Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 № 643 "Дар бораи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025

Мутобиқи муқаррароти моддаи 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025-ро таъмин намояд.

3. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025, ҷиҳати ҷалб намудани маблағҳои грантии ташкилотҳои молиявӣ чораҳои зарурӣ андешад.

4. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025 ҳисобот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2019 № 643

ш.Душанбе