Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2019 № 502 "Дар бораи Тартиби хариди маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби хариди маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмин намудани сифат ва бехатарии ғизои мактабӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби хариди маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мақомоти давлатӣ ва ташкилоту корхонаҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, хариди маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабиро барои эҳтиёҷоти давлатии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тибқи тартиби мазкур амалӣ намоянд.

3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дараҷаи ғизонокии маҳсулоти ғизоӣ, ҷойгиршавии ҷуғрофии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, синну соли мактаббачагон ва меъёри шабонарӯзии истеъмоли ғизо барои кӯдакони синни мактабӣ таомномаи ягонаро барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар муддати як моҳ таҳия ва тасдиқ намоянд.

4. Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи дурусти тартиби мазкур зимни хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои эхтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тадбирҳои амалӣ андешад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 7 октябри соли 2019 № 502

ш.Душанбе