Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 № 599 "Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030

 

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор то ба итмом расидани муҳлати нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030-ро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалисозии Барнома ва нақшаи чорабиниҳои он чораҳои зарурӣ андешанд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 27 ноябри соли 2019 № 599

ш. Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе правового обучения и воспитания граждан Республики Таджикистан на 2020-2030 годы

В соответствии со статьей 13 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу правового обучения и воспитания граждан Республики Таджикистан на 2020-2030 годы и план мероприятий по реализации Программы правового обучения и воспитания граждан Республики Таджикистан на 2020-2025 годы (приложения 1 и 2).

2. Министерству юстиции Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами до истечения срока утвержденного плана мероприятий, разработать и представить на утверждение Правительству Республики Таджикистан план мероприятий по реализации Программы правового обучения и воспитания граждан Республики Таджикистан на 2026-2030 годы.

3. Министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов принять необходимые меры по реализации Программы и его плана мероприятий.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 27 ноября 2019 года,  №599