Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №161
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №161 "Дар бораи тартиби таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва амалӣ намудани барномаи сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
- аз сархати якуми банди 20 калимаи "озмунии" хориҷ карда шавад;
- дар сархати панҷуми банди 20 аломати нуқтавергул ";" ба аломати нуқта "." иваз карда шавад;
- сархати шашуми банди 20 хориҷ карда шавад;
- банди 33 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"33. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда лоиҳаҳои сармоягузории худро мутобиқи замимаи 1 Тартиби мазкур таҳия намуда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.";
- банди 34(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"34(1). Ҳангоми таҳияи лоиҳаҳо инчунин меъёрҳои зерин ба инобат гирифта мешаванд:
- мутобиқати лоиҳаи сармоягузорӣ ба афзалиятҳои дар Тартиби мазкур нишондодашуда;
- арзёбии харҷномавии лоиҳа;
- таъсири лоиҳа ба вазъи муҳити зист ва нақшаи амалҳо ҷиҳати коҳиш додани таъсироти зараровар;
- дар сурати ҷалби маблағи қарзӣ, арзиши умумӣ ва давраи имтиёзноки лоиҳа мутобиқи талаботи Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
- дар сурати ҷалби маблағ барои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, арзиши умумии лоиҳа бояд на кам аз 100 ҳазор доллари ИМА бошад.";
- банди 35 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"35. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ лоиҳаҳои сармоягузории худро бо вазорату идораҳои соҳавӣ мувофиқа намуда, пас аз гирифтани хулосаи расмӣ доир ба мақсаднокии ворид намудани лоиҳа ба барнома, таҳлили лоиҳа аз нуқтаи назари соҳа ва мувофиқати он ба барномаҳои давлатӣ ва соҳавии рушд ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.";
- боби 7 хориҷ карда шавад;
- бандҳои 43 ва 44 хориҷ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 феврали соли 2020 №128
ш. Душанбе