Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2020 № 1594 "Дар бораи қабул кардани Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.

2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2000, №140 "Оид ба қабул кардани Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нақлиёт" ва мавриди амал қарор додани он" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, №11, мод. 507; с. 2004, №7, мод. 466; с. 2007, №7, мод. 674; с. 2013, №12, мод. 894) ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2005, №205 "Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, № 3, мод. 155) аз эътибор сокит дониста шаванд.

 

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           Ш. Зуҳуров

 

ш. Душанбе, 12 феврали соли 2020, №1594

 

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Кодекса автомобильного транспорта Республики Таджикистан

В соответствии со статьёй 60 Конституции Республики Таджикистан Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

1. Принять Кодекс автомобильного транспорта Республики Таджикистан.

2. Признать утратившими силу Постановление Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 2 октября 2000 года, №140 "О принятии Закона Республики Таджикистан "О транспорте"и введении его в действие"(Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2000 г., №11, ст. 507; 2004 г., №7, ст. 466; 2007 г., №7, ст. 674; 2013 г., №12, ст. 894) и Постановление Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 20 декабря 2005 года, №205 "О принятии Закона Республики Таджикистан "О транспортно - экспедиционной деятельности" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2006 г., №3, ст. 155).

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан Ш. Зухуров

г. Душанбе, от 12 февраля 2020 года, № 1594