ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ КОРХОНАҲОИ ДАВЛАТӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 октябри соли 2019, № 1448
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 декабри соли 2019, № 739
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" аз 28 феврали соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №2, мод.42; с.2008, №10, мод.807; с.2010, №12, қ.1, мод.818) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
2. Ба қисми дуюми моддаи 7 сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- салоҳияти шўрои нозирон;".
3. Моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 11. Идоракунии корхонаи давлатӣ
Идоракунии корхонаи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақоми ваколатдор анҷом медиҳад.
Мақомоти корхонаи давлатӣ инҳоянд:
- мақоми болоӣ - муассис;
- мақоми идоракунӣ - шўрои нозирони корхонаи давлатӣ;
- мақоми иҷроия - роҳбари корхонаи давлатӣ.
Низомномаи намунавӣ оид ба шўрои нозирони корхонаи давлатӣ, номгўйи корхонаҳои давлатӣ, ки дар онҳо шўрои нозирон таъсис дода мешавад, инчунин номгўйи корхонаҳои давлатиеро, ки дар онҳо шўрои нозирон ва роҳбари корхонаи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва таъин карда мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нисбат ба моликияти коммуналӣ дар асоси қарорҳои дахлдори худ дар корхонаҳои давлатӣ шўрои нозиронро таъсис медиҳанд ва низомномаи онро тасдиқ менамоянд.
Тартиби интихоби аъзои шўрои нозирон, гузаронидани маҷлиси шўрои нозирон, қатъи салоҳияти аъзои шўрои нозирон тибқи низомномаи намунавии шўрои нозирон муайян карда мешаванд.".
4. Моддаҳои 11(1), 11(2) ва 11(3) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Моддаи 11(1). Шўрои нозирони корхонаи давлатӣ
Шўрои нозирон роҳбарии умумии фаъолияти корхонаи давлатиро анҷом медиҳад, ба истиснои ҳалли масъалаҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ба салоҳияти муассиси корхонаи давлатӣ ва ё мақоми ваколатдори он дохил мешаванд, ё ин ки ба зиммаи роҳбари корхона вогузор шудаанд.
Шумораи аъзои шўрои нозирон дар асоси оинномаи корхонаи давлатӣ дар ҳайати на камтар аз 5 (панҷ) нафар тасдиқ карда мешавад.
Узви шўрои нозирон танҳо шахси воқеӣ буда метавонад. Роҳбар ва ё корманди корхонаи давлатӣ наметавонад ҳамзамон аъзои шўрои нозирони ҳамин корхонаи давлатӣ бошад.
Тартиби ҷуброни хароҷоти аъзои шўрои нозирон вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои онҳо бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби муассис ё мақоми ваколатдори он муайян карда мешавад.
Моддаи 11(2). Салоҳияти шўрои нозирони корхонаи давлатӣ
Ба салоҳияти шўрои нозирони корхонаи давлатӣ масъалаҳои зерин мансубанд:
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти корхонаи давлатӣ;
- тасдиқи буҷети солона, хароҷоти амалиётию ғайриамалиётӣ ва нақшаи фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории корхонаи давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия;
- маъқул донистани аҳдҳои калоне, ки 30 фоиз ё бештари арзиши тавозунии дороии корхонаи давлатиро ташкил дода, мутобиқи маълумоти муҳосибавии он дар санаи охирини ҳисоботӣ муайян гардидаанд, ба истиснои аҳдҳо нисбати молу мулке, ки розигии муассисро талаб мекунад;
- тасдиқи ҳисоботи солона ва ҳисоботи солонаи муҳосибавии корхонаи давлатӣ;
- тасдиқи аудитори корхонаи давлатӣ ва муайян намудани андозаи пардохти хизматрасонии он;
- баррасӣ ва арзёбии ҳисоботи роҳбари корхонаи давлатӣ;
- дар мувофиқа бо муассис ё мақомоти ваколатдори он тасдиқ намудани тақсимоти фоидае, ки баъд аз интиқоли пардохти ғайриандозӣ ба буҷет дар ихтиёри корхона боқӣ мондааст;
- баррасии масъалаҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур ва оинномаи корхонаи давлатӣ.
Муассиси корхонаи давлатӣ метавонад ваколатҳои алоҳидаи худро ба шўрои нозирони корхонаи давлатӣ вогузор намояд.
Моддаи 11(3). Роҳбари корхонаи давлатӣ
Роҳбари корхонаи давлатӣ аз ҷониби муассис ё мақоми ваколатдори он таъин шуда, тибқи шартномаи меҳнатӣ ба онҳо ва шўрои нозирон ҳисоботдиҳанда мебошад.
Дар шартномаи меҳнатӣ ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти роҳбари корхона, шароити меҳнат, истироҳат ва таъминоти моддии ў, муҳлати шартнома ва шартҳои дигари пешбининамудаи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Роҳбари корхонаи давлатӣ барои ҳолати кор дар корхона шахсан масъул мебошад.
Роҳбари корхонаи давлатӣ қарорҳои муассис ва шўрои нозиронро иҷро карда, ҳамаи масъалаҳои фаъолияти корхонаро мутобиқи салоҳияташ, ки бо Қонуни мазкур ва оинномаи корхона муайян шудааст, ҳал менамояд.
Роҳбари корхонаи давлатӣ бе ваколатнома аз номи корхона амал мекунад, манфиатҳои онро дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ намояндагӣ менамояд, шартномаҳо мебандад, ваколатномаҳо медиҳад, суратҳисобҳои бонкӣ мекушояд ва аҳду амалҳои дигарро, ки мухолифи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, анҷом медиҳад.".
5. Дар қисми якуми моддаи 25 калимаи "молик" ба калимаҳои "шўрои нозирон"иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1679