Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020 №122 "Дар бораи табдил додани Осоишгоҳи махсусгардонидашудаи барқарорнамоии саломатии беморон дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил дар ноҳияи Муъминобод""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи табдил додани Осоишгоҳи махсусгардонидашудаи барқарорнамоии саломатии беморон дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил дар ноҳияи Муъминобод"

Мутобиқи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Осоишгоҳи махсусгардонидашудаи барқарорнамоии саломатии беморон дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил дар ноҳияи Муъминобод" табдил дода шавад.

2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Муъминобод дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи соҳаи тандурустӣ ва воҳидҳои кории амалкунанда масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил дар ноҳияи Муъминобод"-ро ҳал намояд.

3. Ба Номгӯйи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 "Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати панҷоҳу дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил дар ноҳияи Муъминобод".

4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 феврали соли 2020 № 122

ш. Душанбе