Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2019 № 605 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 451"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 451

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 451 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

1. Дар замимаи 1 "Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд":

- дар банди 18 пас аз калимаҳои "бистарӣ будан" ва "сӯхтор" мувофиқан калимаҳои ", дар давраи рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд" ва "ва офатҳои табиӣ" илова карда шаванд;

- дар банди 26, зербанди б) банди 28 ва банди 29 рақам ва калимаҳои "500 ҳазор сомонӣ" ба калимаҳои "як миллион сомонӣ" иваз карда шаванд.

2. Ба замимаи 2 "Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродие, ки дар асоси патент амалӣ карда мешаванд, инчунин андозаҳои пардохт барои патент" банди 50 дар таҳрири зерин илова карда шавад:

*Ҷадвал

3. Дар замимаи 3 "Коэффисиентҳои минтақавӣ, ки андозаҳои пардохтро барои патент дар қаламрави шаҳру ноҳияҳо танзим менамоянд" калимаҳои "Қӯрғонтеппа", "Бохтар" ва "Сарбанд" мувофиқан ба калимаҳои "Бохтар", "Кӯшониён" ва "Левакант" иваз карда шаванд.

4. Дар замимаи 4 "Номгӯи намудҳои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона, ки фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонӣ вобаста ба онҳо аз пардохти ҳамаи намудҳон андоз озод мебошанд":

- дар номи замима калимаи "фаъолият" ба калимаҳои "фаъолияти соҳибкории инфиродӣ") иваз карда шавад;

- эзоҳ дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Эзоҳ: 1. Соҳибкорони аз рӯи номгӯи мазкур фаъолияткунанда уҳдадоранд оид ба истеҳсол, фурӯш ва хизматрасонӣ аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти сол ба мақомоти омори маҳалли фаъолият тибқи талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи омор ҳисобот пешниҳод намоянд.

2. Фурӯш (иҷрои кор, хизматрасонӣ), аз ҷумла хизматрасониҳои таъмиру омӯзишӣ вобаста ба намудҳои фаъолияте, ки дар номгӯи мазкур пешбинӣ шудаанд, ба шарте аз пардохти ҳамаи намуди андозҳо озод карда мешаванд, ки агар ин фаъолият дар хона ё ҷойҳои ҷудокардашудаи махсус анҷом ёфта бошад.

3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷойҳои махсусро барои фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонӣ муайян намоянд.".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 ноябри соли 2019 № 605

ш.Душанбе