Ҳумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2016, №338
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қоидаҳои муомилот бо ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2016, №338 "Дар бораи Қоидаҳои муомилот бо ҳавопаймоҳои бесарнишин" тасдиқ шудааст, банди 17(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"17(1). Ҳангоми истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин бархилофи талаботи Қоидаҳои мазкур, бахусус дар ҷойҳои манъшудаи дар банди 13 зикргардида, инчунин ҳангоми мавҷудияти таҳдиди воқеӣ ба ҳаёт ва саломатии инсон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ҳуқуқ доранд барои нобуд кардани онҳо, аз ҷумла бо истифодаи силоҳи оташфишон чора андешанд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ уҳдадоранд, ки пеш аз нобуд кардани ҳавопаймоҳои бесарнишин ҷиҳати муҳофизати ҳаёт ва саломатии одамон тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҷуброни зарари ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи нобуд кардани ҳавопаймои бесарнишин расонидашуда аз ҳисоби истифодабарандаи он амалӣ карда мешавад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 феврали соли 2020 № 165
ш. Душанбе