Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 аз 27 ноябри соли 2019 № 599

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" ноябри соли 2019, № 599

Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тибқи муқаррароти Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф карда шудааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Яке аз хусусиятҳои хоси давлати ҳуқуқбунёд мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

2. Низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои татбиқи мусоид, самаранок ва ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бояд ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ бошад.

3. Зарурати қабули Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 (минбаъдБарнома) аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз 26 декабри соли 2018, инчунин Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ гардидааст, бармеояд.

4. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад.

5. Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки ҷиҳати расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд.

6. Таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигари тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад. Тарбияи ҳуқуқӣ бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад. Дар ин раванд, диққати махсус ба интихоби мушаххаси гурӯҳҳои аҳолӣ, ки бо сабаби дар сатҳи паст будани маърифат ва шуури ҳуқуқӣ ё надоштани имконияти гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ дар ҳолати осебпазир қарор доранд, бояд равона гардад.

7. Дар Барнома ҳусусиятҳои фарҳангӣ, таърихӣ, гендерӣ ва паҳлуҳои дигари рушди ҷомеаи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон, уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва натиҷаҳое, ки рушди устувори давлатро таъмин менамояд, ба инобат гирифта шудаанд.

8. Барнома бо дар назар доштани таҷрибаи давлатҳои пешқадам, дар асоси стандартҳои ҷаҳонии моделҳои самарабахши таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон таҳия гардидааст.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНӢ

9. Сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, № 691 "Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 "Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, № 94 "Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 "Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028" амалӣ карда мешавад.

10. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил, молу мулк ва ҳолатҳои дигар, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотеро доранд, ки ба манфиати онҳо дахл дорад, инчунин имконияти истифодаи дастовардҳои соҳаи ҳуқуқро доранд.

11. Аз соли 2009 дар назди Вазорати адлия махзани мутамаркази иттилоотии ҳуқуқии "Адлия" бо забонҳои давлатӣ ва русӣ амал менамояд, ки мақсад ва вазифаҳои асосии он таъмин ва дастрасии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон мебошад.

12. Айни замон сиёсати давлатӣ дар соҳаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 амалӣ гардида истодааст. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030-ро бо дар назар доштани пешрафти ҷомеа ва рушди илму техникаи муосир таҳия ва қабул менамояд.

13. Ҳамзамон, таҳлили ҳолати муосири фарҳанги ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки дар ин самт ба инобат гирифтани шароити иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва тамоюлҳои нав зарур аст. Бо мақсади бартараф намудани мушкилоти маҷмӯӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти маърифатнокии ҳуқуқӣ зарурати тағйир додани муносибатҳо мавҷуд аст. Дар робита бо ин нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар маърифатнокии ҳуқуқӣ ва фаъолияти маърифатпарварии хусусияти иттилоотӣ-ташвиқотидошта бояд баланд бардошта шавад, зеро имрӯз ташаккули сатҳи баланди маърифатнокии ҳуқуқӣ бе иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, тамоми хизматчиёни давлатӣ ва ҷомеаи ҳуқуқшиносони ҷумҳурӣ номумкин аст. Аз ин рӯ, дар ин самт тағйироти куллӣ, ки дигаркунии ҷиддии модели институтсионалиро дар татбиқи сиёсати маърифатнокии ҳуқуқӣ талаб менамояд, зарур аст. Ҳамчунин маърифатнокии ҳуқуқӣ бояд талаботи гурӯҳҳои мақсаднокро ба инобат гирифта, расмиёти баҳодиҳии сифат ва натиҷанокии ин фаъолиятро пешбинӣ намояд.

14. Дар замони муосир муҳимтарин роҳи баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ин баланд бардоштани маърифатнокии онҳо ва истифодаи имкониятҳои онҳо дар ҷустани чораҳои ҳуқуқӣ ҳангоми танзими низоъҳои ҷамъиятӣ мебошад. Бахусус донистан ва фаҳмидани самаранокии расмиёти ғайрисудӣ ва тосудии танзими баҳсҳо рафтори махсусро оид ба амалигардонии воситаҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа ташаккул хоҳад дод. Дар натиҷа тафаккури ҳуқуқии ҷомеа ташаккул ёфта, дар навбати худ нигоҳи ҷомеаи Тоҷикистонро куллан тағйир медиҳад. Аз ин лиҳоз тарғиби воситаву механизмҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа бояд яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифатнокии ҳуқуқӣ гардад.

15. Ҳамин тавр, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон дар заминаи муносибатҳои пайвастаи низомнок натиҷаи самаранок медиҳад.

3. МАҚСАД, ВАЗИФА ВА ПРИНСИПҲО

16. Мақсади асосии Барнома аз инҳо иборатанд:

- риояи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ;

- баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон;

- таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини иштироки фаъоли аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он;

- баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва аз байн бурдани ҳеҷангории (нигилизми) ҳуқуқӣ;

- байни шаҳрвандон ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузирии масъулияти ҳуқуқӣ;

- баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;

- ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон;

- ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон истифодаи иқтидори илмию фарҳангии ҷомеа.

17. Ҷиҳати ноил гардидан ба мақсадҳои Барнома иҷрои вазифаҳои зерин зарур аст:

- пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо;

- баланд бардоштани самаранокии тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ;

- баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ;

- ташаккули малакаи муайян намудани мавқеи ҳуқуқии шаҳрвандон барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқии ба вуҷуд омада;

- таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо маводи иттилоотӣ- ҳуқуқӣ;

- ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида;

- таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ бо ҷойгир кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳими баланд бардоштани таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси ворид кардани дастовардҳои нави илму технология, пурзӯр кардани назорати ҷамъиятӣ;

- баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии роҳбарони ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, кормандони мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

- баланд бардоштани таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла, кӯдакону наврасон, ҷавонону донишҷӯён, хизматчиёни давлатӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

- истифодаи самараноки воситаҳои ахбори омма ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон;

- ба роҳ мондани таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бо дар назар доштани хусусиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ, миллӣ ва дигарҳо;

- ба таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ фаро гирифтани тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ бо дар назар доштани синну сол, касб ва хусусиятҳои дигар дар заминаи нақшаҳои дарозмуддати чорабиниҳои ҳуқуқӣ;

- коркард ва татбиқи шаклҳои нави таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- коркард намудани барнома ва нақшаҳои нави таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ дар муассисаҳои таълимӣ;

- амалӣ намудани сиёсати дарҳои кушод ҷиҳати дастрасӣ ба қонунгузории амалкунанда ва сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

18. Барнома дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- қонуният;

- адолат, инсондӯстӣ, баробарӣ ва ҳамкорӣ;

- муттаҳидӣ ва ягонагии таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ;

- мустаҳкамии фарҳанги ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, ки арзиши олӣ дониста мешавад;

- риоя намудани тавозуни манфиати шахс, ҷамъият ва давлат;

- ватандӯстӣ.

4. НИЗОМИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ

19. Низоми ягонаи таълиму тарбияи ҳуқуқӣ ба стандартҳои ягонаи сифат, муносибати инфиродӣ, ки манфиатҳои инсон ва шаҳрванд, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва субъектҳои соҳибкориро ба назар мегирад, бояд асос ёбад.

20. Чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани таълиму тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ барои ҳамаи шаҳрвандон бояд хусусияти маълумоти умумӣ дошта бошанд. Дар баробари ин, онҳо бояд ҳусусияти дақиқ дошта, ба категорияҳои муайяни аҳолӣ (бо дар назар доштани синну сол, ҷинс, қобилияти ҷисмонӣ ва ғайра) нигаронида шаванд. Мутаносибан низоми маърифати ҳуқуқӣ бояд ба талаботи гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакон, занон, нафақахӯрон, маъюбон, шахсони камбизоат, аҳолии деҳот, муҳоҷирон, шахсоне, ки дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ қарор доранд ва дигарон ҷавобгӯй бошанд.

21. Барои густариши муколама бо аҳолӣ ва аз ҷониби онҳо дарк кардани моҳияти чорабиниҳо оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқӣ таҳия намудани усулҳои пешрафта ва муосир хеле муҳим мебошад.

22. Аз ин лиҳоз, таълиму тарбияи ҳуқуқӣ бояд ба усулҳои зерин асос ёбад:

- рӯ овардан ба арзишҳои умумиинсонӣ ва ҳадафҳои олии гуманизм;

- ба роҳ мондани ҳамкорӣ;

- мустақилияти субъектҳои таълиму тарбияи ҳуқуқӣ;

- рӯ овардан ба аҳолӣ, дастрас будан ба аудиторияи мушаххас ва вокуниш ба талаботи он;

- инноватсионӣ ва эҷодкорона будани таълиму тарбияи ҳуқуқӣ;

- мониторинг ва назорати ҷараёни таълиму тарбияи ҳуқуқӣ.

23. Низоми таълиму тарбияи ҳуқуқӣ аз иттилоотонии ҳуқуқӣ, машваратдиҳии ҳуқуқӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ, таълими ҳуқуқӣ, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, ҷалби шаҳрвандон дар раванди қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, муҳимияти механизмҳои ҳуқуқӣ иборат аст.

24. Иттилоотонии ҳуқуқӣ метавонад ба тарзу усулҳои гуногун амалӣ карда шавад, аз ҷумла:

- брошюраҳо, ки ба мавзӯъҳои алоҳидаи ҳуқуқӣ бахшида шудаанд (маводи тақсимотӣ бояд дар ҷойҳои дастраси умум, инчунин дар ҷойҳое, ки гурӯҳҳои мақсаднок ҷамъ меоянд, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатӣ, муассисаҳои ислоҳӣ ва дигар ҷойҳо паҳн карда мешаванд);

- интишори мунтазами мақолаҳо ва лавҳаҳо (рубрика) дар рӯзнома ва маҷаллаҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ (тавассути рӯзномаю маҷаллаҳо бояд фаъолияти дахлдори фаҳмондадиҳии моҳияти масъалаҳои ҳалнашудаи мавҷуда дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад, инчунин оид ба навоварӣ ва тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ бо мақсади роҳ надодан ба шарҳи нодуруст аз ҷониби аҳолӣ);

- маводе, ки ба воситаи сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд (ташкил кардани сомонаҳои таълимӣ дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ барои гурӯҳҳои ҳарчи бештари мақсадноки аҳолӣ. Мавод бояд вобаста ба сатҳи мушкилоти пешниҳоди иттилоот ва аудиторияи мақсаднок фарқ намояд);

- барномаҳои телевизионӣ ва радио бо мундариҷаи қавии ҳуқуқӣ ва иттилоотонӣ дар чорчӯбаи формати телевизионӣ метавонад чунин усулҳо, ба монанди роликҳои иҷтимоӣ дар бораи барномаҳои ёрии ҳуқуқӣ, барномаҳо оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, намоишномаҳои таҷрибаи судӣ, ки кирдорҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва оқибатҳои онҳоро инъикос менамояд, филмҳо ва силсилафилмҳо, ки ба масъалаҳои ҳуқуқӣ равона гардидаанд.

25. Ҳангоми ташкил намудани фаъолият оид ба машварати ҳуқуқӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ зарур аст, ки восита ва усулҳо ба талаботи қишрҳои гуногуни аҳолӣ ва ба принсипҳои Барнома мутобиқ бошанд. Машварати ҳуқуқӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ бояд бо роҳҳои зерин амалӣ карда шаванд:

- расонидани ёрии ҳуқуқии аз ҷониби давлат кафолатдодашуда;

- таъсис додани хатҳои маълумотдиҳии телефонӣ, ки оид ба қонунгузорӣ ва хизматрасонии ҳуқуқӣ иттилоот пешкаш менамоянд (ҷорӣ намудани хатти алоқаи маълумотдиҳӣ, ки операторони он хусусияти мушкилии муроҷиаткунандаро таҳлил карда тавонанд, маълумоти умумиро оид ба роҳҳои ҳалли он пешкаш намоянд ва ё ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдор равон намоянд);

- дар порталҳои махсуси ҳуқуқии шабакаи Интернет ҷойгир намудани дастур ва тафсирҳо оид ба қонунгузорӣ барои аҳолӣ. Дар сомонаҳои мақомоти давлатӣ, ба ғайр аз фасли алоқаи бозгашт, бояд фасли саволҳои мунтазам додашавандаро дошта бошанд, ки шаҳрванд ба саволи худ тавонад бе интизор шудани посух аз тарафи мақомоти давлатӣ, ҷавоб гирад;

- гузаронидани семинарҳо, курсҳои омӯзишии махсуси ройгон оид ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ. Усули мазкур маҷмӯи васеи ҳама гуна машварат, семинар, тренингҳоро дар бар мегирад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин бо воситаи шабакаи Интернет гузаронида мешаванд.

26. Нақши асосӣ дар амалигардонии сиёсати давлатӣ дар самти машварат ва ёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти адлия вогузор гардидааст, ки айни замон яке аз самтҳои фаъолияташ ба ин нигаронида шудааст.

27. Барои гурӯҳҳои мақсаднок, ки ниёз ба машварат ва ёрии ҳуқуқӣ доранд, таъсис додани марказҳое, ки ба онҳо ройгон хизмат мерасонанд зарур аст.

28. Дар доираи барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ (кӯдакистон, синфҳои ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва таълими калонсолон) дар тафаккури таълимгирандагон фаҳмиши ҳуқуқӣ бояд ташаккул дода шавад. Ба муассисаҳои таълимӣ на танҳо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ (ташкилотҳое, ки хизматрасонии ҳуқуқиро иҷро мекунанд) зарур аст, ташриф оранд.

29. Дар сатҳи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ интихоб ва ҷорӣ намудани фанҳое, ки дониш ва малакаро дар самти фарҳанги ҳуқуқӣ ва зиддикорупсионӣ ба таълимгирандагон ташаккул медиҳанд, мувофиқи мақсад мебошад. Дар чорчӯбаи корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ гузаронидани соатҳои тарбиявӣ, мизҳои мудаввар, тренингҳо, семинарҳо ва чорабиниҳои дигар оид ба фаҳмондадиҳии муқарароти қонунгузорӣ ва гирифтани ёрии ҳуқуқӣ зарур аст.

30. Дар факултетҳои ҳуқуқшиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис додани клиникаҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати пешниҳод намудани машварат ва ёрии ҳуқуқии ройгон.

31. Тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ - кӯшиши ба маълумоти ҳар як шаҳрванд расонидани сиёсати ҳуқуқии давлат дар шакли фаҳмо ва дастрас, ки барои ҳама якхел қабул ва фаҳмида шавад, то ки ӯ тавонад онро барои ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонуниаш истифода намояд.

32. Тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ бояд яке аз воситаҳои муҳими таъсирбахши мақсаднок ва ба таври оммавӣ баланд бардоштани таълиму тарбияи ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон гардад.

33. Ба роҳ мондани корҳои таблиғоти ҳуқуқӣ ба таври васеъ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон тавассути бунёди низоми муваффақ ва динамикии бо иттилоот мусаллаҳ, ки дар он субъект ва объекти идоракунӣ, функсияҳои онҳо, мақсадҳои асосӣ ва миёнамуҳлат, воситаҳои муносиби расидан ба онҳо возеҳ муайян мешаванд.

34. Тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ дар ташаккули миллати баландмаърифат воситаи калидӣ мебошад.

35. Таъминоти ҳуқуқӣ дар таъсирасонии ҳуқуқӣ ба муносибатҳои ҷамъиятӣ бо роҳи танзими меъёрии ҳуқуқӣ ифода меёбад.

36. Барои давлати муосир алоқаи бевосита ва мутақобила бо ҷомеа, институтҳои пурзӯр ва бонуфузи ғайридавлатии худидоракунии ҷамъиятӣ зарур аст. Дар ҷаҳони муосир давлати пешрафта бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ мекунад. Барои дарки вазъи мавҷудаи рушди ҷамъият муайян кардани сатҳи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар муҳим аст.

37. Таъсиси механизми ҷалби тамоми шаҳрвандон, манфиатдор будани онҳо дар раванди ташаккулёбӣ ва муҳокимаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст. Чунин тадбир дар тамоми марҳилаҳои таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо дар назар доштани мавқеъ ва пешниҳоди ҷомеа тавассути иттилоотонӣ ва гузаронидани муҳокимаи оммавӣ, ташкили муколамаи созанда байни давлат ва ҷомеа, ки ба ташкили назорати ҷамъиятӣ, таъмини шаффофият ва ошкоро будани фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ имконият медиҳанд.

38. Қобилияти шаҳрвандон оид ба истифода аз воситаҳои ҳуқуқӣ ба ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва ба қонун итоат намудан мусоидат менамояд. Чунин шуури ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки арзиши бунёдии қонун ҳамчун падидаи зарурӣ ва самараноки иҷтимоӣ баланд бардошта шавад. Ғайр аз ин он метавонад муносибати рафтории шаҳрвандонро ба куллӣ дигаргун созад, ки дар натиҷа дар мафкураи онҳо принсипҳои инсондӯстӣ, қонуният, баробарӣ, масъулият ва адолат боло мегиранд.

39. Муҳимияти механизмҳои ҳуқуқӣ ҳангоми ҳалли шаклҳои гуногуни низоъҳои ҳаётӣ меафзояд. Дар чунин маврид бояд нақши танзимкунандаи тартиби танзими тосудӣ, миёнаравӣ (медиатсия), инчунин шаклҳои гуногуни расмиёти созишӣ дар ҳаллу фасли баҳсҳои ҷамъиятӣ баланд бардошта шавад.

40. Оммавигардонии ҳалли то судии баҳсҳо сарбориро дар низоми судӣ коҳиш дода, ба афзоиши сатҳи қаноатмандии шаҳрвандон аз истифодаи намудҳои гуногуни механизмҳои созиш оварда мерасонад. Дар натиҷа сатҳи боварии шаҳрвандон ба давлат афзуда, ба мавқеъгирии онҳо ҳамчун шарики давлат таъсири мусбат мерасонад.

5. МАҚОМОТИ ҲАМОҲАНГСОЗ ВА ТАТБИҚКУНАНДАИ БАРНОМА

41. Барои амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои Барнома ва ҳалли мушкилиҳои мавҷуда дар самти таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, аз тарафи мақоми ҳамоҳангсоз ва татбиқкунандаи Барнома - Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 таъсис дода шудааст, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, воситаҳои ахбори омма, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва бахши хусусӣ ҷалб карда мешаванд.

42. Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Шӯро) нақши ҳамоҳангсозӣ, татбиқнамоӣ ва назоратиро иҷро менамояд.

43. Шӯро ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур вазифадор аст, ки:

- бо мақсади огоҳ будан аз мушкилиҳои соҳа бештар ҷаласаҳои сайёр баргузор намуда, ҳисоботҳои мутақобиларо мавриди муҳокима қарор диҳад ва вобаста ба он қарор қабул намуда, аз натиҷааш дар воситаҳои ахбори омма маводи дахлдор интишор намояд;

- оид ба тарзу усулҳои татбиқи ҳавасмандгардонии субъектони раванди таълиму тарбияи ҳуқуқӣ қарорҳои дахлдор қабул намояд;

- вобаста ба фаъол намудани кори воситаҳои ахбори омма бобати ҷорӣ намудани сарлавҳа (рубрика) ва гӯшаҳои ҳуқуқӣ дар телевизион, радио ва рӯзномаҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ, инчунин шабакаҳои интернетӣ тадбирҳо андешад;

- вобаста ба сари вақт, босифат ва мунтазам баргузории барномаҳои телевизионӣ, радио ва интишори мавод дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин шабакаҳои интернетӣ доир ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон чораандешӣ намояд;

- ташаккули низоми пай дар пайи ба аҳолӣ расонидани моҳият ва аҳамияти ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодии дар ҷумҳурӣ амалишаванда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшаванда ва дар тафаккури шаҳрвандон мустаҳкам намудани ғояҳои ҳаётӣ "таҳкими рӯҳияи эҳтиром ба қонунгарави эъмори давлати ҳуқуқбунёд";

- баланд бардоштани шуур ва маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа, пеш аз ҳама диққати махсус додан ба амалигардонии корҳои таълиму тарбияи бонизом ва пайваста, таҳкими амиқи шуур ва маърифати ҳуқуқӣ дар тамоми табақаҳои аҳолӣ, оғоз аз низоми таҳсилоти томактабӣ, тарғиби васеи ақидаи нигоҳдошти тавозуни манфиати шахсӣ ва ҷамъиятӣ;

- ба сифати яке аз вазифаҳои афзалиятноки мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо баргузор намудани чорабиниҳои бонизоми васеи тарғиби ҳуқуқӣ дар заминаи ақидаи консептуалии "Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ - кафолати рушди кишвар".

44. Дар оғози давраи тарбияи ҳуқуқӣ, таҳаввулот ва систематикунонии фаҳмидани қоидаҳои рафтори инсон дар ҷомеа, донишу малакаи ибтидоии ҳуқуқӣ бояд рушд ёбад. Дар робита бо ин таълими онҳо тибқи шаклҳои мухталифи таълими маънавӣ ва ҳуқуқии дар муассисаҳои таълимӣ бо дар назар доштани имкониятҳои синну соли таълимгирандагон, мантиқи фаҳмидани хусусиятҳои танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шахс ба роҳ монда шавад.

45. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки барномаҳои таълиму тарбияро барои муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ), ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ таҳия намояд, ки қисмати таълимӣ-маънавӣ ва ҳуқуқиро дар бар гирад, аз ҷумла:

- дар муассисаҳои томактабӣ ба кӯдакон "алифбо"-и меъёрҳои иҷтимоиро бо дар назар доштани он ки принсипҳои асосии қонун ба категорияҳои ахлоқӣ алоқаманд аст, таълим диҳад;

- мантиқи назарраси маводи ҳуқуқиро бо маводи дарсӣ "Асосҳои ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ" барои синфҳои 1-4 муайян намояд;

- дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ (синфҳои 5-9), муассисаҳои махсусгардонидашуда таълими ҳуқуқ ва омӯзиши он ба роҳ монда шавад;

- дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 10-11) бо мақсади бедор намудани рағбати таълимгирандагон ба роҳ мондани маҳфилҳои илмии хонандагон, конфронсҳо, олимпиадаҳо, мусобиқаҳои ҳуқуқӣ ва ҳавасмандии ғолибони он дар шакли моддӣ таҳти унвони "Беҳтарин хонандаи ҳуқуқдон" пешбинӣ карда шавад;

- дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, новобаста аз ихтисос ва шакли таълим ба донишҷӯён омӯзиши предмети соҳаи ҳуқуқ тақвият дода шавад;

- ҳамасола гузаронидани озмуни "Беҳтарин омӯзгор - ҳуқуқшинос" дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, миёнаи умумӣ ва олии касбӣ бо ҳавасмандгардонии моддӣ ба роҳ монда шавад;

- масъалаи тарбияи фарҳанги ҳуқуқӣ, муайян кардани роҳҳои ташаккулёфта ва таҳкими минбаъдаи он бояд самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмӣ-ҳуқуқӣ ҳисобида шуда, ба алоқамандии фарҳанги умумӣ ва ҳуқуқии шахс, инчунин фарҳанги ҳуқуқӣ ва рафтори ҳуқуқӣ аҳамияти махсус дода шавад;

- барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо иштироки мақомоти давлатии дахлдор методологияи асосиро барои таълими ҳуқуқии ҷавонон таҳия намояд.

46. Вазорати маориф ва илм, ки дар таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ мавқеи меҳвариро ишғол менамояд, бояд ҷиҳати амалӣ намудани корҳои тарғиботӣ, ташвиқотӣ-ҳуқуқӣ бо дар назар доштани тақвияти шуури насли наврас дар онҳо талқин намудани моҳияти ҳуқуқу уҳдадорӣ, ростқавлӣ, некбинӣ, меъёрҳои этикӣ, арзишҳои миллӣ (дин, фарҳанг, таърих), ватандӯстӣ ва ҳисси ифтихори арзишҳои миллӣ, масъулияти назаррас дошта бошад.

47. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар телевизиону радио ва воситаҳои дигари ахбори омма ҳамчун манбаи асосии иттилоот ба аҳолӣ бояд барномаҳои махсус дар мавзӯи таълиму тарбияи ҳуқуқӣ ташкил намоянд.

48. Дар як вақт бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пахши барномаҳои телевизион, радио ва нашри рузномаю маҷаллаҳоро ба таври доимӣ ба роҳ монанд.

49. Воситаҳои ахбори омма бо дар назар доштани минбари васеи таъсиррасониву иттилоотӣ ва омӯзишӣ - фарҳангӣ доштани худ бояд мавзӯъҳои ҳуқуқиро бештар бо ҷалби ҳуқуқшиносон ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҳуқуқии шаҳрвандон инъикос намоянд.

50. Инчунин воситаҳои ахбори оммаро зарур аст, ки маълумотро дар бораи масъалаҳои ҳуқуқие пешниҳод намоянд, ки он диққати ҷамъиятро ба худ ҷалб намуда, имконияти ҳалли масъалаҳои ҳуқуқиро муҳайё созад.

51. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пурзӯр намудани нақши воситаҳои ахбори омма дар таъмини иттилооти ҳуқуқӣ, аз татбиқи васеи усулҳои иноватсионии ташвиқоти ҳуқуқӣ, аз он ҷумла такмили истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ истифода баранд.

52. Дар ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва саводнокии ҳуқуқии насли наврас нақши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони мақомоти дигари давлатӣ басо муҳим мебошад. Бо ин мақсад вохӯриҳо бо аҳолӣ, алалхусус бо гурӯҳҳои осебпазир (ноболиғон, маъюбон, нафақахӯрон, муҳоҷирон ва дигарон), донишҷӯён дар мавзӯъҳои мухталифи ҳуқуқӣ бо истифода аз слайдҳо, видеоклипҳо ва усулҳои дигари ба наслҳои ҷавон нигаронидашуда бояд бештар ба роҳ монда шавад.

53. Гузаронидани чунин чорабиниҳо бевосита аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони мақомоти дигари давлатӣ зарур буда, дар як вақт он таъсири нисбатан мусбӣ дорад, зеро танҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони мақомоти дигари давлатӣ метавонанд батафсил ба саволҳои дар раванди баргузории чорабинӣ пайдошуда посух дода, корҳои фаҳмондадиҳиро дар самтҳои дахлдор боз ҳам беҳтар баргузор намоянд.

54. Бинобар ин барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, афзун намудани эътимод ва боварии мардум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дигари давлатӣ, беҳтар гардонидани ақидаи шаҳрвандон нисбат ба фаъолияти онҳо андешидани чораҳои зерин аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони мақомоти дигари давлатӣ мувофиқи мақсад аст:

- афзалият додан ба чорабиниҳо дар самти пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни аҳолӣ, хусусан байни ноболиғон ва ҷавонон;

- баланд бардоштани сатҳи ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, аз ҷумла дар соҳаи муқовимат ба экстремизм, терроризм, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ, ки хусусияти фаромиллӣ касб кардаанд;

- коркарди роҳҳои коммуникатсионӣ оид ба гирифтани иттилооти зарурӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дигари давлатӣ вобаста ба ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон;

- дар шуури ҷомеа ташаккул додани симои иҷтимоии куллан нави корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз амалҳои коррупсионӣ холӣ буда, ҳадафаш мусоидат намудан ба шаҳрвандон дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо мебошад;

- мунтазам баланд бардоштани фарҳанги муоширати корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолӣ;

- таъмини дастрасии васеи рӯзномаю маҷаллаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дигари давлатӣ ба аҳолӣ, ки дар онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда ва маводи дигари огоҳкунанда вобаста ба пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ҷой дода шудаанд;

- таҳияи видеофилмҳо оид ба мавзӯъҳои ҳуқуқӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, ки ба шарҳи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар нигаронида шудааст;

- ба таври васеъ ва мунтазам гузаронидани мизҳои мудаввар, конфронсҳо ва семинарҳо дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ.

55. Мақомоти судӣ:

- ба таври доимӣ гузаронидани чорабиниҳои гуногуни ҳуқуқиро дар байни аҳолӣ бо иштироки бевоситаи судяҳо, кормандони дастгоҳи суд дар пешбурди фаъолияти тарғиботу ташвиқоти ҳуқуқӣ, инчунин гузаронидани вохӯриҳо бо коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқие, ки муносибатҳои хусусияти гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, манзилӣ ва дигар самтҳоро доранд, ба роҳ монад;

- ҷиҳати бештар намудани шумораи мурофиаи сайёри судӣ ва самаранокии онҳо чораҳои зарурӣ андешад;

- вобаста ба тақвият бахшидан ба фаъолияти судҳои ҳакамӣ ва ҳалли баҳсҳои тосудӣ (медиатсия) бо ҷалби бештари шумораи аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монад;

- тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаи интернетӣ ба маълумоти аҳолии кишвар расонидани санадҳои судӣ;

- тақвият бахшидан ба барномаҳои телевизионии махсус дар мавзӯъҳои баррасишудаи парвандаҳои судӣ.

56. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ корҳоро оид ба баланд бардоштани шуур ва фарҳанги ҳуқуқӣ, бо низом ва дар иртибот бо принсипи "шахсият-оила-маҳалла-муассисаи таълимӣ-ташкилот-ҷамъият" ташкил намоянд.

57. Мақомоти ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо мақсади таъмини самаранок ва саривақтии вазифаҳои дар Барнома пешбинишуда корҳои зеринро бояд анҷом диҳанд:

- ҳамкории зичро бо сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар маҳал дар самти таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ба роҳ монанд;

- пахши барномаҳои махсусро тариқи телевизион ва радиои маҳаллӣ доир ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон таъмин намоянд;

- самтҳои афзалиятнокро оид ба баланд бардоштани таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста ба тақозои вазъи мавҷуда муайян намоянд;

- дастрасии аҳолиро ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қабул карда мешаванд, тариқи нашри онҳо дар рӯзномаҳои маҳаллӣ, инчунин дар сомонаи расмӣ таъмин намоянд;

- ба маълумоти аҳолӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав қабулгардидаро расонанд, татбиқ ва натиҷагирии онҳоро таъмин намоянд;

- ба нашрияҳои расмии интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзномаҳои "Ҷумҳурият", "Садои мардум") обуна шуда, нусхаҳои назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро пеш баранд;

- ҳамасола гузаронидани озмунҳои "Беҳтарин ҳуқуқдон" дар маҳал бо ҳавасмандгардонии моддӣ ба роҳ монда шавад;

- бо иштироки доираи васеи аҳолӣ вохӯриҳо ва машваратҳо оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор намоянд;

- ба кори шӯроҳои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар маҳал тақвият бахшанд.

58. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ яке аз институтҳои муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон буда, ба ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини иштироки фаъоли аҳолӣ дар ҳаёти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳиссагузор бошанд. Аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба фаъолияти тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда бояд диққати махсус дода, ҷиҳати таҳия ва пешниҳод намудани барномаҳои махсус барои гирифтани грантҳо бо мақсади пешгирӣ намудани омилҳои номатлуб дар байни кӯдакон ва ҷавонон бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҳамкории зичро ба роҳ монанд. Дар ин раванд барномаҳои махсус дар телевизиону радио ва воситаҳои дигари ахбори омма ташкил намоянд. Ин ҳамкорӣ ба такмили усулҳои кор ва иштироки аҳли ҷомеа ба рушди ҷомеаи босубот, ваҳдату созандагӣ, худшиносии ҳуқуқӣ, пойдории оилаи устувор, муносибату ҳамкории аҳолӣ бо мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ таъсири мусбат мерасонад.

6. ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ ДАР СОҲАИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН

59. Бинобар гузаштан ба муносибатҳои нави иқтисодӣ, низоми таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бояд чораҳои ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавиро дар бар гирад.

60. Чунин ҳавасмандгардонӣ бояд мутақобила бошад, яъне ҳавасмандгардонии ҳам шаҳрвандон оид ба азхуд намудани донишҳои ҳуқуқӣ, риояи бечуну чарои қонунҳо, рафтори эҳтиромона ба ҳуқуқ ва ҳавасмандгардонии шахсоне, ки барои паҳн намудани донишҳои ҳуқуқӣ, андешидани чораҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ муваззаф шудаанд, зарур аст.

61. Ҳавасмандгардонӣ бо тарзу усулҳои зерин амалӣ шуда метавонад:

- стипендияҳо, мукофотҳои пулӣ, подошпулӣ, мукофотҳо (туҳфаҳо);

- ифтихорномаҳо, унвонҳои фахрӣ, нишонҳои сарисинагӣ, ҷомҳо ва ҳайкалчаҳои рамзӣ.

62. Тарзу усулҳои номбаршуда метавонанд дар ҳамбастагӣ низ амалӣ карда шаванд ва нисбати ҳарду тарафи раванди таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон татбиқ гарданд.

63. Тарзу усулҳои ҳавасмандгардониро бо роҳҳои ташкил намудани озмунҳо, олимпиадаҳо, бозиҳои шавқовар, ки метавонанд ҳам ба таври воқеӣ ва виртуалӣ баргузор шаванд ва инчунин тариқи барномаҳои радиоиву телевизионӣ, таъсис додани мукофотҳо амалӣ кардан имконпазир аст.

64. Аз ҳамин лиҳоз мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва инчунин дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилю ҳуқуқӣ ва шакли моликияташон, метавонанд маблағҳои муайянеро барои ҳавасмандгардонӣ дар соҳаи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дошта бошанд. Маблағҳои зикргардида аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла буҷети давлатӣ, суратҳисоби махсус ва сарчашмаҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташаккул ёфта метавонанд.

7. САРЧАШМАИ МАБЛАҒГУЗОРӢ

65. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барнома аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинигардида, маблағҳои махсус ва манбаъҳои дигари ғайрибуҷетӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ гардонида мешавад.

66. Ҳаҷми маблағгузорӣ барои амалисозии Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра муайян карда мешавад.

67. Маблағгузории чорабиниҳои дар Барнома пешбинигардида дар самти ҳавасмандгардонии кормандони мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандоне, ки ғолиби озмунҳо мегарданд, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, суратҳисоби махсус ва манбаъҳои дигари ғайрибуҷетӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

68. Амалигардонии сиёсати давлатӣ дар самти таълиму тарбияи шаҳрвандон, ғайр аз маблағгузории давлатӣ бояд сарчашмаҳои дигари имконпазири маблағгузориро пешбинӣ намояд. Аз ин нуқтаи назар дарёфти сарчашмаи иловагии маблағгузорӣ метавонад самарабахш бошад. Хусусан ширкатҳое, ки хизматрасонии ҳуқуқӣ ва консалтингиро амалӣ менамоянд, коллегияҳо, бюроҳо ва ассотсиатсияҳо метавонанд мустақилона семинарҳо ё тренингҳоро оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ барои аҳолӣ ё ҷавонони таҳсилгиранда ташкил намоянд, воситаҳои ахбори оммаро барои ташкили репортаж ё сюжетҳои махсус, ки ба баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии аҳолӣ равона шудааст, таъмин намоянд.

69. Бо мақсади ҳавасмандгардонии ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва субъектони соҳибкорӣ барои иштирок дар чорабиниҳои таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳия намудани рейтинги махсус, ки сатҳи ҷалби чунин ташкилотҳоро ба барномаҳои таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон инъикос намояд, зарур аст. Рейтинг метавонад инъикоскунандаи эътибори баланди субъектони таълиму тарбияи ҳуқуқӣ дар байни ҷомеа ва давлат шавад. Дар навбати худ доштани рейтинги баланд иштироки ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва субъектони соҳибкориро дар маблағгузории давлатӣ дар самтҳои дигар низ кафолат диҳад.

8. ИНТИЗОРӢ АЗ НАТИҶАҲО

70. Амалисозии Барнома оммавигардонии ҳуқуқи инсонро таъмин намуда, ба эҳтироми қонун, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ки дар ниҳоят сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, ки бо рафтори қонунӣ ва фаъолияти шаҳрвандӣ фарқ мекунанд, мусоидат хоҳад кард.

71. Ҳамзамон ин ба таҳкими ҳамкории ҳамаҷонибаи байнисоҳавӣ, рушди шарикӣ байни мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва тиҷоратӣ, инчунин ба роҳ мондани сиёсати қавии коммуникатсионӣ, ки арзишҳои фарҳанги ҳуқуқиро дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ тарғиб менамояд, мусоидат мекунад.

72. Дар ниҳоят амалисозии Барнома ба инҳо мусоидат менамояд:

- тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ ва рушди фарҳанги ҳуқуқӣ;

- васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ;

- бартараф кардани ҳеҷангории (нигилизми) ҳуқуқӣ ва қолабрезиҳои рафтори зиддиҳуқуқӣ ҳамчун яке аз зинаҳои калидии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо;

- иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар раванди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ;

- баланд бардоштани нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат дар пешбурди тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ;

- таъмини ҳамкории давлат бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳолӣ дар масъалаҳои рушди фарҳанг ва маърифати ҳуқуқӣ, мусоидат ба рушди донишҳои ҳуқуқӣ;

- паст кардани сатҳи хуқуқвайронкунӣ дар байни аҳолӣ, алалхусус ноболиғон;

- эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, ҳисси баланди ватандӯстӣ, инчунин муносибати эҳтиромона ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ.

 

Замимаи 2

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 27 ноября 2019 года, №599

*Программа правового обучения и воспитания граждан Республики Таджикистан на 2020-2030 годы