуди ҳамлу нақл) бошанд;

- аз рӯи намудҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ: тавассути автомобилҳои сабукрав, автобусҳо, троллейбусҳо;

- аз рӯи шакли хизматрасонӣ: тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ, фармоишӣ ва таксӣ.

Моддаи 37. Талабот нисбат ба ташкил ва амалӣ намудани ҳамлу нақл

Талабот нисбат ба ташкил ва амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ, инчунин талабот нисбат ба ҳамлу нақли бор бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ (қоидаҳои ташкилӣ ва амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷ, бор) мутобиқи Кодекси мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 38. Талабот нисбат ба таъмини бехатарии ҳамлу нақл

1. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки фаъолиятро дар самти ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷ ва бор амалӣ менамоянд, ҳангоми ташкили чунин ҳамлу нақл бояд талаботро нисбат ба таъмини шароити бехатари меҳнати ронандагон, таъмини назорати тиббии саломатии ронандагон, ҳолати зарурии коршоямии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, гузарондани корҳои пешгирикунанда бо ронандагон ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат, санҷиш ва таҳлили сабабҳои садаманокӣ дар корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳамлу нақли мусофирон ва бор муқаррар гардидаанд, риоя намоянд.

2. Талабот нисбат ба таъмини шароити бехатари меҳнати ронандагон, аз ҷумла дастурдиҳӣ ва таҷрибаомӯзии ронандагон, такмили ихтисос ва малакаи касбии ронандагон, назорати риояи реҷаи корӣ ва истироҳат аз тарафи ронандагон, назорати мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зарурии ронандагон ҳангоми амалисозии ҳамлу нақл мутобиқи қоидаҳои дахлдори нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳамлу нақли мусофирон ва бор, инчунин дар асоси Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат муқаррар карда мешавад.

3. Талабот нисбат ба ташкили таъминоти тиббии бехатарии ронандагон, аз ҷумла гузарондани муоинаҳои ҳатмӣ ва давравии ронандагон, гузарондани муоинаи тиббии пеш аз басти кории ронандагон, таълимдиҳии усулҳои расондани кӯмаки аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ мутобиқи Кодекси мазкур, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва соҳаи тандурустӣ бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳамлу нақли мусофирон ва бор муқаррар карда мешавад.

4. Талабот нисбат ба таъмини ҳолати аз ҷиҳати техникӣ коршоями воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла муоинаи ҳатмии техникӣ, назорати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ пеш аз басти корӣ, сари вақт гузарондани хизматрасонӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, таъмини чорабиниҳои дигар оид ба нигоҳдории техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки ба таъмини бехатарии ҳамлу нақли мусофирон ва бор алоқаманд мебошанд, мутобиқи Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ бо қоидаҳои дахлдори нақлиётӣ автомобилӣ оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳамлу нақли мусофирон ва бор муқаррар карда мешавад.

5. Талабот нисбат ба гузарондани корҳои пешгирикунанда бо ронандагон оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, санҷиш ва таҳлили сабабҳои садаманокӣ дар корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ дар доираи фаъолияти хадамоти бехатарии ҳаракат дар роҳ, мутобиқи Кодеки мазкур, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ ва бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳамлу нақли мусофирон ва бор муқаррар карда мешавад.

Моддаи 39. Шахсони масъул барои ташкил ва амалӣ намудани ҳамлу нақл

1. Роҳбари шахси ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷ ва (ё) бор амалӣ менамояд, соҳибкори инфиродӣ, ё ин ки шахси мансабдор, ки чунин роҳбар ва ё соҳибкори инфиродӣ таъин гардидааст, барои ташкил ва амалӣ намудани ҳамлу нақл масъул мебошад.

2. Талабот нисбат ба шахсоне, ки барои ташкил ва амалӣ намудани ҳамлу нақл масъуланд, мувофиқан бо қоидаҳои ҳамлу нақли бор ва мусофирон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 40. Талабот нисбат ба ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ

1. Шахсонӣ ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷ ва бор ба ронанда пеш аз ба сафар баромадан ройгон варақаи роҳхат ва барои интиқоли бор борхати молию нақлиётӣ медиҳанд.

2. Реквизитҳои ҳатмӣ, шаклҳои роҳхат ва борхатҳои молию нақлиётӣ, инчунин тартиби истифодабарии онҳо бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба омор муқаррар карда мешаванд.

3. Роҳхатҳо ва борхатҳои молию нақлиётие, ки ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалӣ истифода мешаванд, ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба расмият дароварда мешаванд.

4. Амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ тавассути воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бе барасмиятдарории роҳхат ба воситаи ҳаракаткунандаи дахлдор ва ҳангоми интиқоли бор бошад, бе борхати молию нақлиётӣ манъ аст.

Моддаи 41. Нигоҳдории байнибастии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ

Нигоҳдории байнибастии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки ба нақлиёти истифодаи умум мансуб мебошанд, инчунин воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки ҳамлу нақли байналмилалиро амалӣ менамоянд, бояд аз ҷониби интиқолдиҳандагон дар таваққуфгоҳҳои махсус ҷудогардида, муносиб ва ба тариқи дахлдор таҷҳизонидашудаю муҳофизатшаванда, аз ҷумла дар таваққуфгоҳҳои дар ҳудуди корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ мавҷудбуда амалӣ карда шаванд.

БОБИ 5. ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛИ МУСОФИРОН ВА БАҒОҶ БО НАҚЛИЁТИ ҶАМЪИЯТӢ

Моддаи 42. Ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ

1. Ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва мақоми ваколатдор, ки вазифаҳои ташкилкунандагони ҳамлу нақли мусофиронро бо нақлиёти ҷамъиятӣ иҷро менамоянд, амалӣ карда мешавад.

2. Ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ, банақшагирии ҳамлу нақли мусофирон, иҷозат додан ба интиқолдиҳандагон барои амалигардонии мусофирбарӣ, таъмини равандҳои амалисозии ҳамлу нақли мусофирон, идоракунии нақшавӣ, фаврӣ ва назорати амалӣ намудани чунин ҳамлу нақлро пешбинӣ менамояд.

3. Вазифаҳои алоҳида оид ба ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ, ки номгӯйи онҳо бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ муайян карда мешаванд, метавонанд ба корхонаҳои давлатӣ ё коммуналии ғайритиҷоратӣ вогузор карда шаванд, ба шарте, ки назорати фаъолияти ин шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва ё мақоми ваколатдор таъмин карда шавад.

Моддаи 43. Банақшагирии ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ

1. Банақшагирии ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ бо роҳи таҳия ва татбиқи нақшаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ, ки маҷмӯи омилҳои иҷтимоӣ, инфрастсохторӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва омилҳои дигарро бо мақсади таъмини сатҳи зарурии сифати ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ барои манфиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои маъмурии он ба инобат мегиранд, амалӣ карда мешавад.

2. Нақшаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ иборатанд аз:

- нақшаи ҷамъбастии ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нақшаи ҳамлу нақли байнишаҳрии мусофирон ва бағоҷ;

- нақшаи ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ дар хатсайрҳои наздишаҳрӣ ва шаҳраку деҳот;

- нақшаи ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон ва бағоҷ.

3. Таҳияи нақшаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ муқаррар намудани андозаҳои нақшавии нишондиҳандаҳои сифати хизматрасонии нақлиёти автомобилиро пешбинӣ менамояд, ки зарурати ноил шудан ба сатҳи кафолатнокӣ, сифати дар стратегия ва барномаҳои мақсадноки соҳаи нақлиёти автомобилӣ пешбинӣ шуда, инчунин чорабиниҳои ноил шудан ба онҳо дар асоси стандартҳои нақлиёти автомобилӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегарданд.

4. Таҳия ва тасдиқи нақшаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ амалӣ мегарданд.

5. Низомнома оид ба комиссия, тартиби таҳия ва тасдиқи нақшаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ, кушодани хатсайрҳо, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба хатсайрҳои доимоамалкунанда, инчунин ҳайати комиссия тибқи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ муайян карда мешаванд.

6. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ҳуқуқ дорад барои таҳияи нақшаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ ташкилотҳои илмию таълимӣ, мутахассисони дорои салоҳият дар масъалаҳои банақшагирӣ ва ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилиро ҷалб намоянд.

7. Нақшаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки ҳангоми таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ истифода мешаванд.

Моддаи 44. Иҷозатдиҳӣ ва гузарондани озмун барои амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ

1. Додани иҷозат ба интиқолдиҳандагон барои амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҷониби ташкилкунандагони ҳамлу нақл дар асоси озмун, ки ташкил ва баргузории он барои ҳамлу нақли байналмилалӣ, байнишаҳрӣ, шаҳрӣ ва байни шаҳраку деҳот мебошад, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва мақоми ваколатдор амалӣ карда мешавад.

2. Тартиби ташкил ва гузарондани озмунҳо барои ҳуқуқи амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар асоси қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ муқаррар карда мешавад ва бояд таҳияи ҳуҷҷатҳои озмуниро дар асоси нақшаи ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ, аз ҷумла шиносномаи хатсайрҳо ва ҷадвали ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, талабот нисбат ба огоҳ намудан дар бораи баргузории озмуни кушод, талабот нисбат ба таркиби маълумот ва шартҳои расмиёти озмун, таркиби талабот нисбат ба иштирокчиёни озмуни кушод, тартиби баҳогузорӣ ва муқоисаи дархостҳо барои иштирок дар озмуни кушод, тартиби бастани шартнома оид ба ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷро бо нақлиёти ҷамъиятӣ дар бар гирад.

3. Таркиби талабот нисбат ба иштирокчиёни озмун, ки бо тартиби ташкил ва гузарондани озмун барои ҳуқуқи амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинӣ гардидааст, бояд нишондиҳандаҳои сифат ва андозаҳои нақшавии онҳоро, ки ноил гардидан ба андозаҳои нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва нақшаҳои ҳамлу нақли мусофиронро таъмин менамояд, ба инобат гирад.

4. Ба озмун барои ҳуқуқи амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ хатсайрҳои ҳамлу нақли мунтазами мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ дар намудҳои дахлдори роҳҳои алоқа дар шакли хатсайрҳои алоҳида ва ё дар таркиби якчанд хатсайр бо як лот пешниҳод карда мешаванд.

5. Озмун барои ҳуқуқи амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ баргузорнагардида ҳисобида мешавад, агар ба озмун дархости танҳо як иштирокчӣ пешниҳод гардида бошад. Шартномаи ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ, бо шарти мувофиқат ба талаботи озмун бо ҳамон иштирокчӣ баста мешавад.

6. Ҳамлу нақли мусофирон тавассути троллейбусҳо тибқи нақшаҳои ҳамлу нақли мусофирон бе гузарондани расмиёти озмунӣ амалӣ карда мешаванд.

Моддаи 45. Шартҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ

1. Ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҷониби интиқолдиҳандагоне амалӣ карда мешавад, ки барои амалӣ намудани ин фаъолият ғолиби озмун эътироф гардидаанд ва бо ташкилкунандаи ҳамлу нақл бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ шартномаи ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷро бо нақлиёти ҷамъиятӣ бастаанд.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, инчунин мақоми ваколатдор оид ба ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ корҳои зеринро амалӣ менамоянд:

- назорати амалисозии идоракунии нақшавӣ ва фаврии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шабакаи хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар намудҳои дахлдори алоқа;

- назорати аз ҷониби интиқолдиҳандагон риоя гардидани шартҳои пешбининамудаи шартномаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ;

- таъмини ҳолати коршоямии техникӣ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва кӯчаҳое, ки тавассути онҳо ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ амалӣ карда мешавад;

- таъмини ҳолати меъёрии техникӣ, нигоҳдорӣ ва таҷҳизонидани нуқтаҳои истгоҳҳо ва истгоҳҳои ниҳоии нақлиёти ҷамъиятӣ, майдончаҳои истодану гардиш;

- ба интиқолдиҳандагон пешниҳод намудани пардохти кафолатноки ҳаҷми хизматрасонии иҷронамуда тибқи шартномаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ нисбат ба гурӯҳҳои мусофирони имтиёздор дар асоси тарифҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокшуда;

- аз интиқолдиҳандагон талаб намудани риояи талабот ва шартҳои шартномаи ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2002);

- тибқи тартиби муқарраргардида яктарафа бекор намудани шартномаи ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ бо интиқолдиҳанда ҳангоми ба таври ҷиддӣ вайрон кардани талаботи шартнома;

- назорати аз ҷониби интиқолдиҳандагон ба мусофирон додани чипта ва расиди бағоҷ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ (қоидаҳои ҳамлу нақл ва хизматрасонӣ оид ба ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ);

- таъмини сифат ва бехатарии ҳамлу нақли мусофирон (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2002).

3. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои интиқолдиҳандагон оид ба ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ:

- аз ташкилкунандаи ҳамлу нақл таъмини ҳолати зарурии техникӣ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва кӯчаҳоеро, ки тавассути онҳо ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятии ин интиқолдиҳанда амалӣ карда мешавад, талаб намоянд;

- аз ташкилкунандаи ҳамлу нақл таъмини ҳолати меъёрии техникӣ, санитарию гигиенӣ, нигоҳдорӣ ва таҷҳизонидани нуқтаҳои истгоҳ ва истгоҳҳои ниҳоии нақлиёти ҷамъиятӣ, майдончаҳои истодану гардишро талаб намоянд;

- аз ташкилкунандаи ҳамлу нақл пешниҳоди пардохти кафолатнок барои ҳаҷми хизматрасонии аз ҷониби он иҷрогардидаро аз рӯи шартномаи ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ нисбат ба гурӯҳҳои мусофирони имтиёздор дар асоси тарифҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокшуда талаб намоянд;

- агар аз ҷониби ташкилкунандаи ҳамлу нақл шароити бехатари ҳамлу нақл дар хатсайр таъмин карда нашавад, ҳамлу нақли мусофиронро дар хатсайрҳо то ба таври яктарафа бекор намудани шартномаи ташкили ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти ҷамъиятӣ манъ намоянд;

- назорати пардохти роҳкироро аз ҷониби мусофирон мутобиқи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ (қоидаҳои ҳамлу нақл ва хизматрасонӣ оид ба ҳамлу нақли мусофирон), ба истиснои ҳолатҳое, ки вазифаи мазкур ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор шуда бошад, амалӣ намоянд.

- ба ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ дар муҳлат ва тибқи шартҳои муқаррарнамудаи шартнома оид ба ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ оғоз намоянд;

- ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷро бо риояи ҳатмии талабот ва шартҳои шартномаи ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ амалӣ намоянд;

- дар сурати пеш аз муҳлат қатъ намудани амалисозии ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ дар хатсайр, ташкилкунандаи ҳамлу нақлро на камтар аз навад рӯз то оғози чунин ҳолат огоҳ намоянд;

- ҳамлу нақлро мустақилона, бе додани ҳуқуқи хизматрасонии як ва ё якчанд хатсайр ба шахси сеюм амалӣ намоянд.

4. Дар ҳолати зарурати ташкили фаврии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар хатсайрҳои навтаъсиси ҳамлу нақли мунтазами мусофирон ва бағоҷ ташкилкунандаи ҳамлу нақл ҳуқуқ дорад то баргузории озмун хатсайрро ба интиқолдиҳанда вобаста намояд.

5. Барои ҳар як хатсайри ҳамлу нақли мунтазам бо нақлиёти ҷамъиятӣ шиносномаи хатсайр таҳия гардида, якҷоя бо ҷадвали ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар терминалҳо ва истгоҳҳои ҳар як хатсайр насб карда мешаванд(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2002).

Моддаи 46. Идоракунии нақшавӣ ва фаврии ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ

1. Идоракунии нақшавӣ ва фаврии ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ дар ду шакл сурат мегирад: аз ҷониби ташкилкунандаи ҳамлу нақл ва интиқолдиҳанда.

2. Ташкилкунандаи ҳамлу нақл бо мақсади ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ аз идоракунии танзимгарӣ дар хатсайрҳои муқарраргардида бо дар назар доштани талаботи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ (қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ) истифода мебарад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2002).

3. Идоракунии танзимгарӣ аз ҷониби хадамоти танзимгарӣ, ки бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва (ё) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуда, фаъолиятро дар як ё якчанд намудҳои роҳҳои алоқа анҷом медиҳанд, амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2002).

4. Вазифаҳои асосии хадамоти танзимгарӣ ва талабот нисбат ба онҳо бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ (қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ) муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2002).

5. Интиқолдиҳандагон идоракунии нақшавӣ ва фаврии ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷро тибқи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ (қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ) ва шартҳои шартномаи ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо хадамоти танзимгарии фармоишгар ва ё бо корманде, ки вазифаи танзимгарро иҷро менамояд, амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2002).

Моддаи 47. Назорати ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ

1. Ташкилкунандаи ҳамлу нақл назорати иҷрои талабот ва шартҳои шартномаи ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷро бо нақлиёти ҷамъиятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ амалӣ менамояд.

2. Тартиби дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида расмиёти барои назорат ҷалб намудани хадамоти танзимгарӣ, расмиёти аттестатсияи ҳайати кормандонро ба сифати назоратчиён ва баҳодиҳии мувофиқати онҳо ба талаботи тахассусӣ, талабот нисбат ба шакли шаҳодатнома ва аломатҳои фарқкунандаи назоратчиён, тартиби истифодабарии онҳо аз ҷониби назоратчиён, расмиёти аз ҷониби назоратчиён муайян намудани ҳолатҳои риоя накардани шартҳои шартномаро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2002).

БОБИ 6. ХИЗМАТРАСОНИИ ҲАМЛУ НАҚЛИ МУСОФИРОН ВА БАҒОҶ БО НАҚЛИЁТИ ҶАМЪИЯТӢ

Моддаи 48. Шартномаи ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ

Шартномаи ҳамлу нақли мусофирон ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ шартномаи оммавӣ ба ҳисоб меравад.

Моддаи 49. Ҳуқуқу уҳдадориҳои мусофир

1. Мусофир ҳуқуқ дорад:

- аз корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ иттилооти заруриро дар бораи шартҳо ва тартиби ҳамлу нақл ва хизматрасонии марбут ба нақлиёти ҷамъиятӣ гирад;

- чиптаҳоро дар муҳлат ва бо шартҳои муайяннамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ дар соҳаи хизматрасонӣ ба мусофирон фармоиш диҳад;

- мутобиқи шартҳои шартномаи ҳамлу нақли мусофирон ва бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум сафар намояд;

- дар воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҷой гирад ва дар асоси маълумоти чиптаи воқеӣ аз он истифода намояд;

- дар нақлиёти ҷамъиятии роҳҳои алоқаи шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, шаҳрак ва деҳот як кӯдаки то ҳафтсоларо бе пешниҳоди ҷойи алоҳидаи нишаст ройгон интиқол диҳад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2002);

- дар нақлиёти ҷамъиятии роҳҳои алоқаи шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, шаҳрак ва деҳот ду кӯдаки аз ҳафт то даҳсоларо бар ивази музде, ки зиёда аз панҷоҳ фоизи роҳкироро ташкил карда наметавонад, бо пешниҳоди ҷойҳои алоҳидаи нишаст интиқол диҳад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2002);

- дар хатсайрҳои байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ як кӯдаки то панҷсоларо бе пешниҳоди ҷойи алоҳидаи нишаст дар автобус ройгон интиқол диҳад;

- мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиёз барои сафар истифода намояд;

- бе пардохти маблағи иловагӣ ҳамлу нақли сагҳои роҳбаладро ҳангоми мавҷудияти ҳуҷҷати махсус дар бораи омӯзиш ва сайругашти онҳо дар ҷойҳои муқарраргардида ва ё манънабуда амалӣ намояд;

- бе пардохти маблағи иловагӣ ҳамлу нақли аробачаҳои маъюбии шахсони маъюб ва дигар воситаҳои техникии барқарорсозии саломатии онҳоро, ки номгӯйи онҳо бо тартиби муқарраргардида муайян гардидааст, амалӣ намояд;

- агар интиқолдиҳанда ба ҷойи воситаи нақлиёти автомобилии пешбининамудаи шартномаи ҳамлу нақли мусофир воситаи дигари нақлиёти автомобилиеро пешниҳод намояд, ки тарифи ҳамлу нақли он баландтар мебошад, бо чиптаи харидоригардида бе пардохти маблағи иловагӣ сафар намояд;

- бағоҷро барои ҳамлу нақл ройгон супорад, бори дастиро, ки аз меъёрҳои ҳаҷму андоза ва вазни бо дарназардошти талаботи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ муқаррарнамудаи интиқолдиҳанда зиёд намебошад, ройгон интиқол диҳад;

- арзиши бағоҷро ҳангоми барои ҳамлу нақл супоридан эълон намояд;

- аз сафар даст кашад, чипта ва (ё) расиди бағоҷро то оғози ҳамлу нақл баргардонида, маблағи барои ҳамлу нақл пардохтаашро бо тарҳи хироҷҳои пешбинишуда бозпас гирад;

- дар ҳолати имконнопазир будани ҳамлу нақл бо воситаи нақлиёти автомобилии пешниҳодгардида бо сабаби корношоям будани он, садама, вазъи саломатии ронанда, ки ба талаботи бехатарии ҳамлу нақл ҷавобгӯй намебошад, бо сабабҳои дигари асоснок маҳдуд ва ё қатъ гардидани ҳамлу нақл дар ин воситаи нақлиёт, аз чипта ва расиди бағоҷи ба ӯ додашуда дар воситаи нақлиёти автомобилии дигари ҳамин хатсайр, ки тибқи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ интиқолдиҳанда уҳдадор аст онро пешниҳод намояд, истифода барад;

- на дертар аз се соат то ҳаракати воситаи нақлиёти автомобилӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда чиптаи гумшуда ё расиди бағоҷи гумшударо барқарор созад;

- ҷуброни зарари ба ҳаёт, саломатӣ ва ё молу мулк расонидашударо, ки бо гуноҳи интиқолдиҳанда рӯй додааст, талаб намояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқҳои дигар мебошад.

2. Мусофир уҳдадор аст:

- сари вақт ва дар ҳаҷми пурра арзиши роҳкироро пардохт намояд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад;

- бо худ чипта ва ё расиди бағоҷро дар ҳолати мавҷудияти бағоҷ то охири сафар нигоҳ дорад;

- ҳангоми сафар тартиботи ҷамъиятиро риоя намояд;

- ҳангоми сафар дар хатсайри байналмилалӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаштан аз сарҳад ва ҳамлу нақли бағоҷ тавассути сарҳад дошта бошад ва бо дархости мақомоти дахлдор онҳоро пешниҳод намояд;

- хизматрасонии интиқолдиҳандаро ҳангоми ҳамлу нақли бағоҷи арзишаш эълоншуда, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, аз рӯи тарифи муқаррарнамудаи интиқолдиҳанда пардохт намояд;

- бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синну соли кӯдакро, ки ба ӯ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти роҳкиро имтиёз пешниҳод шудааст, дошта бошад;

- бо дархости ҳайати хизматрасони ваколатдори интиқолдиҳанда ё мақомоти назоратӣ барои назорат чипта ва расиди бағоҷи худро ҳангоми мавҷудияти бағоҷ пешниҳод намояд;

- дар сурати доштани имтиёз барои пардохти роҳкиро, бо дархости ҳайати хизматрасони ваколатдори интиқолдиҳанда ё мақомоти назоратӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба имтиёзро пешниҳод намояд;

- уҳдадориҳои дигареро, ки бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ дар соҳаи хизматрасонӣ ба мусофирон бо нақлиёти ҷамъиятӣ муқаррар гардидаанд, иҷро намояд.

Моддаи 50. Ҳуқуқу уҳдадориҳои интиқолдиҳанда

1. Интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад:

- аз мусофир риоя намудани талаботи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ, инчунин ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалӣ қоидаҳои гумрукӣ, сарҳадӣ ва қоидаҳои дигаре, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатҳои оғози ҳаракат, таъинот ё транзитӣ муайян карда шудаанд, талаб намояд, дар ҳолати риоя нагардидани ин талабот аз ҷониби мусофир, интиқоли ӯро рад намояд;

- меъёрҳои ҳамлу нақли бағоҷ, бори дастӣ, аз ҷумла ҳамлу нақли ройгон, андозааш калонтар ё шуморааш зиёдро, ки дар қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ дар соҳаи хизматрасонӣ ба мусофирон бо нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинӣ гардидаанд, муқаррар намояд;

- аз қабул намудани бағоҷ, бори дастии мусофир даст кашад, агар хусусият ё борпечии ашёе, ки ба таркиби бағоҷ, бори дастӣ дохил мешаванд, ба талаботи муқаррарнамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ ҷавобгӯй набошанд;

- ҳамлу нақли бағоҷ ва бори дастии мусофиронро рад намояд, агар ҷойгиркунии онҳо дар салони воситаи нақлиёти автомобилӣ барои рафту омади озоди мусофирон халал расонанд;

- ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ариза оид ба ҳуқуқвайронкуниҳое, ки ҳангоми ҳамлу нақл ошкор гардидаанд, муроҷиат намояд.

2. Интиқолдиҳанда уҳдадор аст:

- талаботи Кодекси мазкур, қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд;

- ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷро бо нақлиёти ҷамъиятӣ мутобиқи шартҳои шартнома дар бораи ташкили ҳамлу нақли мусофирон дар ҳаҷм ва бо шартҳои шартномаи оммавии ҳамлу нақл амалӣ намояд;

- дар воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, объектҳои инфрасохтори нақлиётӣ ва дар шабакаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла тавассути шахсони сеюм дар шакли ба ҳамаи истифодабарандагон дастрас, инчунин барои мусофирони маъюби гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ оид ба шартҳои ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷ, бори дастӣ иттилооти воқеъбинонаро пешниҳод намояд;

- ҳолати дурусти техникии воситаҳои нақлиёти автомобилиро таъмин намояд;

- дастрасии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ барои мусофирони маъюб, инчунин шароити заруриро барои хизматрасонии чунин мусофирон дар объектҳои инфрасохтори нақлиётӣ тибқи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои ҳамлу нақл ва хизматрасонӣ ба мусофирон бо нақлиёти ҷамъиятӣ ва стандартҳои нақлиёти автомобилӣ таъмин намояд;

- тибқи талаботи Кодекси мазкур ва қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои ҳамлу нақл ва хизматрасонӣ бо нақлиёти ҷамъиятӣ хизматрасонии заруриро ба мусофирони маъюб ва мусофирони дигари дорои имкониятҳои маҳдуд дар ҳаракати мустақилона бе ситонидани маблағи иловагӣ аз онҳо таъмин намояд;

- дар таъмини хизматрасонӣ ва кумакҳои зарурӣ ба мусофирони маъюб ва мусофирони дигари дорои имкониятҳои маҳдуд, аз ҷумла ҳаракат дар объекти инфрасохтори нақлиётӣ ва истифода аз хизматрасонӣ дар ин объектҳо, саворшавӣ ба воситаи нақлиёт ва фаромадан аз он, инчунин дар ҳолати зарурӣ бо истифода аз аппарелҳо, таҷҳизоти махсуси боркунӣ барои мусофирони маъюб пешбинигардида, дар ҳаракат, ҷойгиронӣ, додани бағоҷ, бори дастӣ ва кумакҳои дигар бо хоҳиши мусофири маъюб рад накунад;

- ҷойгиронӣ, интиқоли аробачаҳои маъюбӣ ва воситаҳои дигари техникии барои офияти мусофирони маъюб ва (ё) мусофирони дигарро, ки барои ҳаракати мустақилона имкониятҳои маҳдуд доранд, бе ситонидани маблағи иловагӣ аз онҳо таъмин намояд;

- ҳамлу нақли сагҳои роҳбаладро дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷати махсус оид ба омӯзиши онҳо, бе ситонидани маблағи иловагӣ амалӣ намуда, барои сайругашти онҳо шароит ва кумаки зарурӣ пешниҳод намояд;

- ҳангоми сафари мусофири маъюб бо шахси роҳнамо, ҳамлу нақли якҷоя ва хизматрасонии онҳоро таъмин намояд;

- саворкунӣ ва фаровардани мусофиронро танҳо дар истгоҳҳои муҷаҳҳазгардида ва терминалҳои мусофирбарӣ анҷом диҳад;

- ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли байнишаҳрӣ ва байналмилалии мусофирон дар воситаи нақлиёти автомобилии хатсайри мушаххас, ба мусофирон дақиқан мутобиқи маълумоти дар чипта зикргардида ҷойи нишаст, инчунин ҷойи бағоҷро дар сурати мавҷуд будани расиди бағоҷ пешниҳод карда, маҳфуз нигоҳ доштани бағоҷро дар давоми вақти ҳамлу нақл таъмин намояд;

- суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти интиқолдиҳандаро дар назди мусофирон ҳангоми сафари онҳо бо воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ таъмин намояд;

- тарифҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷро бо тартиби муқарраргардида эълон ва риоя намояд, онҳоро дар шартномаҳои ҳамлу нақл, чипта ва расиди бағоҷ қайд намуда, мусофиронро оид ба тағйирёбии тарифҳо пешакӣ хабардор намояд;

- шароити дастраси фурӯши чиптаҳо ва расидҳои бағоҷро барои ҳамаи мусофирон, аз ҷумла мусофирони маъюб мутобиқи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои ҳамлу нақл ва хизматрасонӣ ба мусофирон бо нақлиёти ҷамъиятӣ, таъмин намояд.

Моддаи 51. Рад намудан аз бастани шартномаи ҳамлу нақли мусофир бо ташаббуси интиқолдиҳанда ва қатъи амали он

1. Интиқолдиҳанда метавонад дар ҳолатҳои зерин шартномаи ҳамлу нақли мусофирро яктарафа қатъ намояд ё онро ба имзо нарасонад:

- аз ҷониби мусофир рад кардани иҷро ё риоя накардани талаботи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ ва ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалӣ қоидаҳои гумрукӣ, сарҳадот ва қоидаҳои дигар, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатҳои оғози ҳаракат, таъинот ё транзитӣ муайян шудаанд;

- пардохти маблағи роҳкирои худ, роҳкирои фарзандони бо ӯ сафаркунанда ва (ё) пардохти ҳамлу нақли бағоҷи худро ба андоза ва шартҳои дар шартномаи ҳамлу нақли мусофирон пешбинигардида, ба истиснои доштани ҳуқуқи сафари ройгон, интиқоли ройгони кӯдакон ва бағоҷ, рад кардани мусофир;

- дар бори дастӣ, бағоҷ мавҷуд будани ашё ё маводе, ки интиқолашон манъ карда шудааст;

- дар сурати мавҷуд набудани ҷойҳои холӣ дар воситаи нақлиёти автомобилӣ, ки шумораи онро корхонаи истеҳсолкунанда муқаррар намудааст.

2. Исбот кардани мавҷудияти асосҳо барои бекор кардан ва ё рад кардани бастани шартномаи ҳамлу нақли мусофирон, ки қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, ба зиммаи интиқолдиҳанда вогузор шудааст.

Моддаи 52. Ҳамлу нақли бағоҷ ва бори дастӣ

1. Қабул ва додани бағоҷ бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои ҳамлу нақл ва хизматрасонӣ ба мусофирон бо нақлиёти ҷамъиятӣ анҷом дода мешавад.

2. Қабули бағоҷ бо арзиши эълоншуда барои ҳамлу нақл бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои ҳамлу нақл ва хизматрасонӣ ба мусофирон бо нақлиёти ҷамъиятӣ анҷом дода мешавад.

3. Бағоҷе, ки барои ҳамлу нақл дар воситаҳои нақлиёти автомобилии дигар қабул шудааст, бояд ба нуқтаи таъиншуда на дертар аз рӯзи расидани мусофир ба ин нуқта ва бо шартҳои муайяннамудаи шартномаи ҳамлу нақли мусофир, ба мусофир дода шавад.

Моддаи 53. Ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ

1. Ба ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ инҳо дохил мешаванд: чипта, расиди бағоҷ, расид барои пардохти маблағи бағоҷ бо арзиши эълоншуда.

2. Бастани шартномаи ҳамлу нақли мусофир ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақл бо нақлиёти ҷамъиятӣ, инчунин ҳамлу нақли мунтазами мусофирон дар роҳҳои алоқаи байналмилалӣ бо чипта ва бағоҷи барои ҳамлу нақл супоридашуда бо расиди бағоҷ тасдиқ карда мешаванд.

3. Реквизитҳои ҳатмӣ дар чипта ва расиди бағоҷ, шаклҳои намунавии бланкаҳои чипта ва расиди бағоҷ, шаклҳои (намунаҳои) чиптаи электронӣ бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ ва стандартҳои нақлиёти автомобилӣ муқаррар карда мешаванд.

4. Чеки хазинавӣ, ки дар он реквизитҳои чипта, расиди бағоҷ нишон дода шудаанд, мувофиқан ба чипта, расиди бағоҷ баробар карда мешавад.

5. Ҳуҷҷати электронии тасдиқкунандаи шартномаи ҳамлу нақли мусофирон ва (ё) бағоҷ мувофиқан ба чипта ва (ё) расиди бағоҷ баробар карда мешавад.

Моддаи 54. Пардохти маблағи сафари мусофирон ва ҳамлу нақли бағоҷ

1. Тартиби гирифтан ва пардохти роҳкиро, инчунин шакл ва усулҳои муомилоти чиптаҳои мусофир аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар асоси қоидаҳои дахлдори нақлиёти автомобилӣ таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.

2. Пардохти маблағи сафари мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ аз рӯи тарифҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва мақоми ваколатдор дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зиддиинҳисорӣ амалӣ карда мешавад.

3. Ба гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сафар имтиёз дода мешавад.

4. Пардохти маблағи ҳамлу нақли бағоҷ, ки аз меъёрҳои андоза ва вазни муқаррарнамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ ва интиқолдиҳанда зиёд мебошад, аз рӯи тарифҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва мақоми ваколатдор дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зиддиинҳисорӣ анҷом дода мешавад.

5. Барои ҳамлу нақли бағоҷ бо арзиши эълонгардида ба андозаи муқаррарнамудаи интиқолдиҳанда маблағи иловагӣ ситонида мешавад.

6. Дар ҳолати пеш аз расидани мусофир ба маҳалли таъинот расонидани бағоҷ, барои нигоҳдории ин бағоҷ аз рӯзи расидани он то рӯзи дигари пас аз расидани мусофир маблағ ситонида намешавад.

7. Макон ва усулҳои фурӯши чипта ва расидҳои бағоҷ бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои ҳамлу нақл ва хизматрасонӣ ба мусофирон бо нақлиёти ҷамъиятӣ муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 55. Назорати бастани шартномаи ҳамлу нақли мусофир

Назорати бастани шартномаи ҳамлу нақли мусофир, ки бо мавҷудияти чипта, расиди бағоҷи мусофир тасдиқ карда мешавад, бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои ҳамлу нақл ва хизматрасонӣ ба мусофирон бо нақлиёти ҷамъиятӣ амалӣ карда мешавад.

Моддаи 56. Ба мусофир баргардонидани арзиши сафар ва ҳамлу нақли бағоҷ

1. Дар ҳолате, ки мусофир аз сафар ва (ё) ҳамлу нақли бағоҷ то оғози ҳамлу нақл даст кашад, интиқолдиҳанда дар асоси муроҷиати мусофир маблағи барои ҳамлу нақл пардохтаашро бо тарҳ кардани хироҷҳои пешбинишуда бармегардонад.

2. Дар ҳолати қатъ гардидани ҳамлу нақл бо гуноҳи интиқолдиҳанда бе иваз намудани воситаи нақлиёти автомобилии дигар дар муҳлати дар шартномаи оммавӣ пешбинигардида, интиқолдиҳанда уҳдадор аст, арзиши пурраи роҳкирои мусофир ва ҳамлу нақли бағоҷро ҷуброн намояд.

3. Дар ҳолати талаботи Кодекси мазкур ва (ё) қоидаҳои нақлиёти автомобилиро дар робита ба ин ҳамлу нақл риоя накардани мусофир, арзиши роҳкиро ва ҳамлу нақли бағоҷ баргардонида намешавад.

Моддаи 57. Нигоҳдорӣ ва баргардонидани ашёи фаромӯшшуда

1. Ашёи дар воситаҳои нақлиёти автомобилӣ фаромӯшшуда ба соҳибонашон бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ баргардонида мешаванд.

2. Интиқолдиҳанда бағоҷ ва бори дастиеро, ки аз ҷониби мусофир ё шахси дигари барои гирифтани бағоҷ ва ё бори дастӣ ваколатдор гирифта нашудааст, дар давоми муҳлат ва бо шартҳои муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ медорад.

3. Барои нигоҳдории бағоҷе, ки дар нуқтаи таъиноти он зиёда аз як рӯзи баъди расонида шуданаш гирифта нашудааст, метавонад ба андозаи муқаррарнамудаи интиқолдиҳанда маблағ ситонида шавад.

Моддаи 58. Баргардонидани арзиши ҳамлу нақли бағоҷ ба мусофир дар ҳолати гум шудани он

Бағоҷ гумшуда ҳисобида мешавад ва арзиши он баргардонида мешавад, агар он бо гузаштани даҳ шабонарӯз пас аз ба охир расидани муҳлати расонидани он, ки бо шартномаи ҳамлу нақли мусофир муқаррар гардидааст, ба нуқтаи таъиншуда расонида нашавад.

БОБИ 7. ҲАМЛУ НАҚЛИ ФАРМОИШИИ МУСОФИРОН

Моддаи 59. Шартномаи ҳамлу нақл ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли фармоишии мусофирон ва бағоҷ

1. Ҳамлу нақли фармоишии мусофирон ва бағоҷ дар асоси шартномаи ҳамлу нақл, ки дар шакли хаттӣ байни интиқолдиҳанда ва фармоишгари ҳамлу нақл баста мешавад, анҷом дода мешавад. Дар ин ҳолат фармоишгари ҳамлу нақл метавонад шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ бошад.

2. Шартномаи ҳамлу нақли дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида бояд реквизитҳои шартнома, хусусиятҳои воситаҳои нақлиёт, хатсайр, шартҳо ва хосиятҳои ҳамлу нақл, арзиши сафар ва маълумоти дигарро тибқи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ дар бар гирад.

3. Ба бастани шартномаи ҳамлу нақл дар шакли электронӣ бо истифодабарии имзои электронии рақамӣ иҷозат дода мешавад.

4. Шартномаи ҳамлу нақл ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли мунтазами фармоишии мусофирон ва бағоҷ метавонад ба муҳлати муайян ё номуайян баста шавад.

5. Ҳамлу нақли номунтазами фармоишии мусофирон ва бағоҷ тибқи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ (қоидаҳои ҳамлу нақл ва хизматрасонӣ оид ба ҳамлу нақли мусофир дар нақлиёти автомобилӣ) дар асоси шартномаи ҳамлу нақл ё дар шакли озоди хаттӣ амалӣ карда мешавад.

Моддаи 60. Шартҳои ташкил ва амалӣ намудани ҳамлу нақли фармоишӣ

1. Ҳангоми ташкил ва амалӣ намудани ҳамлу нақли фармоишӣ ба истифодаи нуқтаҳои ист ва истгоҳҳои ниҳоии нақлиёти ҷамъиятӣ, инчунин терминалҳои мусофирбарӣ танҳо дар сурати мавҷудияти мувофиқаи хаттӣ бо соҳибони ин объектҳои инфрасохтор ё бо шахсони дигаре, ки чунин иншоотро дар асоси қонунӣ соҳибӣ менамоянд, иҷозат дода мешавад.

2. Ба ташкили ҳамлу нақли фармоишӣ дар хатсайрҳо ва истодан дар истгоҳҳо, ки бо хатсайрҳои ҳамлу нақли мунтазами мусофирон бо нақлиёти ҷамъиятӣ мувофиқат менамояд, танҳо дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва ё мақоми ваколатдор иҷозат дода мешавад.

Моддаи 61. Ҳуқуқу уҳдадориҳои фармоишгари ҳамлу нақли мусофир

1. Фармоишгари ҳамлу нақли мусофир ҳуқуқ дорад:

- аз интиқолдиҳанда ё намояндаи ӯ дар бораи шартҳо ва тартиби бастани шартномаи ҳамлу нақл, хусусиятҳои истифодаи хизматрасонии ҳамлу нақли мусофир маълумоти зарурӣ гирад;

- маҳалли оғоз ва анҷоми сафар, маҳалҳои фосилавии истоданро муайян намояд;

- доираи муайяни шахсонро аз байни мусофирон, ки бояд ба ҳамлу нақл иҷозат дода шаванд, муайян намояд;

- дар шартномаи ҳамлу нақл шартҳои дигари ҳамлу нақлро, ки ба санадҳои меъёрии дохилӣ мухолифат намекунанд, муқаррар намояд;

- дар ҳолати аз тарафи интиқолдиҳанда пешниҳод гардидани воситаи нақлиёти автомобилие, ки ба шартҳои шартномаи ҳамлу нақл мувофиқат намекунад ё дер пешниҳод намудани он, аз иҷрои шартномаи ҳамлу нақл даст кашад ва аз интиқолдиҳанда ҷарима ситонад.

2. Фармоишгари ҳамлу нақл уҳдадор аст:

- ҳангоми муқаррар намудани шартҳои ҳамлу нақл талаботи бехатарӣ ва талаботу шартҳои дигари муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирад;

- ҳаққи хизмати интиқолдиҳандаро тибқи шартҳои шартномаи ҳамлу нақл пардохт намояд.

Моддаи 62. Ҳуқуқу уҳдадориҳои мусофир ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли фармоишӣ

1. Мусофир ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли фармоишӣ ҳуқуқ дорад:

- дар асоси шартҳои шартномаи ҳамлу нақл аз хизматрасонии фармоишӣ истифода намояд;

- дар ҳолати имконнопазир будани ҳамлу нақл бо воситаи нақлиёти автомобилии пешниҳодгардида, бо сабаби корношоям будани он, садама, вазъи саломатии ронанда, ки ба талаботи бехатарии ҳаракат ҷавобгӯй намебошад, дар муҳлати муқаррарнамудаи шартномаи ҳамлу нақл воситаи нақлиёти автомобилии дигари коршоямро барои идомаи сафар гирад;

- бо худ бағоҷ ва бори дастиро дар ҳаҷми муқаррарнамудаи шартномаи ҳамлу нақл интиқол диҳад;

- аз сафар даст кашад;

- ҷуброни зарареро, ки бо гуноҳи интиқолдиҳанда ба ҳаёт, саломатӣ ва ё молу мулки ӯ расонида шудааст, талаб намояд;

- дорои ҳуқуқҳои дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.

2. Мусофир ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли фармоишӣ уҳдадор аст:

- бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва ё ҳуҷҷати дигари дар шартномаи ҳамлу нақл муайянгардида дошта бошад, агар ҳамлу нақл барои доираи муайяни шахсон аз ҳисоби мусофирон анҷом дода шавад;

- талаботи қоидаҳои нақлиёти автомобилиро (қоидаҳои ҳамлу нақл ва хизматрасонӣ оид ба ҳамлу нақли мусофиронро) риоя намояд;

- ҳангоми сафар дар роҳҳои алоқаи байналмилалӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро барои убури сарҳад ва ҳамлу нақли бағоҷ тавассути сарҳад дошта бошад ва бо талаби мақомоти дахлдор онҳоро пешниҳод намояд;

- уҳдадориҳои дигари муқаррарнамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ ва шартномаи ҳамлу нақли мусофирро иҷро намояд.

Моддаи 63. Ҳуқуқу уҳдадориҳои интиқолдиҳанда ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли фармоишӣ

1. Интиқолдиҳанда ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли фармоишӣ ҳуқуқ дорад:

- аз мусофир риоя намудани талаботи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ ва ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалӣ қоидаҳои гумрукӣ, сарҳадӣ ва қоидаҳои дигарро, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатҳои оғози ҳаракат, таъинот ё транзитӣ муайян карда шудаанд, талаб намояд, дар ҳолати аз ҷониби мусофир риоя нагардидани ин талабот интиқоли ӯро рад карда, шартномаи ҳамлу нақли мусофирро яктарафа бекор кунад;

- меъёрҳои ҳамлу нақли бағоҷ ва бори дастиро муқаррар намояд;

- аз қабул намудани бағоҷ, бори дастии мусофир даст кашад, агар хусусият ё борпечии ашёе, ки ба таркиби бағоҷ, бори дастӣ дохил мешаванд, ба талаботи бехатарии муқаррарнамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ ҷавобгӯй набошанд;

- аз ҳамлу нақли бағоҷ ва бори дастии мусофир даст кашад, агар ҷойгиркунии онҳо дар салони воситаи нақлиёти автомобилӣ барои рафту омади озодонаи мусофирон халал расонад;

2. Интиқолдиҳанда ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли фармоишӣ уҳдадор аст:

- ба мусофирон хизматрасониро дар ҳаҷм ва бо шартҳои шартномаи ҳамлу нақл пешниҳод намояд;

- саворкунӣ ва фаровардани мусофиронро танҳо дар ҷойҳои барои онҳо бехатар амалӣ намояд;

- дар ҳолати имконнопазир будани ҳамлу нақл бо воситаи нақлиёти автомобилии пешниҳодгардида, бо сабаби корношоям будани он, садама ё сабабҳои дигари ба ин монанд, интиқолдиҳанда уҳдадор аст, ки дар муҳлати муқаррарнамудаи шартномаи ҳамлу нақл бе пардохти маблағи иловагӣ воситаи нақлиёти дигари коршоямро пешниҳод намояд ё дар мувофиқа бо фармоишгар арзиши истифодаи воситаи нақлиёти автомобилии пардохтнамудаи ӯро бо дарназардошти ҳамаи шартҳои иловагии пешбининамудаи шартномаи ҳамлу нақл, баргардонад;

- суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти интиқолдиҳандаро дар назди мусофирон ҳангоми сафари онҳо бо воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ, таъмин намояд;

- уҳдадориҳои дигари муқаррарнамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилиро иҷро намояд.

Моддаи 64. Меъёрҳои ҳамлу нақли бағоҷ ва бори дастӣ ҳангоми амали намудани ҳамлу нақли фармоишӣ

Меъёрҳои ҳамлу нақли бағоҷ ва бори дастӣ ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли фармоишӣ аз ҷониби интиқолдиҳанда бо дар назардошти хусусиятҳои воситаҳои нақлиёт муқаррар карда мешаванд.

БОБИ 8. ҲАМЛУ НАҚЛИ МУСОФИРОН ВА БАҒОҶ БО ТАКСӢ

Моддаи 65. Ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо таксӣ

1. Ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо таксӣ тавассути нақлиёти автомобилии сабукрав аз рӯи фармоиш дар асоси шартномаи оммавии ҳамлу нақли мусофирон анҷом дода мешавад.

2. Талабот нисбат ба ташкил, амалӣ намудани ҳамлу нақл ва пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо таксӣ бо Кодекси мазкур, инчунин қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 66. Иҷозатдиҳӣ барои амалӣ намудани фаъолияти таксӣ

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ё мақоми ваколатдор барои таъмини сатҳу сифати зарурии ҳамлу нақл дар ҳудуди дахлдори маъмурӣ, танзими бозори ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷро бо таксӣ бо роҳи муайян намудани квота ва (ё) муқаррар намудани талабот нисбат ба сатҳу сифати ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо таксӣ дар асоси нақшаҳои тасдиқшудаи ҳамлу нақли мусофирон таъмин менамоянд.

2. Дар ҳолати ҷорӣ намудани расмиёти муайянкунии квота тибқи қисми 1 моддаи мазкур, иҷозатдиҳӣ ба интиқолдиҳандагон барои амалӣ намудани фаъолият оид ба ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо таксӣ, бо роҳи ташкил ва гузарондани расмиёти озмун барои нақлиёти ҷамъиятӣ мутобиқи боби 5 Кодекси мазкур ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

3. Шартҳои нисбат ба иштирокчиёни расмиёти озмун пешниҳодшаванда барои амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон бо таксӣ метавонанд дар асоси қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёрии банақшагирии барномавии мақсаднок дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, ки барои ҳудуди дахлдори маъмурӣ тасдиқ шудаанд, муқаррар карда шаванд.

Моддаи 67. Бастани шартномаи ҳамлу нақли мусофир бо таксӣ

1. Бастани шартномаи ҳамлу нақли мусофир ва тасдиқи далели чунин ҳамлу нақл бо таксӣ бо додани расид дар шакли бланки ҳисоби қатъӣ ё чеки хазинавӣ аз ҷониби ронанда ба мусофир пас аз ба охир расидани ҳамлу нақл тасдиқ карда мешавад.

2. Тартиб ва шаклҳои бастани шартномаҳои ҳамлу нақли мусофир бо таксӣ бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ муайян карда мешаванд.

Моддаи 68. Шаклҳо ва тартиби муқаррар намудани тарифҳо барои амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон бо таксӣ

Тарифҳо барои амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон бо таксӣ дар асоси арзиши ба меъёр даровардашудаи воҳиди гашт ва (ё) воҳиди вақти ҳамлу нақл муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 69. Талаботи умумӣ нисбат ба воситаҳои нақлиёти автомобилии таксӣ

Ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон бо таксӣ воситаҳои нақлиёти автомобилии таксӣ бояд ба меъёрҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯй буда, ороиш ва таҷҳизоти мутобиқ ба стандартҳо ва қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ нисбат ба таксӣ дошта бошанд.

Моддаи 70. Хадамоти танзимгарии таксӣ

(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2002

1. Хадамоти танзимгарии таксӣ фаъолиятро оид ба қабули фармоиш аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо таксӣ амалӣ менамояд. Иттилоот дар бораи фармоишҳои қабулшуда махфӣ (конфиденсиалӣ) мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2002).

2. Тартиби ташкил ва амалӣ намудани фаъолияти хадамоти танзимгарии таксӣ бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2002).

Моддаи 71. Ҳуқуқу уҳдадориҳои мусофирон ҳангоми ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо таксӣ

1. Мусофир ҳангоми ҳамлу нақл бо таксӣ ҳуқуқ дорад:

- аз интиқолдиҳанда дар бораи шартҳо ва тартиби ҳамлу нақл бо таксӣ ва хизматрасонии ба он алоқаманд иттилооти зарурӣ гирад;

- таксиро дар муҳлат ва шартҳои муайяннамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ фармоиш диҳад;

- сафарро бо таксӣ мутобиқи шартҳои шартномаи ҳамлу нақли мусофир амалӣ намояд;

- сафарро тавассути роҳи аз рӯи вақт кӯтоҳтарин анҷом диҳад;

- бо худ бағоҷро интиқол диҳад, ки андоза ва хусусиятҳои он ба талаботи интиқолдиҳанда ҷавобгӯй бошанд;

- бо худ бе пардохти маблағи иловагӣ воситаҳои техникии инфиродии офиятбахшӣ ва саги роҳбаладро дар ҳолати мавҷуд будани ҳуҷҷати махсус оид ба омӯзиши он интиқол диҳад;

- дар сурати маъюбият, дар мувофиқа бо интиқолдиҳанда аз кумаки ронандаи таксӣ барои ҳамроҳӣ намудан дар байни бино (квартира) ва таксӣ истифода барад;

- ҳангоми зарурат, бе пардохти маблағи иловагӣ аз кумаки ронанда барои саворшавӣ ба воситаи нақлиёт ва фаромадан аз он, дар шакли дастрас пешниҳод намудани иттилооти зарурӣ дар бораи ҳамлу нақл, ҷойгиркунии бағоҷ ва бори дастӣ истифода намояд;

- аз сафар пеш аз оғози он даст кашад;

- бе пардохти маблағи иловагӣ фавран иваз намудани воситаи нақлиёти автомобилиро, ки ба шартҳои фармоиш, шартномаи оммавӣ ҷавобгӯй нест ё дар ҳолати корношоям будани он талаб намояд;

- ҷуброни зарареро, ки бо гуноҳи интиқолдиҳанда ба ҳаёт, саломатӣ ё молу мулки ӯ расонида шудааст, талаб намояд;

2. Мусофир ҳангоми ҳамлу нақл бо таксӣ уҳдадор аст:

- арзиши хизматрасониро мутобиқи ҳаҷми иҷрошуда аз рӯи тарифи муқаррарнамудаи интиқолдиҳанда пардохт намояд;

- уҳдадориҳои дигарро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намояд.

Моддаи 72. Ҳуқуқу уҳдадориҳои интиқолдиҳанда ҳангоми ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо таксӣ

1. Интиқолдиҳанда ҳангоми ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо таксӣ ҳуқуқ дорад:

- аз мусофир риоя намудани талаботи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, қоидаҳои нақлиёти автомобилиро талаб намояд ва дар ҳолати аз ҷониби мусофир риоя нагардидани ин талабот интиқоли ӯро рад карда, шартномаи ҳамлу нақли мусофирро яктарафа бекор кунад;

- меъёрҳои ҳамлу нақли бағоҷ ва бори дастиро муқаррар намояд, аз ҷумла ба таври ройгон;

- ба мусофир пешниҳоди хизматрасониро оид ба ҳамлу нақли мусофир ва бағоҷ бо таксӣ рад кунад, агар хатсайри пешниҳоднамудаи ӯ ё рафтори мусофир метавонад ба ронанда хатар эҷод намояд;

- дар ҳолати аз вақти мувофиқанамудаи тарафҳо ё вақти пардохтнамудаи мусофир зиёд бекор истодани воситаи нақлиёти таксӣ, ки бо интизоршавии мусофир ҳангоми истодан бо талаби ӯ дар роҳи сафар алоқаманд мебошад, аз иҷрои шартномаи ҳамлу нақли мусофир бо таксӣ даст кашад;

- барои ҳамлу нақл қабул кардани бағоҷ ва бори дастии мусофирро рад намояд, агар хусусият ё борпечии ашёе, ки ба таркиби бағоҷ дохил мебошад, ба талаботи муқаррарнамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ ҷавобгӯй набошанд;

- ҳангоми имконнопазир будани сафар бо воситаи нақлиёти автомобилии таксӣ то нуқтаи таъинот бо сабабҳои аз интиқолдиҳанда вобастагӣ надоштан, ҳамлу нақлро қатъ намояд ё дар мувофиқа бо мусофир ӯро ба ҷойи дигар расонад, дар баробари ин аз мусофир маблағи хароҷоти нақлиётро то лаҳзаи ба охир расидани сафар мутобиқи нишондиҳандаҳои таҷҳизоти насбшуда барои баҳисобгирии гардиш ё вақти интиқол тибқи шартҳои шартнома талаб намояд.

2. Интиқолдиҳанда ҳангоми ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо таксӣ уҳдадор аст:

- талаботи Кодекси мазкур, қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои сифати ҳамлу нақл ва хизматрасонӣ ба мусофирон, аз ҷумла таъмини бехатарии нақлиётро риоя намояд;

- мусофирро бо роҳи аз рӯи вақт кӯтоҳтарин интиқол диҳад, агар аз ҷониби мусофир талаботи дигар муқаррар нашуда бошад;

- ҳангоми интиқоли мусофир бо кӯдак, ба кӯдак бе пардохти иловагӣ мувофиқи баландии қади ӯ воситаи нигоҳдоранда пешниҳод намуда, пеш аз сафар кӯдакро бо тасмаи бехатарӣ бандад;

- саворкунӣ ва фаровардани мусофирро дар ҷойҳои барои онҳо бехатар амалӣ намояд;

- ҳангоми иҷрои фармоиш саворкунии мусофирони сарироҳиро танҳо бо иҷозати мусофирони интиқолдодашаванда анҷом диҳад;

- аз мусофирон пардохти арзиши ҳамлу нақлро дар асоси нишондодҳои таҷҳизоти насбшуда барои баҳисобгирии гардиш ва вақти ҳамлу нақл мутобиқи шартҳои шартнома ва тарифҳои эълоншуда ситонад.

Моддаи 73. Ҳамлу нақли бағоҷ ва бори дастӣ дар таксӣ

1. Меъёрҳои интиқоли бағоҷ дар таксӣ аз ҷониби интиқолдиҳанда муқаррар карда мешаванд.

2. Интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад аз қабули бағоҷ, бори дастӣ барои интиқол дар таксӣ даст кашад, агар интиқоли чунин борҳо манъ бошад, хусусият ё борпечии ашёе, ки ба таркиби бағоҷ, бори дастӣ дохил мешаванд, ба талаботи муқаррарнамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ ҷавобгӯй набошанд.

3. Ҳангоми ҳамлу нақли маъюбон ва гурӯҳҳои дигари аҳолӣ интиқолдиҳанда уҳдадор аст, ки воситаҳои техникии офиятбахшии истифодаи шахсии чунин мусофиронро бе пардохти маблағи иловагӣ қабул намояд.

БОБИ 9. ҲАМЛУ НАҚЛИ МАХСУСИ МУСОФИРОН

Моддаи 74. Намудҳои ҳамлу нақли махсуси мусофирон

Ҳамлу нақли махсуси мусофирон ба ҳамлу нақли гурӯҳҳои кӯдакон ва ҳамлу нақли махсуси маъюбон ҷудо мешаванд.

Моддаи 75. Ҳамлу нақли гурӯҳҳои кӯдакон

1. Ҳамлу нақли гурӯҳҳои кӯдакон тавассути як ё якчанд автобуси ба нақлиёти ҷамъиятӣ мансубнабуда интиқол додани гурӯҳҳои кӯдакон бо шумораи ҳашт ё зиёдтар аз он мебошад, ки бе намояндагони қонунии онҳо анҷом дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки намояндагони қонунии онҳо шахсони таъиншудаи ҳамроҳикунанда ё кормандони тиббии таъиншуда мебошанд.

2. Интиқоли гурӯҳи муташаккили кӯдакон дар асоси шартномаи ҳамлу нақл ва ё барои эҳтиёҷоти худӣ ҳангоми амалигардонии ҳамлу нақли мактабӣ анҷом дода мешавад.

3. Тартиби ташкил ва талабот нисбат ба ҳамлу нақли гурӯҳҳои кӯдакон, аз ҷумла ҳамлу нақли мактабӣ бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ мутобиқи Кодекси мазкур, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҳаракат дар роҳ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

4. Ороиш ва муҷаҳҳазгардонии воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки барои ҳамлу нақли гурӯҳии кудакон пешбинӣ шудаанд, бо стандартҳо ва қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар соҳаи танзими техникӣ муайян карда мешаванд.

5. Ҳангоми ҳамлу нақли гурӯҳҳои кӯдакон тибқи шартномаи ҳамлу нақл, ҳуқуқу уҳдадориҳои фармоишгари ҳамлу нақл, мусофирон ва интиқолдиҳанда, бо дар назар доштани риояи талаботи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои ҳамлу нақли гурӯҳҳои кӯдакон, ба ҳамлу нақли фармоишӣ мувофиқат менамоянд.

Моддаи 76. Ҳамлу нақли махсуси маъюбон

1. Ҳамлу нақли махсуси маъюбон бо воситаҳои нақлиёти автомобилӣ тибқи шартномаи ҳамлу нақл нисбат ба гурӯҳҳои алоҳидаи маъюбони дорои маҳдудиятҳои назаррас барои ҳаракати мустақилона анҷом дода мешавад.

2. Тартиб ва шартҳои ташкил ва амалисозии ҳамлу нақли махсуси маъюбон бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар карда мешаванд.

3. Ҳангоми анҷом додани ҳамлу нақли махсуси маъюбон, ҳуқуқу уҳдадориҳои мусофирон ва интиқолдиҳанда, бо дар назар доштани риояи талаботи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои ҳамлу нақли махсуси маъюбон ба ҳамлу нақли фармоишӣ мувофиқат менамояд.

БОБИ 10. ҲАМЛУ НАҚЛИ МУСОФИРОН БАРОИ ҚОНЕЪ НАМУДАНИ ЭҲТИЁҶОТИ ХУДӢ

Моддаи 77. Ташкил ва амалигардонии ҳамлу нақли мусофирон барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худӣ

Ташкил ва амалигардонии ҳамлу нақли мусофирон барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мустақилона, бе бастани шартномаи ҳамлу нақли мусофир мутобиқи талаботи Кодекси мазкур ва риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳаракат дар роҳ анҷом дода мешаванд.

Моддаи 78. Маҳдудиятҳо ҳангоми амалигардонии ҳамлу нақли мусофирон барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худӣ

1. Ҳангоми амалигардонии ҳамлу нақли мусофирон барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худӣ, пешниҳоди хизматрасонӣ дар асоси шартнома иҷозат дода намешавад.

2. Ҳангоми амалигардонии ҳамлу нақли мусофирон барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худӣ, ба истодан ва (ё) ҷойгиркунии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар нуқтаҳои истгоҳҳо, нуқтаҳои ниҳоӣ ва майдончаҳои истодану гардиши воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, бе мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ё мақоми ваколатдор иҷозат дода намешавад. Дар ҳудуди терминалҳои автомобилӣ ба истодан ва ҷойгир кардани чунин воситаҳои нақлиёти автомобилӣ танҳо дар таваққуфгоҳҳои махсус таҷҳизонидашуда ва ишорагардида иҷозат дода мешавад, ки барои нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинӣ нагардидаанд.

Моддаи 79. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мусофирон ҳангоми ҳамлу нақл барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худӣ

1. Ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақл барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худӣ, мусофирон аз ҳамаи ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ истифода мебаранд.

2. Ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақл барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худӣ, мусофирон уҳдадоранд талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.

Моддаи 80. Қатъ намудани фаъолият оид ба ҳамлу нақли мусофирон барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худӣ

Дар ҳолати қатъ намудани фаъолият оид ба ҳамлу нақли мусофирон барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худӣ, шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ уҳдадор аст, мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ дар муҳлати на дертар аз бист рӯз аз рӯзи қатъ намудани чунин фаъолият дар шакли хаттӣ ё электронӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар бораи қатъ намудани чунин фаъолият огоҳинома ирсол намояд.

БОБИ 11. ХИЗМАТРАСОНӢ ОИД БА ҲАМЛУ НАҚЛИ БОР

Моддаи 81. Бастани шартномаи ҳамлу нақли бор

1. Ҳамлу нақли пулакии бор дар асоси шартномаи ҳамлу нақли бор, ки дар шакли хаттӣ баста мешавад, анҷом дода мешавад.

2. Ба ҳайси тарафҳои шартномаи ҳамлу нақли бор борфиристонанда ё боргиранда ва интиқолдиҳанда, ки соҳиби воситаҳои нақлиёт дар ҳама гуна асосҳои ҳуқуқӣ мебошанд, баромад менамоянд.

3. Бастани шартномаи ҳамлу нақли бор бо борхати молию нақлиётӣ, ки шакл ва тартиби пур кардани он бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои ҳамлу нақли бор муқаррар мегарданд, тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 82. Уҳдадориҳои борфиристонанда, боргиранда ва соҳиби бор

Уҳдадориҳои борфиристонанда, боргиранда ва соҳиби бор инҳоянд:

- борфиристонанда уҳдадор аст, ки борро барои интиқол тавре омода намояд, ки бехатарии ҳамлу нақл ва амнияти бор таъмин карда шавад, инчунин расонидани зарар ба роҳҳои автомобилгард ва воситаи нақлиёт пешгирӣ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2002);

- боркунӣ ба воситаи нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби борфиристонанда бо риояи меъёрҳои ҳаҷм ва вазн, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ба роҳ монда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2002);

- ҳангоми барои ҳамлу нақл дар зарф ё борпеч пешниҳод кардани бор, борфиристонанда уҳдадор аст, ки ҳар як бори интиқолшавандаро мутобиқи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масалаҳои ҳамлу нақли бор тамғагузорӣ намояд;

- дар ҳолати омода набудани бор ба ҳамлу нақл, борфиристонанда ҷавобгар мебошад;

- боркунӣ ба воситаи нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби борфиристонанда ва борфарории он аз воситаи нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби боргиранда амалӣ карда мешавад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад;

- боркунӣ ба воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва борфарории он бояд дар муҳлати муқаррарнамудаи шартномаи ҳамлу нақли бор ва дар ҳолате, ки агар муҳлати зикргардида дар шартномаи ҳамлу нақл муқаррар нашуда бошад, дар муҳлати пешбининамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои ҳамлу нақли бор бояд анҷом дода шаванд;

- вақти пешниҳоди воситаи нақлиёти автомобилӣ барои боркунӣ аз лаҳзаи аз ҷониби ронандаи воситаи нақлиёти автомобилӣ ба борфиристонанда пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва борхат дар нуқтаи боркунӣ ва ҳангоми пешниҳоди воситаи нақлиёти автомобилӣ барои борфарорӣ аз лаҳзаи аз ҷониби ронандаи воситаи нақлиёти автомобилӣ ба боргиранда пешниҳод намудани борхати молию нақлиётӣ дар нуқтаи борфарорӣ ҳисоб карда мешавад;

- агар дар шартномаи ҳамлу нақли бор тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, асбобҳое, ки барои боркунӣ, борфарорӣ ва ҳамлу нақли боркашонӣ заруранд, бояд аз ҷониби борфиристонанда пешниҳод ва (ё) дар воситаи нақлиёти автомобилӣ насб карда шаванд ва аз ҷониби боргиранда аз воситаи нақлиётӣ гирифта шаванд.

- вазни бор аз ҷониби борфиристонанда дар ҳузури интиқолдиҳанда муайян карда мешавад;

- агар дар шартномаи ҳамлу нақли бор тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, қайд дар борхати молию нақлиётӣ оид ба вазни бор бо нишон додани усулҳои муайян намудани он аз ҷониби борфиристонанда амалӣ карда мешавад;

- бор дар зарф ё борпеч, инчунин бори донабайъ барои ҳамлу нақл бо нишон додани вазни бор ва миқдори ҷойҳои бор дар борхати молию нақлиётӣ қабул карда мешаванд;

- агар дар шартномаи ҳамлу нақли бор тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, баъди ба охир расидани боркунӣ воситаҳои нақлиёти автомобилии болопӯш, ки барои як боргиранда пешбинӣ гардидаанд, бояд тамғазанӣ карда шаванд;

- тамғазании воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби интиқолдиҳанда анҷом дода мешавад;

- баъди фаровардани бори муайяни хатарнок, резанда, моеъ воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бояд аз боқимондаҳои ин бор тоза ва дар ҳолати зарурат шуста ва безарар гардонида шаванд;

- уҳдадории тоза кардан, шустан ва безараргардонии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба зиммаи боргиранда вогузор шудааст;

- интиқолдиҳанда дар мувофиқа бо боргиранда ҳуқуқ дорад иҷрои корҳои тозакунӣ ва безараргардонии воситаҳои нақлиётро ба таври музднок ба зимма гирад.

Моддаи 83. Уҳдадориҳои интиқолдиҳанда аз рӯи шартномаи ҳамлу нақли бор

Уҳдадориҳои интиқолдиҳанда аз рӯи шартномаи ҳамлу нақли бор инҳоянд:

- дар муҳлати муқаррарнамудаи шартномаи ҳамлу нақли бор пешниҳод намудани воситаҳои нақлиёти автомобилии мувофиқ барои интиқоли бор;

- назорати ҷойгирнамоӣ ва маҳкам кардани бор бо мақсади риояи меъёрҳои муқарраргардидаи борбардории воситаи нақлиёт, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҳамлу нақл, эмин нигоҳ доштани бор, роҳҳои автомобилгард ва молу мулки шахсони сеюм (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2002);

- дар ҳолати аз ҷониби интиқолдиҳанда пешниҳод нагардидани воситаҳои нақлиёти автомобилии барои ҳамлу нақли бори дахлдор мувофиқ ё ба нуқтаи боркунӣ дер пешниҳод кардани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, борфиристонанда ҳуқуқ дорад аз иҷрои шартномаи ҳамлу нақли бор даст кашад;

- расонидани борро дар муҳлати муқаррарнамудаи шартномаи ҳамлу нақли бор амалӣ намояд;

- ҳангоми ҳамлу нақли шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ дар давоми даҳ рӯз аз лаҳзаи қабули бор барои интиқол;

- ҳангоми ҳамлу нақл дар алоқаи байнишаҳрӣ дар давоми сӣ рӯз аз рӯзи қабули бор барои интиқол;

- дар ҳолати гузарондани муҳлати расонидани бор, интиқолдиҳанда уҳдадор аст, ки дар ин хусус борфиристонанда ва боргирандаро огоҳ намояд;

- агар дар шартномаи боркашонӣ тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, борфиристонанда ва боргиранда метавонанд борро гумшуда ҳисобида, ҷуброни зарарро барои бори гумшуда талаб намоянд, агар бор бо талаби боргиранда ба ӯ супорида нашуда бошад;

- борро ба суроғаи аз ҷониби борфиристонанда дар борхати молию нақлиётии зикргардида расонида, ба боргиранда супорад, боргиранда бошад, уҳдадор аст бори ба ӯ расонидашударо қабул намояд;

- тартиби санҷидани вазни бор, ҳолати бор, миқдори бори интиқолшуда дар нуқтаи таъинот бояд ба тартиби санҷидани вазни бор ва миқдори ҷойи бор ҳангоми қабули бор аз борфиристонанда дар нуқтаи борфиристӣ мувофиқат намояд;

- агар ҳангоми санҷидани вазн, ҳолати бор, миқдори бори интиқолшуда дар нуқтаи таъинот камомад, зарар дидани (вайрон шудани) бор ошкор карда шавад, боргиранда ва интиқолдиҳанда уҳдадоранд андозаи воқеии камомад, зарар дидани (вайрон шудани) борро муайян кунанд;

- дар ҳолати аз ҷониби боргиранда қабул накардани бор бо сабабҳои аз интиқолдиҳанда вобастанабуда, боргиранда ҳуқуқ дорад молро ба суроғаи нави нишондодаи интиқолдиҳанда (ивазкунии суроға) расонад ва дар сурати имконнопазир будани расондани бор ба суроғаи нав, борро ба борфиристонанда бо огоҳкунии дахлдори пешакии ӯ баргардонад;

- хароҷоти ҳамлу нақли бор ҳангоми баргардонидан ё ба суроғаи дигар расонидани он аз ҳисоби борфиристонанда ҷуброн карда мешавад.

БОБИ 12. ҲАМЛУ НАҚЛИ БОР БАРОИ ҚОНЕЪ НАМУДАНИ ЭҲТИЁҶОТИ ХУДӢ

Моддаи 84. Ташкил ва амалӣ намудани ҳамлу нақли бор барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худӣ

Ташкил ва амалӣ намудани ҳамлу нақли бор барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бе бастани шартномаи ҳамлу нақли бор мутобиқи талаботи Кодекси мазкур ва риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳаракат дар роҳ мустақилона амалӣ карда мешавад.

Моддаи 85. Маҳдудиятҳо ҳангоми ҳамлу нақли бор барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худӣ

1. Ҳангоми ҳамлу нақли бор барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худӣ ба хизматрасонӣ дар асоси шартнома роҳ дода намешавад.

2. Ба ҳамлу нақли бор барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худӣ бе ба расмият даровардани борхати молию нақлиётӣ, ки тартиби пур кардани он барои амалӣ намудани чунин ҳамлу нақл бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ (қоидаҳои ҳамлу нақл ва хизматрасонии ҳамлу нақли бор) муайян шудааст, роҳ дода намешавад.

3. Ҳангоми ҳамлу нақли бор барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худӣ дар роҳҳои алоқаи шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ ё байналмилалӣ ба истодани воситаҳои нақлиёт танҳо дар таваққуфгоҳҳо иҷозат дода мешавад.

4. Ба нигоҳдории воситаҳои нақлиёти боркашонӣ дар минтақаҳои истиқоматӣ роҳ дода намешавад.

Моддаи 86. Қатъ кардани фаъолияти ҳамлу нақли бор барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худӣ

Дар ҳолати қатъ гардидани фаъолият оид ба ҳамлу нақли бор барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худӣ, шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дар муҳлати на дертар аз бист рӯз аз рӯзи қатъ гардидани чунин фаъолият уҳдадор аст мувофиқи талаботи муқаррарнамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар бораи қатъ гардидани чунин фаъолият дар шакли хаттӣ ё электронӣ огоҳинома ирсол намояд.

БОБИ 13. ҲАМЛУ НАҚЛИ БОРИ МАХСУС

Моддаи 87. Ҳамлу нақли бори зудвайроншаванда ва талабот нисбат ба онҳо

1. Ҳамлу нақли бори зудвайроншаванда тибқи талаботи Кодекси мазкур ва қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба интиқоли бор муқаррар карда мешавад.

2. Талабот нисбат ба интиқолдиҳандагоне, ки ҳамлу нақли бори зудвайроншавандаро амалӣ менамоянд:

- ҳамлу нақли бори зудвайроншаванда бояд дар воситаҳои нақлиёти автомобилии махсусгардонидашудаи боркаш бо риоя намудани низоми ҳарорати барои чунин бор муқарраргардида амалӣ карда шавад;

- воситаи нақлиёти автомобилии махсусгардонидашудаи боркаш аз ҷониби интиқолдиҳанда дар мувофиқа бо соҳиби бор интихоб карда мешавад;

- воситаи нақлиёти автомобилӣ бояд ба талаботи муқарраргардидаи санитарӣ ҷавобгӯй бошад, зимнан, интиқолдиҳанда бояд раванди таъмини риояи талаботи санитарии бордони воситаи нақлиёти автомобилии боркашро назорат кунад;

- аз ҷониби интиқолдиҳанда ба истифодаи воситаҳои бақайдгирии автоматикии низоми ҳарорат дар бордони воситаи нақлиёти автомобилии боркаш, ки мутобиқи стандарти дахлдори нақлиёти автомобилӣ насб гардида, дорои тавсифи дахлдор мебошанд, иҷозат дода мешавад.

3. Талабот нисбат ба борфиристонанда ва боргирандаи бори зудвайроншаванда:

- борфиристонанда мутобиқи қоидаҳо ва меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ бояд талаботро нисбат ба сифат, аз ҷумла бехатарии бори зудвайроншаванда риоя намояд;

- борфиристонанда якҷо бо борхати молию нақлиётии ба расмият даровардашуда, ҳуҷҷатҳои барои ҳамлу нақли чунин бор заруриро бо нишон додани ҳарорати воқеии бор то боркунӣ, инчунин ҳолати сифатнокии бор ва борпечи онро пешниҳод менамояд;

- борфиристонанда дар борхати молию нақлиётӣ давомнокии ниҳоии ҳамлу нақли бори зудвайроншавандаи барои ҳамлу нақл пешниҳодшавандаро нишон медиҳад. Дар баробари ин, агар дар борхати молию нақлиётӣ муҳлати расонидани бор нишон дода нашуда бошад, инчунин агар муҳлати ниҳоии расонидани бор аз муҳлати ҳамлу нақл камтар бошад, бори зудвайроншаванда барои ҳамлу нақл қабул карда намешавад;

- агар боргиранда фаровардани бори дар муҳлати муқарраргардида расонидашударо таъмин нанамояд ё нуқтаи таъинотро тағйир диҳад, пардохти хароҷоти бо паст кардани сифати бор алоқамандро, ки дар натиҷаи истодани воситаи нақлиёти автомобилӣ дар нуқтаи таъинот ё зиёд шудани вақти расонидани бор бинобар тағйир додани нуқтаи таъинот ба вуҷуд омадааст, аз ҳисоби боргиранда амалӣ карда мешавад;

- борфиристонанда бояд дар варақаи санҷишҳои назоратӣ ҳарорати бори зудвайроншавандаро пеш аз боркунӣ ва ҳароратро дар бордони воситаи нақлиёти автомобилии боркашонӣ барои боркунӣ пешниҳодшуда ва боргиранда мувофиқан ҳароратро дар бордони воситаи нақлиёти автомобилии боркаш ва бори зудвайроншавандаи ба суроғаи ӯ расидаро пеш аз борфарорӣ қайд намоянд.

4. Масъулияти тарафҳо:

- агар вайрон шудани бори зудвайроншаванда дар натиҷаи корношоямии техникии воситаи нақлиёти автомобилӣ ё таҷҳизоти дар он насбгардида ба амал омада бошад, борфиристонанда метавонад аз интиқолдиҳанда ҷуброни зарари расонидашударо бо тарҳи маблағи аз фурӯши бор бадастомада талаб намояд;

- дар ҳолате, ки агар вайрон шудани бори зудвайроншаванда дар натиҷаи амалҳои (ё беамалии) борфиристонанда ба миён омада бошад, интиқолдиҳанда аз маблағи аз фурӯши моли зудвайроншаванда бадастомада маблағеро, ки бояд ба ӯ ҳамчун киропулӣ пардохта шавад, бозмедорад ва дар сурати нарасидани маблағ метавонад бо гузаронидани ташхиси дахлдор ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои фурӯши бор аз интиқолдиҳанда ҷуброни хароҷотро вобаста ба ҳамлу нақли бор талаб намояд.

Моддаи 88. Ҳамлу нақли бори хатарнок

1. Бори хатарнок ин моддаҳо, мавод ва маснуоти дорои хусусиятҳое мебошанд, ки зуҳуроти онҳо ҳангоми ҳамлу нақл метавонад боиси фавт, бардоштани ҷароҳат, заҳролудшавӣ, шуоъгирӣ, беморшавии одамон ва ҳайвонот, инчунин таркиш, сӯхтор, вайроншавии иншоот, воситаҳои нақлиёт ва (ё) расонидани зарар ба муҳити зист гардад.

2. Ҳамлу нақли бори хатарнок аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар сурати мавҷуд будани рухсатномаи махсус барои ҳамлу нақли мушаххас амалӣ карда мешавад.

3. Таснифоти бори хатарнок ва талабот нисбат ба ҳамлу нақли онҳо бо санадҳои байналмилалии муқарраргардида оид ба интиқоли бори хатарнок дар роҳ ва қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ (қоидаҳои ҳамлу нақли бори хатарнок) муайян карда мешавад.

4. Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ (қоидаҳои ҳамлу нақл ва хизматрасонӣ оид ба интиқоли бори хатарнок дар нақлиёти автомобилӣ) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.

Моддаи 89. Талабот нисбат ба борфиристонанда ва боргиранда ҳангоми ҳамлу нақли бори хатарнок

1. Талабот нисбат ба борфиристонанда ва боргиранда ҳангоми ҳамлу нақли бори хатарнок аз инҳо иборат мебошад:

- борфиристонанда барои ҳамлу нақл танҳо бори ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯйро пешниҳод намояд;

- ба интиқолдиҳанда тамоми иттилоот ва маълумоти заруриро дар бораи бор пешниҳод намояд;

- танҳо аз зарфе истифода намояд, ки ба ин амал иҷозат дода шуда, барои ҳамлу нақли моддаҳои дахлдор мувофиқ аст ва дорои тамғаи муқаррарнамудаи чунин талабот мебошад;

- талаботи марбут ба усули фиристонидан ва маҳдудиятҳои фиристонидани борро риоя намояд;

- таъмин намояд, ки зарфҳои холии тозанашуда ва дегазатсиянашуда ё воситаҳои нақлиёти холӣ ва контейнерҳои бори оммавии тозанашуда ба таври дахлдор тамғагузорӣ ва бо аломатҳои хатар нишонагузорӣ шуда, зарфҳои холии тозанашуда ба мисли ҳолати пур буданаш ба таври герметикӣ пӯшида шаванд;

- ҳангоми иҷрои корҳои боркунӣ (борфарорӣ) дастурамалҳои техникаи бехатарӣ ва қоидаҳои ҳамлу нақли бори хатарнокро риоя намояд.

2. Боргиранда наметавонад бори хатарноки ба суроғаи ӯ расонидашударо қабул накунад, ӯ уҳдадор аст, ки воситаи ҳаракаткунанда ва зарфро тоза ва безарар гардонад ва ба тамғаи хатарноки ишоракунанда боварӣ ҳосил намояд.

3. Ташкилоте, ки фаъолияти он ҳамлу нақли мунтазами бори хатарнок ва амалиёти марбут ба борпеч, боркунӣ, пуркунӣ ва ё борфарориро дар бар мегирад, як ё якчанд машваратчиёнро оид ба масъалаҳои бехатарии ҳамлу нақли бори хатарнок таъин менамояд, ки вазифаи онҳо аз мусоидат намудан ба пешгирии хатари ба чунин навъи фаъолият хос барои одамон, молу мулк ва муҳити зист иборат мебошад.

4. Ба воситаҳои нақлиёти автомобилӣ барои ҳамлу нақли бори хатарнок танҳо дар сурати мавҷуд будани шаҳодатнома оид ба иҷозати воситаҳои нақлиёти интиқолдиҳандаи бори хатарнок, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ дода шудааст, иҷозат дода мешавад.

5. Тартиби мувофиқасозии хатсайр, ҳамроҳикунии бори хатарнок ва талаботи дигар нисбат ба ташкил ва амалӣ намудани ҳамлу нақли бори хатарнок бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ (қоидаҳои ҳамлу нақл ва хизматрасонӣ оид ба интиқоли бори хатарнок дар нақлиёти автомобилӣ) муайян карда мешаванд.

Моддаи 90. Уҳдадориҳои борфиристонанда ҳангоми ҳамлу нақли бори хатарнок

Борфиристонанда уҳдадор аст ҳангоми ҳамлу нақли бори хатарнок иҷрои амалҳои зеринро таъмин намояд:

- номгӯйи дурусти ҳамаи бори хатарнок, сифат ва ҳолати техникии онҳо, ки барои ҳамлу нақл мувофиқ мебошад;

- ба ин ё он навъ, гурӯҳ дуруст мансуб донистани бори хатарнок;

- дуруст муайян намудани шартҳои ҳамлу нақли бор;

- борпечии дурусти борҳо дар зарфе, ки бо стандартҳо ва шартҳои техникии кафолатдиҳандаи мустаҳкамии он барои ҳамлу нақли бехатар муқаррар гардидааст;

- барасмиятдарории дурусти сертификатҳо, маълумоти тавсифкунандаи бор, ҳуҷҷатҳои молию нақлиётӣ ва замимаҳои онҳо, ки барои иҷозат додани бори мазкур барои ҳамлу нақл заруранд;

- риоя намудани техникаи бехатарӣ ҳангоми иҷрои амалиёти боркунӣ, борфарорӣ ва бартараф кардани ҳодисаҳои нохуш ва оқибатҳои онҳо.

Моддаи 91. Уҳдадориҳои интиқолдиҳанда ҳангоми ҳамлу нақли бори хатарнок

1. Интиқолдиҳанда уҳдадор аст, ки барои ҳар ҳамлу нақли бори хатарнок рухсатномаи махсусро, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ дода мешавад, бо нишон додани вақти ҳаракат ва самти хатсайр гирад.

2. Ҳангоми ҳамлу нақли бори хатарнок, интиқолдиҳанда бояд ҷадвалҳои иттилоотӣ, аломатҳои хатар, дастурамалҳои хаттиро, ки ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯй мебошанд, дошта бошад.

3. Дар ҳолати пеш аз оғози ҳамлу нақл аз ҷониби интиқолдиҳанда муайян гардидани риоя накардани талаботи муқарраргардида, ӯ набояд борро то лаҳзаи ба талаботи муқарраргардида мувофиқат кардан интиқол намояд. Агар пас аз оғози ҳамлу нақл вайроншавие ошкор карда шавад, ки ба бехатарии интиқол таҳдид намояд, ҳамлу нақли бори хатарнок бо дар назар доштани талаботи марбут ба бехатарии ҳаракат, амнияти бор, бехатарии ҳаёт ва саломатии одамон бояд фавран қатъ карда шавад.

Моддаи 92. Талабот нисбат ба ронандае, ки бори хатарнокро интиқол медиҳад

1.Ронандаи воситаи нақлиёти автомобилие, ки бори хатарнокро интиқол медиҳад, бояд омӯзиши дахлдорро гузарад ва ҳуҷҷати тасдиқкунанда (сертификат) дошта бошад.

2. Талабот нисбат ба ронандае, ки бори хатарнокро интиқол медиҳад, инчунин идоракунии воситаҳои нақлиёти автомобилии барои ҳамлу нақли бори хатарнок пешбинигардида бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ (қоидаҳои ҳамлу нақл ва хизматрасонӣ оид ба интиқоли бори хатарнок дар нақлиёти автомобилӣ) муайян карда мешаванд.

Моддаи 93. Ҳамлу нақли бори калонҳаҷм ва вазнин

1. Ҳамлу нақли бори калонҳаҷм ва вазнин дар ҳолате амалӣ карда мешавад, ки интиқолдиҳанда барои ҳамлу нақли бори калонҳаҷм ва ё вазнин рухсатномаи махсус, ки барои ҳар як интиқол дода мешавад, дошта бошад.

2. Рухсатномаҳои махсус барои хатсайрҳои мувофиқашудаи ҳаракати воситаи нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дода мешавад.

3. Талабот нисбат ба воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, хатсайрҳо ва хусусиятҳои ҳамлу нақли бори калонҳаҷм ва вазнин бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ муқаррар карда мешавад.

4. Тартиби гузариши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз роҳҳои автомобилгард бо вазн ва андозаҳои аз меъёри муқарраргардида зиёд, инчунин маҳдудияти мавсимӣ ва ҷуброн барои риоя накардани чунин талабот дар асоси Кодекси мазкур таҳия гардида, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ тасдиқ мегардад.

5. Назорати ҳамлу нақли бори калонҳаҷм ва вазнин аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ амалӣ карда мешавад.

БОБИ 14. ҲАМЛУ НАҚЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ

МУСОФИРОН, БАҒОҶ ВА БОР

Моддаи 94. Ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ

1. Ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон, бағоҷ ва бор мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон инчунин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. Ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон ва бор аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии миллӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани рухсатномаи дахлдор амалӣ карда мешавад.

3. Ҳамлу нақли мусофирон ва бор, ки аз ҷониби интиқолдиҳандагони хориҷӣ анҷом дода мешавад, бо созишномаҳои дуҷониба дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ танзим мегардад.

Моддаи 95. Намудҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ

1. Ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ин ҳамлу нақли мусофирон ва ё бор байни ду ё зиёда давлат мебошад.

2. Ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии бор аз рӯи хусусияти ҳудудӣ инҳо мебошанд:

- ҳамлу нақли дуҷониба (байни ду кишвар);

- ҳамлу нақл ба/аз кишвари сеюм;

- ҳамлу нақли транзитӣ тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тавассути ҳудуди давлати дигар.

Моддаи 96. Ташкили ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ

1. Ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва бор, тартиби гузариши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла транзитӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

2. Ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар роҳҳои автомобилгарде амалӣ карда мешавад, ки мутобиқи қонунгузорӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои алоқаи байналмилалӣ ва транзитӣ кушода мебошанд.

3. Ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон, бор ва бағоҷ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ тавассути гузаргоҳҳои байналмилалии автомобилӣ анҷом дода мешавад.

4. Ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд реҷаи корӣ ва истироҳатро, ки санадҳои байналмилалӣ муқаррар намудаанд, риоя намоянд.

5. Барои таъмини талабот оид ба назорати реҷаи корӣ ва истироҳати ронандагон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд талабот нисбат ба насб ва дар воситаҳои нақлиёт истифода бурдани таҷҳизоти назоратии бақайдгирии реҷаи корӣ ва истироҳати ронандагон (тахографҳо) иҷро карда шавад.

Моддаи 97. Иҷрои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ аз ҷониби интиқолдиҳандагони хориҷӣ

1. Интиқолдиҳандагони хориҷӣ бояд ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ талаботи зеринро риоя намоянд:

- ронанда бояд барои ҳаракат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатнома дошта бошад, ба истиснои кишварҳое, ки рухсатнома талаб карда намешавад;

- ронанда бояд шиносномаи хориҷӣ бо раводиди амалкунанда дошта бошад, ба истиснои кишварҳое, ки бо онҳо низоми бераводид амал мекунад;

- ба баромадан аз хатсайри муқарраргардида, ки дар "варақаи рухсатнома" нишон дода шудааст, роҳ надиҳанд;

- ба ҳамлу нақли мусофирон ва бор аз ҷониби воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар байни ду нуқта, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд (каботаж), иҷозат надиҳанд;

- ба воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ барои таваққуф намудан, супоридан ва (ё) қабул кардани бор танҳо дар терминалҳои боркашонӣ, ки ба номгӯйи терминалҳо барои хизматрасонии нақлиёти автомобилии байналмилалии аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ муқарраргардида дохил шудаанд, иҷозат диҳанд.

2. Нуқтаҳои ҷойгиркунии муваққатии воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ, қабул ва супоридани бор ё бағоҷи мусофирон ва будубоши муваққатии ронандагон терминалҳо мебошанд.

3. Мақомоти гумрук воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бор холӣ менамоянд.

4. Дар ҳолати ҳозир нагардидани боргиранда ё пардохтнопазир будани ӯ, бор бояд дар анборҳои нигоҳдории муваққатии дар ҳудуди терминалҳои боркашонӣ қарордошта таҳти масъулияти мақомоти гумрук фароварда шаванд.

5. Воситаҳои нақлиёти автомобилии байналмилалӣ дар хатсайри ҳаракат метавонанд аз хизматрасонии таваққуфгоҳҳои муваққатӣ, кемпингҳо ва объектҳои дигари инфрасохтори нақлиётии дар ҳудуди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ҷойгирбуда тибқи тартиби воридшавӣ ва будубоши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар таваққуфгоҳҳо ва кемпингҳо, ки бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои ташкили ҳамлу нақли байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ муайян карда мешаванд, истифода баранд.

Моддаи 98. Талабот нисбат ба воситаҳои нақлиёти автомобилӣ

1. Интиқолдиҳандагоне, ки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро амалӣ менамоянд, бояд воситаҳои нақлиёти автомобилии дорои аломатҳои бақайдгирӣ ва фарқкунандаи кишвари худро истифода намоянд. Ядакҳо ва нимядакҳо метавонанд дорои аломатҳои бақайдгирӣ ва фарқкунандаи кишвари дигар бошанд.

2. Воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла ядакҳо ва нимядакҳои онҳо, ки барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва бор истифода бурда мешаванд, бояд ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва санитарию гигиенӣ мутобиқат намуда, дар ҳолати аз ҷиҳати техникӣ коршоям бошанд.

Моддаи 99. Талабот нисбат ба ронандагоне, ки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро амалӣ менамоянд

1. Ронандаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро амалӣ менамояд, бояд шаҳодатномаи ронандагии миллӣ ё байналмилалии мутобиқ ба навъи воситаи нақлиёти автомобилии идорашаванда, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва ҳуҷҷатҳои дигаре дошта бошад, ки мутобиқи қонунгузорӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ зарур мебошанд.

2. Ронандагони шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро амалӣ менамоянд, бояд ба талаботи тахассусӣ нисбат ба чунин ронандагон, ки бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои ташкили ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ муқаррар гардидааст, мувофиқат намоянд.

Моддаи 100. Назорати амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ

1. Назорати амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

2. Назорати амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва бор инҳоро пешбинӣ менамояд:

- назорати иҷрои талаботи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби интиқолдиҳандагон;

- назорати ҳолати техникӣ, санитарӣ ва экологии воситаҳои нақлиёт, ки ба бехатарии ҳаракат, амнияти экологӣ ва санитарӣ таъсир мерасонанд;

- санҷиши вазн ва андозаҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;

- баҳисобгирии воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борро амалӣ менамоянд;

- баҳисобгирии истифодаи рухсатномаҳо барои амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар нуқтаҳои гузариш тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- санҷиши ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ва иҷозатномадиҳӣ барои амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва (ё) бор;

- назорати риояи реҷаи корӣ ва истироҳати ронандагон.

Моддаи 101. Борхати молию нақлиётии байналмилалӣ

1. Ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, борхати молию нақлиётӣ дар шакли бланкаҳои CMR, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дода мешаванд, истифода мегардад.

2. Борхати молию нақлиётии шакли CMR қисми ҷудонопазири шартномаи ҳамлу нақл буда, далели амалӣ гардидани онро тасдиқ менамояд.

Моддаи 102. Ҳамлу нақли байналмилалии бор бо истифодаи китобчаи боркашонии байналмилалии автомобилӣ (TIR)

1. Интиқолдиҳандагони нақлиёти автомобилӣ метавонанд ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро тибқи расмиёти транзити байналмилалии гумрукӣ дар асоси санадҳои байналмилалии бор бо истифодаи китобчаи боркашонии байналмилалии автомобилӣ амалӣ намоянд.

2. Китобчаи боркашонии байналмилалии автомобилӣ (TIR) ба интиқолдиҳандагони нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

3. Интиқолдиҳандагони нақлиёти автомобилие, ки китобчаҳои боркашонии байналмилалии автомобилиро истифода мебаранд, ҳангоми ворид шудан ва ҳаракати транзитӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохтҳои барои роҳбаладии гумрукӣ пешбинигардида озод карда мешаванд.

4. Барои гирифтани китобчаи боркашонии байналмилалии автомобилӣ ҳуҷҷати шакли муқарраргардида истифода мегардад, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Моддаи 103. Ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон бо автобусҳо

1. Ҳамлу нақли байналмилалии мунтазами мусофирон бо автобусҳо мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар асоси хатсайрҳои мувофиқашуда, ҷадвали ҳаракат, тарифҳо, нуқтаҳои истгоҳ ва қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ (қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли байналмилалӣ) анҷом дода мешавад.

2. Ҳамлу нақли байналмилалии номунтазами мусофирон бо автобусҳо бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар асоси рухсатномаҳои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ додашаванда амалӣ карда мешавад.

3. Ба воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷие, ки ҳамлу нақли транзитии мусофиронро тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, савор кардан ё фаровардани мусофирон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

4. Ба ҳамлу нақли мусофирон бо воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар байни ду нуқтае, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, иҷозат дода намешавад.

5. Тартиби аз ҷониби интиқолдиҳандаи автомобилӣ гирифтани рухсатнома барои хизматрасонӣ дар хатсайри байналмилалӣ бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои ташкили ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, муайян карда мешавад.

6. Ҷойҳои оғоз ва анҷоми ҳаракати автобусҳо ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон ва бағоҷ танҳо терминалҳои мусофирбарие мебошанд, ки ба номгӯйи терминалҳо барои хизматрасонии ҳамлу нақли байналмилалии муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дохил шудаанд.

Моддаи 104. Комиссия оид ба масъалаҳои ташкили ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ

1. Бо мақсади ҳалли фаврии масъалаҳо оид ба ташкили ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва таъмини риояи меъёрҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи интиқолдиҳандагони автомобилии хориҷӣ, комиссия таъсис дода мешавад.

2. Ба ҳайати комиссия намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, гумрук, назорати сарҳадӣ, корҳои дохилӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, корҳои хориҷӣ, амнияти миллӣ шомил мебошанд.

3. Ҳамоҳангсозии кори комиссияро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ амалӣ менамояд.

4. Низомномаи тартиби кори комиссия дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

5. Комиссия дар фаъолияти худ Кодекси мазкур ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.

Моддаи 105. Ҳамлу нақли байналмилалии бори махсус

Ҳамлу нақли байналмилалии бори зудвайроншаванда, хатарнок, вазнин ва калонҳаҷм бо риояи талаботи муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 106. Сертификати баркашӣ

1. Дар нуқтаҳои баркашӣ ба воситаҳои нақлиёти автомобилӣ сертификатҳои баркашӣ дода мешавад, ки ба меъёрҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида мувофиқ будани вазну андозаҳои воситаҳои нақлиёти автомобилиро тасдиқ менамоянд.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ рӯйхати нуқтаҳои баркаширо бо рақамгузории ҳар як нуқтаи баркашӣ тартиб медиҳад.

3. Сертификати баркашӣ ба сифати ҳуҷҷати дорои маълумоти дақиқ оид ба баркашии воситаи нақлиёти автомобилӣ эътироф карда мешавад.

4. Истифодаи сертификати баркашӣ аз макони додани он, инчунин бақайдгирии воситаи нақлиёти автомобилие, ки ҳамлу нақли байналмилалии борро аз рӯи расмиёти боркашонии байналмилалии автомобилӣ ё расмиёти дигари гумрукии истиснокунандаи дастрасии беиҷозат ба бахши бори воситаи нақлиёт амалӣ менамояд, вобастагӣ надорад.

5. Мақомоти назоратӣ сертификати баркашиеро, ки яке аз нуқтаи баркашӣ додааст, қабул ва эътироф менамоянд ва бояд аз баркашии дубора, ғайр аз ҳолатҳои истисноӣ, худдорӣ намоянд.

6. Сертификате, ки аз тарафи нуқтаи баркашӣ дода мешавад, бояд ба намунаи тасдиқшудаи сертификати байналмилалии баркашии воситаҳои нақлиёти боркаш мутобиқат намояд.

Моддаи 107. Тартиби кори нуқтаҳои баркашӣ

1. Дар нуқтаҳои баркашии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ мувофиқати сарборӣ ба меҳвари воситаҳои нақлиёт ба меъёрҳои муқарраргардида санҷида мешавад.

2. Дар нуқтаҳои баркашии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ корҳои зерин анҷом дода мешаванд:

- санҷиши мавҷудияти ҳуҷҷатҳои бор ва нақлиёт;

- санҷиши мутобиқати вазну андозаҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба меъёрҳои муқарраргардида;

- баркашии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар таҷҳизоти вазнченкунӣ;

- ситонидани маблағи ҷуброн барои сарборӣ ва андозаҳои зиёд, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва ба ронанда додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохт;

- қайди маълумоти дахлдор дар дафтари баҳисобгирӣ.

3. Нуқтаҳои баркашӣ бояд дорои таҷҳизоти аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ санҷидашуда ва кормандони ихтисоснок бошад. Таҷҳизот барои баркашӣ бояд дар ҳолати корӣ нигоҳ дошта шуда, аз ҷониби мақомоти давлатии дахлдор мунтазам санҷида, муҳр гузошта шаванд.

4. Талабот оид ба таҷҳизонидан ва нигоҳдории нуқтаҳои баркашӣ дар асоси қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ муайян карда мешаванд.

БОБИ 15. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ ДАР ОБЪЕКТҲОИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ

Моддаи 108. Объектҳои инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ ва бақайдгирии онҳо

Объектҳои инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ, ки дар онҳо фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ амалӣ карда мешавад, иборат аст аз:

- терминалҳои мусофирбарӣ;

- терминалҳои боркашонӣ;

- нуқтаҳои истгоҳ, ниҳоӣ ва майдончаҳои истодану гардиш;

- таваққуфгоҳҳо;

- объектҳои хизматрасонӣ дар роҳҳо ва канори роҳҳо аз рӯи намудҳои фаъолият, ки хизматрасониро дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ анҷом медиҳанд.

Моддаи 109. Талабот нисбат ба объектҳои инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ

1. Ҳангоми лоиҳакашии меъморию сохтмони нав ва таҷдиди терминалҳои мусофирбарӣ ва боркашонӣ ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи ҷойҳои ҷойгиркунии терминалҳо, инчунин хусусиятҳои ғунҷоиш ва имконияти гузарониши ин объектҳо бояд бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ мувофиқа карда шаванд.

2. Талаботи қоидаҳои сохтмонӣ, санитарӣ, оташнишонӣ ва талаботи дигар нисбат ба терминалҳои мусофирбарӣ ва боркашонӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 110. Пешбурди феҳрист

1. Объектҳои инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ бояд бо маълумоти зарурӣ дар феҳристи дахлдори давлатӣ ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.

2. Пешбурди феҳристи давлатии объектҳои инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ вогузор карда мешавад.

3. Шакл, таркиб ва тартиби пешбурди феҳристи объектҳои инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ муайян карда мешаванд.

Моддаи 111. Терминалҳои мусофирбарӣ

1. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки дар терминалҳои мусофирбарӣ фаъолият менамоянд, ба мусофирон ва интиқолдиҳандагон дар асоси шартнома хизматрасонии марбут ба таъмини ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ дар роҳҳои алоқаи наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва (ё) байналмилалиро пешниҳод менамоянд.

2. Вазифаҳо ва тартиби ташкили фаъолияти терминалҳои мусофирбарӣ, инчунин хизматрасонии дар онҳо пешниҳодшаванда бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ ва стандартҳои нақлиёти автомобилӣ муқаррар карда мешаванд.

3. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дар терминалҳои мусофирбарӣ фаъолияткунанда барои амалӣ намудани фаъолият оид ба ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ ба сифати интиқолдиҳанда ҳуқуқ надоранд.

Моддаи 112. Терминалҳои боркашонӣ

1. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки дар терминалҳои боркашонӣ фаъолият менамоянд, ба борфиристонандагон ва боргирандагон, интиқолдиҳандагон ва миёнаравони онҳо дар асоси шартнома хизматрасонии марбут ба таъмини ҳамлу нақли бор, боркунӣ, борфарорӣ, ба навъҳо ҷудокунӣ, коркард, борпеч, тамғагузорӣ ва (ё) нигоҳдориро пешниҳод мекунанд.

2. Вазифаҳо ва тартиби ташкили фаъолияти терминалҳои боркашонӣ, инчунин хизматрасонии дар онҳо пешниҳодшаванда бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ ва стандартҳои нақлиёти автомобилӣ муқаррар карда мешаванд.

3. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дар терминалҳои боркашонӣ фаъолияткунанда барои амалӣ намудани ҳамлу нақли бор ҳамчун интиқолдиҳанда ҳуқуқ надоранд.

Моддаи 113. Нуқтаҳои истгоҳ, ниҳоӣ ва майдончаҳои гардиш

1. Нуқтаҳои истгоҳ, ниҳоӣ ва майдончаҳои истодану гардиши нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои бамеъёрдарории техникӣ, роҳҳои автомобилгард ва шаҳрсозӣ ҷойгир ва таҷҳизонида мешаванд.

2. Ороиш, таъминоти иттилоотӣ ва нигоҳдории нуқтаҳои истгоҳ дар асоси қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ободонии ҳудуд ва ҳаракат дар роҳ аз ҷониби соҳибони ин иншоот анҷом дода мешаванд.

3. Нуқтаҳои истгоҳ мутобиқи стандартҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба ҷойгиронӣ, муҷаҳҳазгардонӣ ва ороиши нуқтаҳои истгоҳ бояд намунаи ягона дошта бошанд.

Моддаи 114. Таваққуфгоҳҳо

1. Фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ оид ба хизматрасонии таваққуфгоҳҳо бояд мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои таваққуфгоҳ ва нигоҳдории воситаҳои нақлиёти автомобилӣ анҷом дода шавад.

2. Тартиби ҷойгиронӣ, муҷаҳҳазгардонии таваққуфгоҳҳо ва амалигардонии фаъолият дар онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ муайян карда мешавад.

3. Дар ҳамаи нуқтаҳои ҷамъшавии мусофирон (фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, дар назди марказҳои калони савдо ва фарҳангӣ) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил ва муҷаҳҳазгардонии истгоҳҳои таксиро таъмин менамоянд.

4. Ҷойгиронӣ ва муҷаҳҳазгардонии истгоҳҳои таксӣ тибқи талаботи дахлдори қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ муайян карда мешаванд.

Моддаи 115. Объектҳои хизматрасонӣ дар роҳҳо ва канори роҳҳо

Талабот нисбат ба хизматрасонӣ дар объектҳои хизматрасонӣ дар роҳҳо ва канори роҳҳо, ки дар онҳо хизматрасонӣ аз рӯи номгӯй ва намуди фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ амалӣ мегардад, бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 116. Ҳуқуқи мусофирон ҳангоми истифодабарӣ аз хизматрасонӣ дар объектҳои инфрасохтори нақлиётӣ

Мусофирон ҳуқуқ доранд аз объектҳои инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии дар онҳо пешниҳодгардида дар асоси шартҳои муайннамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба ҳамлу нақл ва хизматрасонӣ ба мусофирон истифода баранд.

Моддаи 117. Ҳуқуқи интиқолдиҳандагон ҳангоми истифодабарӣ аз хизматрасонӣ дар объектҳои инфрасохтори нақлиётӣ

Интиқолдиҳандагон ҳуқуқ доранд аз объектҳои инфрасохтори нақлиётӣ ва хизматрасонии дар онҳо пешниҳодшаванда, дар асоси шартҳои шартномаҳои дахлдор байни онҳо ва соҳибони чунин объектҳо ё намояндагони қонунии онҳо ва дар ҳолатҳои амалӣ намудани ҳамлу нақл барои эҳтиёҷоти худӣ ва фармоишӣ дар сурати мавҷудияти мувофиқаи бо ҳуҷҷат тасдиқшуда бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, истифода баранд.

БОБИ 16. НИГОҲДОРИИ ТЕХНИКИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ

Моддаи 118. Шахсони масъул барои нигоҳдории техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ

Нигоҳдории техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба зиммаи шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ - соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва аломатҳои бақайдгирии давлатӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ мебошанд, инчунин ба зиммаи шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродие вогузор карда мешавад, ки воситаҳои нақлиёти автомобилиро бо шартҳои иҷора ё дигар асоси қонунӣ дар ихтиёр дошта, воситаҳои нақлиётро барои пешбурди фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ истифода мебаранд.

Моддаи 119. Истифодабарии техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ

1. Истифодабарии техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла хизматрасонии техникӣ, таъмир, назорати ҳолати техникӣ, нигоҳдорӣ аз ҷониби шахсони дар моддаи 118 Кодекси мазкур зикргардида тибқи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба истифодабарии техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба роҳ монда мешавад.

2. Барои иҷрои корҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида, аз ҷумла гузаронидани назорати пешазбастии ҳолати техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, инчунин ҳангоми муддати тӯлонӣ дар маҳалли ҷойгиршавии доимӣ қарор надоштани онҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ метавонанд дар асоси шартнома тибқи талаботи моддаи 120 Кодекси мазкур ҷалб карда шаванд.

Моддаи 120. Хизматрасонии техникӣ, таъмир, назорати ҳолати техникӣ ва нигоҳдории воситаҳои нақлиёти автомобилӣ

1. Ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин ба шахсони воқеӣ оид ба хизматрасонии техникӣ, таъмир, назорати ҳолати техникӣ ва нигоҳдории воситаҳои нақлиёти автомобилӣ тибқи талаботи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба хизматрасонии техникӣ, таъмир, назорати ҳолати техникӣ ва нигоҳдории воситаҳои нақлиёти автомобилӣ хизматрасонии пулакӣ расонида мешавад.

2. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки хизматрасонии техникӣ, таъмир, назорати ҳолати техникӣ ва нигоҳдории воситаҳои нақлиёти автомобилиро амалӣ менамоянд, бояд натиҷаи корҳои анҷомдодашударо бо ҳуҷҷати дахлдор оид ба мувофиқатии воситаи нақлиёти автомобилӣ ба талаботи ҳаракат дар роҳ тасдиқ намоянд.

Моддаи 121. Нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ

1. Нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ тибқи талаботи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба нобудсозӣ дар ҷойҳои махсусе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд, амалӣ карда мешавад.

2. Нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилиро шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ - соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродие, ки воситаҳои нақлиёти автомобилиро дар асоси шартномаи иҷора ё дигар асоси қонунӣ ихтиёрдорӣ намуда, воситаҳои нақлиёти автомобилиро ҳангоми амалисозии фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ истифода мебаранд, пас аз ба итмом расонидани расмиёти аз қайди давлатӣ баровардани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳаракат дар роҳ амалӣ менамоянд.

БОБИ 17. МАСЪУЛИЯТ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ

Моддаи 122. Асосҳои умумии масъулияти интиқолдиҳандагон, борфиристонандагон, боргирандагон ва мусофирон

1. Интиқолдиҳандагон, борфиристонандагон, боргирандагон ва мусофирон, ки аз хизматрасонии ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ, бор, хизматрасонии объектҳои инфрасохтори нақлиётӣ, хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ, воситаҳои нақлиёти автомобилии ба иҷора ё ба киро додашуда истифода мебаранд, дар ҳолати риоя накардани талаботи пешбининамудаи Кодекси мазкур, Кодекси гражданӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ масъул мебошанд.

2. Масъулият барои риоя накардани талаботи шартномаҳое, ки ҳангоми ташкил ва амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ баста шудаанд, бо чунин шартномаҳо ва муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.

Моддаи 123. Масъулияти интиқолдиҳанда барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии мусофир

Интиқолдиҳанда барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии мусофир ҳангоми ҳамлу нақл, тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад, агар исбот накунад, ки зарар бо гуноҳи худи мусофир ба миён омадааст.

Моддаи 124. Масъулияти интиқолдиҳанда барои гум кардан, камомад ва зарар дидани (вайрон шудани) бағоҷ ё бор

1. Интиқолдиҳанда барои гум кардан, камомад ва зарар дидани (вайрон шудани) бағоҷ ё бор аз лаҳзаи қабули он барои ҳамлу нақл ва то лаҳзаи расонидани он ба боргиранда ва ё ба шахси дигари барои қабули бор ё бағоҷ ваколатдор дар нуқтаи таъинот масъул мебошад, агар исбот накунад, ки гум шудан, камомад ва зарар дидани (вайрон шудани) ба бағоҷ ё бор бо гуноҳи ӯ содир нашудааст.

2. Интиқолдиҳанда барои амалҳо ё камбудиҳои худ, инчунин амалҳо ва камбудиҳои ронандагон ё ҳайати дигари кормандони худ, ки аз хизматҳояшон барои иҷрои уҳдадориҳои аз шартномаи ҳамлу нақл бармеомада истифода мебаранд, масъулияти пурра дорад.

3. Интиқолдиҳанда аз ҷавобгарӣ барои гум шудан, камомад ва зарар дидани (вайрон шудани) бағоҷ ё бор озод карда мешавад, агар гумшавӣ ва ё осеб дидани бор бинобар доштани нуқсони худи бағоҷ, бо таваккали дар он мавҷуд будани моддаҳои зудвайроншаванда, барои ҳамлу нақл хатарнок ё дар натиҷаи ҳолатҳое, ки интиқолдиҳанда сарфи назар аз андешидани чораҳои зарурӣ натавонистааст нуқсонро бартараф созад ё оқибат бо гуноҳи мусофир рух дода бошад.

4. Интиқолдиҳанда зарарро барои гум кардан, камомад ва зарар дидани (вайрон шудани) бағоҷ ё бор ба андозаҳои зерин ҷуброн менамояд:

- арзиши бағоҷ ё бори гумшуда, камомад ва зарар дидани (вайрон шудани) дар ҳолати гумшавӣ ё камомади бағоҷ ё бор;

- маблағе, ки арзиши бағоҷ ё бор дар натиҷаи камомад ва зарар дидани (вайрон шудани) бағоҷ ё бор ба он кам шудааст ё арзиши бағоҷ ё бор дар ҳолати имконнопазир будани барқароркунии бағоҷ ё бори зарардида (вайрон шуда);

- ҳиссаи арзиши эълоншудаи бағоҷ ё бор, ки ба қисми бағоҷ ё бори камомад ё зарардида (вайрон шуда) мувофиқ мебошад, дар ҳолати камомад ва зарар дидани (вайрон шудани) бағоҷ ё бори бо арзиши эълоншуда барои ҳамлу нақл супоридашуда;

- арзиши эълоншуда дар ҳолати гумшавии бағоҷ ё бор, инчунин имконнопазир будани барқарорсозии бағоҷ ё бори бо арзиши эълоншуда барои ҳамлу нақл супоридашуда.

5. Интиқолдиҳанда дар баробари ҷуброни зарари муқарраргардидае, ки дар натиҷаи гумшавӣ, камомад ё зарар дидани (вайрон шудани) бағоҷ ё бор ба амал омадааст, маблағи барои ҳамлу нақли бағоҷ ё бор гирифтаашро бармегардонад.

6. Агар интиқолдиҳанда исбот намояд, ки арзиши эълоншудаи бағоҷ ё бори гумшуда ё зарардида аз арзиши воқеӣ зиёд аст, интиқолдиҳанда зарарро ба андозаи арзиши аслии бағоҷи гумшуда ё зарардида ҷуброн менамояд.

7. Гумшавӣ, камомад ва зарар дидани (вайрон шудани) пул, ашёи қиматбаҳо, коғазҳои қиматнок ва ашёи дигари махсусан арзишнок (асарҳои санъат, ашёи атиқа ва дигар мероси таърихию фарҳангӣ), ки дар бағоҷ нигоҳ дошта мешаванд, аз ҷониби интиқолдиҳанда тибқи тарифҳои муайянгардидаи ҳамлу нақли бағоҷ бо арзиши эълоншуда танҳо дар ҳолате ҷуброн карда мешаванд, ки арзиши онҳо аз ҷониби мусофир эълон шуда бошад.

8. Барои пуррагӣ ва бе зарар нигоҳ доштани бори дастӣ, ба истиснои ҳолатҳои садамаҳои роҳу нақлиётӣ, мусофир масъул мебошад.

Моддаи 125. Андозаҳои масъулияти борфиристонанда ва боргиранда ҳангоми ҳамлу нақли бор

Борфиристонандагон ва боргирандагон уҳдадоранд ба интиқолдиҳанда зарареро, ки дар натиҷаи боркунии аз ҳад зиёди бор бо гуноҳи онҳо, зарар расонидан ба воситаи ҳаракаткунанда ҳангоми боркунӣ ва борфарорӣ, боркунии нодуруст, борпеч кардан ё нодуруст маҳкам кардани бор ба миён омадааст, ҷуброн намоянд.

Моддаи 126. Масъулият барои риоя накардани муҳлати расонидани мусофирон, бағоҷ ё бор

(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2002)

1. Интиқолдиҳанда барои расонидани мусофирон, бағоҷи онҳо ё бор дар муҳлати муқаррарнамудаи шартномаҳои ҳамлу нақл ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон масъул мебошад.

2. Барои риоя накардани муҳлати расонидани мусофирон, бағоҷи онҳо ё бор, интиқолдиҳандагон тибқи муҳлати пешбининамудаи шартномаи ҳамлу нақл дар ҳолатҳо ва бо андозаҳои зерин масъул мебошанд:

- ҳангоми бо гуноҳи интиқолдиҳанда ба таъхир гузоштани муҳлати ҳамлу нақли мусофирон ва бор, интиқолдиҳанда ба мусофир ва борфиристонанда ҷуброни зарарро ба андозаи муқаррарнамудаи шартномаи ҳамлу нақл месупорад;

- барои гузаронидани муҳлати расонидани бағоҷ ё бор интиқолдиҳанда ба андозаи даҳ фоизи пардохт барои ҳар як шабонарӯзи муҳлатгузаронӣ, вале на зиёдтар аз панҷоҳ фоизи маблағи пардохти ҳамлу нақли дар шартнома зикргардида ҷарима месупорад. Супоридани ҷарима барои муҳлатгузаронии расонидани бағоҷ ё бор аз ҷониби интиқолдиҳанда ҳангоми супоридани бағоҷ ё бор дар асоси санад анҷом дода мешавад.

3. Интиқолдиҳанда аз ҷавобгарӣ барои гузаронидани муҳлати расонидани мусофирон, бағоҷ, инчунин муҳлати расонидани бор озод карда мешавад, агар муҳлатгузаронӣ бо гуноҳи ӯ рух надода бошад.

4. Интиқолдиҳанда барои зараре, ки ба ирсолкунанда ё қабулкунандаи бағоҷ ё бор бо сабаби муҳлатгузаронӣ расонида шудааст, ҷавобгар аст, агар муҳлатгузаронӣ ҷой дошта бошад.

5. Ҳангоми ба муҳлати панҷ соат ва ё зиёдтар аз он ба таъхир гузоштани самт дар хатсайрҳои байналмилалии ҳаракати автобус, интиқолдиҳанда уҳдадор аст аз ҳисоби худ мусофиронро дар меҳмонхона ҷой диҳад ва онҳоро бо хӯрок таъмин намояд. Тибқи дархости мусофир ба ӯ ҳуҷҷати расмӣ дода мешавад ва ё дар чипта дар бораи сабаби батаъхиргузории ҳамлу нақл қайд карда мешавад.

6. Дар сурати бекор кардан ё ба таъхир гузоштани самт, ба истиснои ҳолатҳои амали қувваи рафънопазир, интиқолдиҳанда уҳдадор аст бо интихоби мусофир бо самти наздиктарин то нуқтаи таъиноти дар чипта ишорагардида фиристонидани ӯро таъмин намояд ё маблағи пурраи арзиши чиптаро ба мусофир баргардонад.

Моддаи 127. Озод намудан аз масъулият барои гум шудан, камомад ва зарар дидани (вайрон шудани) бор

1. Интиқолдиҳанда барои маҳфуз нигоҳ доштани бор масъулият дорад, агар исбот накунад, ки гум шудан, камомад ва зарар дидани (вайрон шудани) бор дар натиҷаи ҳолатҳое рух додаанд, ки пешгирӣ ва бартараф кардани онҳо аз ӯ вобастагӣ надошт ё дар натиҷаи амали қувваҳои рафънопазир, аз ҷумла дар ҳолатҳои зерин рух додаанд:

- гуноҳи борфиристонанда (боргиранда);

- хусусиятҳои махсуси табиии бори интиқолдодашаванда;

- ноқисии зарф ё борпеч, ки ҳангоми қабули бор барои ҳамлу нақл аз рӯи намуди беруна наметавонист пай бурда шавад ё истифодаи зарфе, ки ба хусусиятҳои бор ё меъёрҳои муқарраргардида мувофиқ нест, ҳангоми мавҷуд набудани нишонаҳои зарар расонидан ба зарф дар роҳ;

- супоридани бор барои ҳамлу нақл бе нишон додани хусусиятҳои хоси он дар ҳуҷҷатҳои молию нақлиётӣ, ки шароити махсус ё чораҳои эҳтиётиро барои маҳфуз нигоҳ доштани бор ҳангоми ҳамлу нақл ё нигоҳдорӣ талаб менамоянд;

- барои ҳамлу нақл супоридани боре, ки намнокияш аз меъёри муқарраргардида зиёд мебошад;

- дар ҳолати қувваи рафънопазир;

- маҳдудиятҳои муваққатӣ ва ё манъ кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт;

- сабабҳои дигари аз интиқолдиҳанда, борфиристонанда ва боргиранда вобастанабуда.

2. Интиқолдиҳанда аз масъулият барои гум шудан, камомад ва зарар дидани (вайрон шудани) бор дар ҳолатҳое озод карда мешавад, агар:

- бор дар воситаи нақлиёти автомобилии (контейнери) бенуқсон бо тамғаҳои бенуқсони борфиристонанда, бори донабайъ бошад, бо тамғаҳои ҳифозатӣ, борпеч, муҳри бенуқсони борфиристонанда ё истеҳсолкунанда расида бошад;

- камомад ва зарар дидани (вайрон шудани) бор дар натиҷаи сабабҳои табиии марбут ба ҳамлу нақли бор тавассути воситаи нақлиёти рӯйкушода (бо сабаби боришоти атмосферӣ, таъсири шамол, хушкшавӣ ва дигар ҳодисаҳои табиӣ) рух дода бошад;

- бор таҳти ҳамроҳикунии экспедитори борфиристонанда (боргиранда) интиқол дода шуда бошад;

- камомади бор аз меъёри камшавии табиӣ зиёд набошад.

3. Интиқолдиҳанда наметавонад бо истинод ба нуқсонҳои ҷисмонӣ ё рӯҳӣ доштани ронанда, зарар дидан ё вайрон будани воситаи нақлиёти автомобилӣ, бо гуноҳи шахсе, ки воситаи нақлиёти автомобилӣ аз ӯ кироя шудааст, аз ҷавобгарӣ озод карда шавад.

Моддаи 128. Ҳисоб кардани камомади бор

1. Камшавии табиии бори интиқолшаванда аз рӯи ҳар борхати молию нақлиётӣ, новобаста аз навъи бори интиқолшаванда ва усули боркунӣ ва борфарорӣ ҳисоб карда мешавад.

2. Камомад ё изофагии бори ба шакли тӯда, рехта ва ё моеъ, ғелонда бурдан ва ё аз ҳад зиёд интиқолшаванда дар роҳ, ки аз тарафи як борфиристонанда ба суроғаи як боргиранда бор карда шуда, дар воситаи нақлиёти коршоям бе нишонаҳои камомад дар роҳ расонида шудааст, ба таври истисно метавонад аз рӯи натиҷаҳои санҷиши тамоми ҳаҷми бори якбора додашуда муайян карда шавад.

Моддаи 129. Масъулият барои аз муҳлати муқарраршуда зиёд боздоштани воситаҳои нақлиёти автомобилии барои боркунӣ ва ё борфарорӣ пешниҳодшуда

1. Барои аз муҳлати муқарраршуда зиёд боздоштани воситаҳои нақлиёти автомобилии барои боркунӣ ё борфарорӣ пешниҳодшуда, борфиристонанда ё боргиранда, агар боздоштан бо гуноҳи онҳо рух дода бошад, ба интиқолдиҳанда барои бекористӣ вобаста аз вазнбардории воситаи нақлиёт ҷаримаи пешбининамудаи тарифҳо ё шартномаро месупорад.

2. Ҷарима барои бекористии воситаи нақлиёти автомобилӣ новобаста аз ҷарима барои иҷро нагардидани шартномаи ҳамлу нақл ситонида мешавад.

3. Асос барои ҳисобкунии ҷарима барои бекористии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, қайдҳо дар борхати молию нақлиётӣ ва роҳхат дар бораи вақти омадан ва рафтани воситаи нақлиёти автомобилӣ мебошад.

4. Баъди гузаштани як соати интизорӣ барои боркунӣ интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад воситаи нақлиётро бо салоҳдиди худ истифода намояд. Дар ин ҳолат ҳамлу нақл баргузорнагардида ҳисобида шуда, ҳисобкунии ҷарима барои бекор истодани нақлиёт қатъ мегардад ва интиқолдиҳанда барои иҷро нашудани ҳамлу нақл масъул намебошад.

5. Дар ҳолати ба нуқтаи боркунӣ нисбат ба муҳлати дар шартнома мувофиқашуда ба муддати беш аз сӣ дақиқа дертар омадани автомобил, интиқолдиҳанда ҳуқуқ надорад, ки аз борфиристонанда (боргиранда) барои бекор истодан дар вақти боркунӣ ҷарима ситонад.

6. Барои аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд боздоштани контейнерҳо борфиристонандагон ва боргирандагон барои ҳар соати боздоштан ҷарима мепардозанд, ки андозаи он дар шартномаи ҳамлу нақл муқаррар карда мешавад.

7. Ҷарима барои боздоштани контейнерҳо новобаста аз ҷарима барои иҷро нагардидани ҳамлу нақл тавассути контейнерҳо ситонида мешавад.

8. Борфиристонанда ва боргиранда аз пардохти ҷарима барои бекористии воситаи нақлиёт ва боздоштани контейнерҳо аз пардохти ҷарима озод карда мешаванд, агар бекористии воситаҳои нақлиёт ва боздоштани контейнерҳо бо сабаби офати табиӣ (барфтӯда, сел, обхезӣ, сӯхтор, заминларза ва дигар ҳодисаҳои табиӣ) ё садама дар корхона рух дода бошад, ки дар натиҷаи он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳои боркунӣ ва борфарорӣ манъ аст.

Моддаи 130. Масъулият барои нодуруст нишон додани номгӯйи бор дар ҳуҷҷатҳои молию нақлиётӣ ё ба таври номатлуб ба расмият даровардани онҳо

1. Агар борфиристонанда барои ҳамлу нақли бори дар дархост ё фармоиши якдафъаинаи барои иҷро пешбининашуда ё бо таъинот ба маҳалли дигарро пешниҳод намояд, интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад ҳамлу нақлро рад карда, арзиши рафтуомади автомобилро ба ҳар ду самт ситонад.

2. Барои дар ҳуҷҷатҳои молию нақлиётӣ нодуруст нишон додани номгӯйи бор ё ба таври номатлуб ба расмият даровардани онҳо борфиристонанда ба андозаи пешбининамудаи шартнома ҷарима месупорад.

Моддаи 131. Масъулият барои пешниҳоди боре, ки ҳамлу нақли он манъ аст

Борфиристонанда барои пешниҳоди боре, ки ҳамлу нақли он манъ аст ё боре, ки ҳангоми интиқол чораҳои махсуси эҳтиётиро талаб мекунад, бо нодуруст нишон додани номгӯй ва хусусияти бор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорад.

Моддаи 132. Масъулият барои риоя накардани қоидаҳои интиқоли бори хатарнок

1. Интиқолдиҳанда, борфиристонанда ва боргиранда ҳангоми иҷрои шартномаи ҳамлу нақли бори хатарнок дар ҳолати расонидани зарар ба шахсони сеюм ва ё муҳити зист дар натиҷаи сар задани ҳодисаи нохуш вобаста ба дараҷаи гуноҳи муайяншудаи ҳар кадоми онҳо ҷавобгар мебошанд. Андозаҳои ҷуброни зарар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

2. Шахсони барои ҳамлу нақли бори хатарнок масъул тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

Моддаи 133. Масъулияти мусофир барои бурдани бағоҷе, ки ҳамлу нақли он манъ аст

1. Ҳангоми дар бағоҷи барои ҳамлу нақл пешниҳодшуда ошкор намудани ашёе, ки интиқоли он дар шакли бағоҷ манъ шудааст, соҳиби бағоҷ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорад.

2. Зарареро, ки ба шахси интиқолдодаи бағоҷи ҳамлу нақлаш манъшуда расонида шудааст, соҳиби бор уҳдадор аст ҷуброн намояд.

Моддаи 134. Санадҳо

1. Масъулияти интиқолдиҳандагон, борфиристонандагон, боргирандагон ҳангоми ҳамлу нақли борҳо бо санадҳо ё қайдҳо дар борхатҳои молию нақлиётӣ, роҳхатҳо, ҳангоми ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бошад, бо санадҳо ё қайдҳо дар роҳхат тасдиқ карда мешавад.

2. Тартиби омода кардани санадҳо ва гузоштани қайд дар ҳуҷҷатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида бо қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои ҳамлу нақл ва хизматрасонӣ оид ба ҳамлу нақли мусофирон, бор ва бағоҷ муқаррар карда мешавад.

БОБИ 18. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 135. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳ монда мешавад.

Моддаи 136. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур

Шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 137. Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санадҳои қонунгузории зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 "Дар бораи нақлиёт" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, №11, мод. 507; с. 2004, №7, мод. 466; с. 2007, №7, мод. 674; с. 2013, №12, мод. 894);

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 "Дар бораи фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №3, мод.155).

Моддаи 138. Тартиби мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур

Кодекси мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ Раҳмон

 ш. Душанбе 2 апрели соли 2020 №1689