Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара"
Мутобиқи моддаҳои 55 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара"-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии марбут ба муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара"-ро дар доираи маблағҳои пешбинишуда ҳал намояд.
3. Шумораи ниҳоии кормандони муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара" 155 воҳиди корӣ муқаррар карда шуда, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда шаванд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол тибқи тартиби муқарраргардида барои пешбурди фаъолияти босамари муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара" дар буҷети давлатӣ маблағҳои зарурӣ пешбинӣ намояд.
5. Ба Номгӯи муассисаву ташкилотҳои системаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604 "Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати шастусеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара"".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 25 ноябри соли 2019 № 583
ш. Душанбе