Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №608
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №608 "Дар бораи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар банди 2 рақами "22" ба рақами "23" иваз карда шавад;
- дар банди 3 рақам ва калимаҳои "2" ва "ва муовини" мувофиқан ба рақам ва калимаҳои "3" ва "ва муовинони" иваз карда шаванд;
- дар банди 4 рақами "4" ба рақами "5" иваз карда шавад.
2.Ба Низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №608 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- аз банди 3, сархати шашуми банди 5, сархати даҳуми банди 10 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;
- дар банди 7 рақам ва калимаҳои "2", "ва муовини" ва "муовинро" мувофиқан ба рақам ва калимаҳои "3", "ва муовинони" ва "муовинонро" иваз карда шаванд;
- дар банди 8 калимаҳои "муовини Раис" ба калимаҳои "муовинони Раис" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 26 феврали соли 2020 № 107
ш. Душанбе