Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 № 642 "Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалисозии Консепсияи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Амалисозии Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинишавандаи вазорату идораҳо, муассисаву корхонаҳо, инчунин маблағҳои ғайрибуҷетӣ, грантҳо ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 30 декабри соли 2019 № 642

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Концепции цифровой экономики в Республике Таджикистан

В соответствии со статьей 8 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Концепцию цифровой экономики в Республике Таджикистан (прилагается).

2. Министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов принять необходимые меры по реализации указанной Концепции.

3. Реализацию Концепции цифровой экономики в Республике Таджикистан осуществить в рамках ежегодно предусматриваемых средств министерств, ведомств, учреждений и предприятий, а также внебюджетных средств, грантов и других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 30 декабря 2019 года, №642