Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2020 № 82 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №167"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, № 167

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар ном ва банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №167 "Дар бораи Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон" калимаҳои "ва Бонки миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои ", Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

2. Дар ном, бандҳои 1, 2, 3, 4, 6 ва 7 Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №167 тасдиқ гардидааст, калимаҳои "ва Бонки миллии Тоҷикистонро" ва "ва Бонки миллии Тоҷикистон" мувофиқан ба калимаҳои ", Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро" ва ", Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионин Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

аз 8 феврали соли 2020 №82

ш.Душанбе