ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2014, № 116 "Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) аз банди 10 калимаҳои "меҳнат, муҳоҷират, шуғл ва" хориҷ карда шавад;
2) банди 17(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"17(1). Барои тақвияти кор дар самти ҳамоҳангсозӣ ва таҳлили муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳкими робитаҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъсис дода шавад.";
3) ба Сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2014, № 116 тасдиқ шудааст, сархати бистушашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ";
4) банди 20 замима ба Сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2014, № 116 тасдиқ шудааст, хориҷ карда шавад.
2. Дар банди 2 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2014, № 181 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "337" ба рақами "343" иваз карда шавад.
3. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- тибқи тартиби муқарраргардида дар басти вазифаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид намояд;
- ҳангоми зарурат ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро бо фармони мазкур мутобиқ намояд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани тағйир ёфтани воҳидҳои корӣ, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи заруриро дар доираи маблағҳои барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда таъмин намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
14 феврали соли 2020 № 1453