Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2019 № 491 "Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Нигоҳдории нақбҳо, шабакаи равшанидиҳӣ ва иншооти чароғакҳои роҳнамо дар роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Нигоҳдории нақбҳо ва шабакаи равшанидиҳӣ"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.11.2021, №503)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.11.2021, №503)

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади рушди соҳаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва беҳтар намудани истифодабарии иқтидорҳои техникии азнавбунёдгардидаи соҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Нигоҳдории нақбҳо ва шабакаи равшанидиҳӣ" бо мақсади идоракунии нақбҳои автомобилгарди вуҷуддошта, шабакаҳои навбунёди равшанидиҳӣ ва чароғакҳои роҳнамо дар роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта таъсис дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.11.2021, №503).

2. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи давлатии "Нигоҳдории нақбҳо ва шабакаи равшанидиҳӣ"-ро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.11.2021, №503).

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории фаъолияти муассисаи давлатии "Нигоҳдории нақбҳо ва шабакаи равшанидиҳӣ"-ро аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии барои соҳа пешбинишуда ҳаллу фасл намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.11.2021, №503).

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 4 октябри соли 2019 № 491

ш.Душанбе

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Нигоҳдории нақбҳо, шабакаи равшанидиҳӣ ва иншооти чароғакҳои роҳнамо дар роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта"

 

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади рушди соҳаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва беҳтар намудани истифодабарии иқтидорҳои техникии азнавбунёдгардидаи соҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Нигоҳдории нақбҳо, шабакаи равшанидиҳӣ ва иншооти чароғакҳои роҳнамо дар роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта" бо мақсади идоракунии нақбҳои автомобилгарди вуҷуддошта, шабакаҳои навбунёди равшанидиҳӣ ва чароғакҳои роҳнамо дар роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта таъсис дода шавад.

2. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи давлатии "Нигоҳдории нақбҳо, шабакаи равшанидиҳӣ ва иншооти чароғакҳои роҳнамо дар роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта"-ро тибқи қонунгузорип Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намоянд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории фаъолияти муассисаи давлатии "Нигоҳдории нақбҳо, шабакаи равшанидиҳӣ ва иншооти чароғакҳои роҳнамо дар роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта"-ро аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии барои соҳа пешбинишуда ҳаллу фасл намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 4 октябри соли 2019 № 491

ш.Душанбе