×

Тартиби хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 7 октябри соли 2019 № 502

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 октябри соли 2019, № 502

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 октябри соли 2019, № 502

тасдиқ шудааст

Тартиби хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (минбаъд - Тартиб) расмиёти хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасониҳоро ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои таъмини эҳтиёҷоти давлатии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, бо усулҳои муайяннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" ба танзим дароварда, талаботи ягонаро ҷиҳати баргузор намудани чораҳои марбут ба бозоромӯзӣ, таҳияи супориши техникӣ барои хариди маҳсулоти ғизоӣ, банду баст, таҳвил, қабул ва нигоҳдории он, инчунин хариди хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ ва талаботи тахассусиро нисбати молрасонон ва хизматрасонон муқаррар менамояд.

2. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ

2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- хариди давлатӣ - аз ҷониби ташкилоти харидор бо усулҳои муайяннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" ба даст овардани мол, кор ва хизматрасонӣ, ки пурра ё қисман аз ҳисоби маблағи давлатӣ маблағгузорӣ мегардад;

- маблағи давлатӣ - барои мақсадҳои Тартиби мазкур зери мафҳуми маблағи давлатӣ ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, ки ба хариди маҳсулоти ғизоӣ ва ё хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ равона карда мешаванд, фаҳмида мешавад;

- ташкилоти харидор - муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ, мақомоти давлатӣ, ташкилот ва корхонаҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ маҳсулоти ғизоӣ ва ё хизматрасониҳоро ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ харидорӣ менамоянд;

- маблағи тахминии харид - маблағи дар натиҷаи бозоромӯзӣ муайяннамудаи ташкилоти харидор, ки дар доираи. он озмуни хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ ва ё озмуни хариди давлатии хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ баргузор мегардад;

- молрасон - ҳама гуна шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродие, ки аз рӯи натиҷаи озмуни хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ, ки тибқи Тартиби мазкур баргузор шудааст, барои таҳвили маҳсулоти ғизоӣ ба муассисаи таҳсилоти умумии давлатӣ, бо ташкилоти харидор вориди робитаи шартномавӣ мегардад;

...

Утвержден

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 7 октября 2019 года, №502

Утвержден

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 7 октября 2019 года, №502

Порядок государственных закупок продуктов питания и услуг для организации школьного питания для нужд общеобразовательных учреждений

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок государственных закупок продуктов питания и услуг для организации школьного питания для нужд общеобразовательных учреждений (далее - Порядок) регулирует процедуры государственных закупок продуктов питания и услуг для организации школьного питания для обеспечения государственных нужд общеобразовательных учреждений, финансируемых за счет государственных средств, методами, определенными Законом Республики Таджикистан "О государственных закупках товаров, работ и услуг" и определяет единые требования для осуществления мер по анализу рынка, подготовке технических заданий для закупки продуктов питания, их упаковке, перевозке и хранении, а также к закупкам услуг для организации школьного питания и квалификационные требования к поставщикам и подрядчикам.

2. ОСНОВНЫЕ ПОНЯТИЯ

2. В настоящем Порядке применяются следующие основные понятия:

-государственные закупки - приобретение закупающей организацией методами, определенными Законом Республики Таджикистан "О государственных закупках товаров, работ и услуг", товаров, работ и услуг, полностью или частично финансируемых за счет государственных средств;

-государственные средства - в целях настоящего Порядка под понятием государственные средства понимаются все источники финансирования, направляемые на закупку продуктов питания и/или услуг для организации школьного питания для нужд государственных общеобразовательных учреждений;

-закупающая организация - государственные общеобразовательные учреждения, государственные органы, организации и предприятия, которое за счет государственных средств закупают продукты питания и/или услуги для организации школьного питания для нужд государственных общеобразовательных учреждений;

- ориентировочная сумма закупки - сумма, определенная закупающей организацией по результатам анализа рынка, в рамках которой будет организован тендер на закупку продуктов питания и/или услуг для организации школьного питания для нужд государственных общеобразовательных учреждений;

- поставщик - любое юридическое лицо или индивидуальный предприниматель, признанный победителем по результатам тендера, проведенного в соответствии с настоящим Порядком, который вступает в договорные отношения на поставку продуктов питания с закупающей организацией;

...