Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020 № 1673 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттифоқҳои касаба"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

13 ноябри соли 2019, № 1492

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 декабри соли 2019, № 732

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттифоқҳои касаба" аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №7-8, мод.611) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати якуми моддаи 2 калимаи "аъзоёнаш" ба калимаҳои "аъзои худ" иваз карда шавад.

2. Аз матни моддаи 3 ва қисми 1 моддаи 10 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

3. Дар қисми 1 моддаи 6 калимаҳои "ба он монанд иттиҳодияҳо)" ба калимаҳои "иттиҳодияҳои ба он монанд)" иваз карда шаванд.

4. Дар қисми 2 моддаи 9 калимаҳои "ба ҷуз аз" ба калимаҳои "ба истиснои" иваз карда шаванд.

5. Ба моддаи 16 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"5. Иттифоқҳои касаба мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи (низомномаи) иттифоқҳои касаба ҳангоми ошкор кардани поймолшавии ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ, солимгардонии аъзои худ дорои ҳуқуқи тартиб додани санад, амрнома, тафтиши ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ ва овардани пешниҳод дар хусуси бартараф кардани чунин норасоиҳо ба корфармоён ва мақомоти дахлдори давлатӣ мебошанд.".

6. Ба қисми 1 моддаи 18 пас аз калимаҳои "шартномаҳои коллективӣ" калимаҳои "бо корфармоён, иттиҳодияҳои онҳо" илова карда шаванд.

7. Ба моддаи 21 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3. Иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд дар сурати ба онҳо муроҷиат намудани аъзои иттифоқҳои касаба аз номи онҳо ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуда, ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқҳои дигари ба муносибатҳои меҳнатӣ алоқаманди онҳоро ҳимоя намоянд.".

8. Қисми 2 моддаи 22 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Иттифоқҳои касаба бо мақсади назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, меҳнатӣ ва манфиатҳои аъзои худ ҳуқуқ доранд бозрасии назорати ҷамъиятӣ ташкил намоянд, ки салоҳияти онро оинномаи (низомномаи) иттифоқҳои касаба ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.".

9. Қисми 3 моддаи 30 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Дар сурати мавҷуд будани розигии хаттии кормандоне, ки аъзои иттифоқи касаба мебошанд, корфармо ҳар моҳ аз музди меҳнати аъзои иттифоқи касаба ҳаққи аъзогии онҳоро дар муддати на дертар аз 3 рӯз пас аз пардохти музди меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ ба суратҳисоби иттифоқҳои касабаи дахлдор мегузаронад.".

10. Ба қисми 1 моддаи 34 пас аз калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаи "дорои" илова карда шавад.

11. Ба моддаи 35 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3. Пешбурди фаъолияти оинномавӣ ва нигаҳдории воҳидҳои кории кормандони озоди иттифоқҳои касаба аз ҳисоби ҳаққи аъзогӣ ва манбаъҳои дигари манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1673

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ПРОФЕССИОНАЛЬНЫХ СОЮЗАХ"

Принят постановлением МН МОРТ

от 13 ноября 2019 года, №1492

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 25 декабря 2019 года, №732

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О профессиональных союзах" от 2 августа 2011 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2011г., №7-8, ст.611) следующие изменения и дополнения:

1. Статью 16 дополнить частью 5 следующего содержания :

"5. Профессиональные союзы в соответствии с Трудовым кодексом Республики Таджикистан, настоящим Законом, другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, уставом (положением) о профессиональных союзов, в случае обнаружения нарушений трудовых, социальных прав и прав на оздоровление своих членов имеют право составлять акт, предписание, расследовать несчастные случаи на производстве и представлять предложения работодателям и соответствующим государственным органам по устранению этих недостатков.".

2. Часть 1 статьи 18 после слов "и соглашений" дополнить словами "с работодателями, их объединениями".

3. Статью 21 дополнить частью 3 следующего содержания:

"3. Профсоюзы вправе в случае обращения к ним членов профсоюзов обратиться в суд от их имени с исковым заявлением и защищать в суде их трудовые, экономические, социальные и иные права связанные с трудовыми отношениями.".

4. Часть 2 статьи 22 изложить в следующей редакции:

"2. Для осуществления общественного контроля соблюдения законодательства Республики Таджикистан о труде, защите социальных и трудовых прав и интересов своих членов профсоюзы имеют право создать инспекцию общественного контроля, компетенцию которых определяют устав (положение) профсоюзов и нормативные правовые акты Республики Таджикистан.".

5. Часть 3 статьи 30 изложить в следующей реакции:

"3. При наличии письменного согласия работников, являющихся членами профсоюза, работодатель ежемесячно в срок, не позднее 3 дней после выплаты заработной платы, переводит от заработной платы члена профсоюза членские взносы на расчетный счет соответствующего профсоюза в порядке, установленном коллективным соглашением или договором.".

6. Статью 35 дополнить частью 3 следующего содержания:

"3. Ведение уставной деятельности и содержание штатных единиц свободных работников профсоюзов осуществляется за счет членских взносов и средств других источников, не запрещенные законодательством Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 2 января 2020 года, №1673