Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 № 208 "Дар Бораи Тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар Бораи Тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ дар системаи бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ тибқи идентификатори байналмилалии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ (минбаъд - система) дар муҳлати зерин ба роҳ монда шавад:

- аз лаҳзаи ҷорӣ намудани система дар давоми 3 моҳ дар асоси таҷрибавӣ ба таври ройгон тариқи низоми автоматӣ бо роҳи пайвастшавӣ (фаъолкунӣ) ба шабакаҳои операторони алоқаи барқӣ;

- аз лаҳзаи анҷоми бақайдгирии автоматӣ дар давоми 6 моҳ дар асоси таҷрибавӣ ба таври ройгон тариқи истифода аз портали ягона ё бо усулҳои дигаре, ки дар Тартиби замимагардида муайян шудаанд;

- аз лаҳзаи итмоми бақайдгирии ройгон ба таври музднок тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ" ва Тартиби замимагардида.

3. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ кардани Тартиби мазкур то 1 июни соли 2020 тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории хусусӣ оператори системаро муайян намояд.

4. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор то 1 августи соли 2020 санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии худро ба талаботи қарори мазкур мутобиқ намоянд.

5. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ширкатҳои мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани корҳои васеи фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ таъмин намоянд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 31 марти соли 2020 № 208

 ш. Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке регистрации мобильных средств электрической связи и определение функций государственной системы идентификации мобильных средств электрической связи

В соответствии со статьей 6 Закона Республики Таджикистан "Об электрической связи" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок регистрации мобильных средств электрической связи и определение функций государственной системы идентификации мобильных средств электрической связи (прилагается).

2. Регистрацию мобильных средств электрической связи производить по международным идентификаторам мобильных средств электрической связи в системе регистрации мобильных средств электрической связи (далее - система) в нижеследующие сроки:

- с момента внедрения системы в течение 3 месяцев на пилотной основе бесплатно в автоматическом режиме путем подключения (активизации) к сетям операторов мобильной связи;

- с момента окончания автоматической регистрации в течение 6 месяцев на пилотной основе бесплатно через единый портал или другими способами, указанными в прилагаемом Порядке;

- с момента окончания бесплатной регистрации на платной основе в порядке установленном Законом Республики Таджикистан "Об электрической связи" и прилагаемым Порядком.

3. Службе связи при Правительстве Республики Таджикистан в целях реализации настоящего Порядка до 1 июня 2020 года с привлечением частных инвестиций определить оператора системы согласно законодательству Республики Таджикистан.

4. Службе связи при Правительстве Республики Таджикистан, Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан и соответствующим министерствам и ведомствам до 1 августа 2020 года привести свои отраслевые нормативные правовые акты в соответствие с требованиями настоящего постановления.

5. Службе связи при Правительстве Республики Таджикистан и Комитету по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан совместно с мобильными компаниями Республики Таджикистан обеспечить проведение широкой разъяснительной работы среди населения.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 31 марта 2020 года, №208