Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2014, №405
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2014, №405 "Дар бораи ташкил намудани Шабакаи иттилоотии электронӣ барои гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд" дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Муқаррар карда шавад, ки раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 90 рӯз амал карда, дорандаи он метавонад дар ҳудуди ҷумҳурӣ на зиёда аз 60 рӯзи тақвимӣ аз санаи вуруд қарор дошта бошад. Раводиди электронӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде дода мешавад, ки ҳуқуқи гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тартиби содакардашуда доранд. Раводиди мазкур ройгон буда, дархосткунандаи он бояд тавассути шабакаҳои электронии эътирофшудаи ҷаҳонӣ барои коркарди раводиди электронии яккарата 30 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Америка ё барои коркарди раводиди электронии бисёркарата 50 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Америка пардохт намояд. Дар сурати рад гардидани дархост, маблағ ба дархосткунанда баргардонида намешавад. Арзиши коркарди раводиди электронӣ метавонад аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипи муомилаи бамисл тағйир дода шавад. Ин амал дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешавад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 11 феврали соли 2020 № 85
ш. Душанбе