Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2020 № 197 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №149"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №149

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", бо мақсади иҷрои банди 21 нақшаи чорабиниҳои Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 декабри соли 2015, №791 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар Номгӯи корхонаю муассисаҳои системаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №149 "Дар бораи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархатҳои понздаҳум - нуздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё

Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Зарафшон

Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Панҷ

Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Вахш

Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Кофарниҳон".

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи маблағгузории нигоҳдории сохторҳои таъсисдодашударо аз 1 январи соли 2020 ҳал намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 марти соли 2020 №197

ш. Душанбе