Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 № 211 "Дар бораи андозаи ҳадди ақали сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи андозаи ҳадди ақали сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)

Мутобиқи моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ" ва моддаи 57  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ҳадди ақали сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба андозаҳои зайл муқаррар карда шавад:

- барои ташкилотҳои суғуртавии давлатӣ - на кам аз 10 миллион сомонӣ;

- барои ташкилотҳои суғуртавии ғайридавлатӣ, ки дар баробари соҳаҳои дигари суғурта ба шакли "суғуртаи ҳатмӣ" машғул мебошанд, - на кам аз 10 миллион сомонӣ;

- барои ташкилотҳои суғуртавии ғайридавлатӣ, ки танҳо ба соҳаҳои "суғуртаи умумӣ" ва "суғуртаи ҳаёт" машғул мебошанд, - на кам аз 5 миллион сомонӣ;

- барои ташкилотҳои суғуртавии ғайридавлатӣ, ки танҳо ба соҳаи "суғуртаи умумӣ" машғул мебошанд, - на кам аз 2 миллион сомонӣ;

- барои ташкилотҳои азнавсуғуртакунии давлатӣ ва ғайридавлатӣ - на кам аз 50 миллион сомонӣ.

2. Маблағи сармояи (фонди) оинномавии дар банди 1 қарори мазкур муқарраршуда барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), новобаста аз шакли моликияташон, бояд дар суратҳисоби онҳо дар шакли воситаҳои пулӣ вуҷуд дошта бошад.

3. Ташкилотҳои суғуртавии амалкунанда уҳдадоранд дар давоми як сол баъд аз қабули қарори мазкур сармояи (фонди) оинномавии худро ба андозаи бо банди 1 қарори мазкур муқарраршуда пурра намоянд.

4. Мақоми назорати суғуртавӣ риоя гардидани андозаи ҳадди ақали сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) назорат намояд.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011, № 283 "Дар бораи муқаррар намудани ҳадди ақалли сармояи оинномавии пардохтшавандаи ташкилотҳои суғуртавӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 марти соли 2020 № 211

ш. Душанбе