Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020 № 128 "Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №161"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №161

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №161 "Дар бораи тартиби таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва амалӣ намудани барномаи сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

- аз сархати якуми банди 20 калимаи "озмунии" хориҷ карда шавад;

- дар сархати панҷуми банди 20 аломати нуқтавергул ";" ба аломати нуқта "." иваз карда шавад;

- сархати шашуми банди 20 хориҷ карда шавад;

- банди 33 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"33. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда лоиҳаҳои сармоягузории худро мутобиқи замимаи 1 Тартиби мазкур таҳия намуда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.";

- банди 34(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"34(1). Ҳангоми таҳияи лоиҳаҳо инчунин меъёрҳои зерин ба инобат гирифта мешаванд:

- мутобиқати лоиҳаи сармоягузорӣ ба афзалиятҳои дар Тартиби мазкур нишондодашуда;

- арзёбии харҷномавии лоиҳа;

- таъсири лоиҳа ба вазъи муҳити зист ва нақшаи амалҳо ҷиҳати коҳиш додани таъсироти зараровар;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 27 марта 2018, №161

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в приложение 1 к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 27 марта 2018 года, №161 "О порядке разработки государственных инвестиционных проектов и реализации программы государственных инвестиций Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнение:

- из абзаца первого пункта 20 слово "конкурсного" исключить;

- в пункта 20 пятого абзаца знак точку с запятой ";" заменить знаком точка ".";

- из пункта 20 абзац шестой исключить;

- пункт 33 изложить в следующей редакции:

"33. Министерства, ведомства и местные исполнительные органы государственной власти, общественные организации и частный сектор в установленные сроки разрабатывают свои инвестиционные проекты согласно приложению 1 к настоящему Порядку и представляют в Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан.";

- дополнить пунктом 34(1) следующего содержания:

"34(1). При разработке проектов также учитываются следующие нормы:

- соответствие инвестиционного проекта приоритетам, указанным в настоящем Порядке;

- оценка сметной стоимости проекта;

- влияние проекта на окружающую среду и план действий по уменыпению вредного воздействия;

...